"ҚУРЪОН" ВА "ШОҲНОМА". БАҲСИ МИРЗОЁН БО ДОНИШҶӮЁН
Бархе изҳори назарҳои донишманди тоҷик Зафар Мирзоён дар бораи Ислом ва арзишҳои миллӣ, дар маҳофил сарусадои зиёде ба по кардааст. Нашрияи «Имрӯз Нюс» аз ҷумла навишт, ки Зафари Мирзоён дар маҳфили «Зеҳн», дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки байтҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро аз оятҳои «Қуръон» болотар медонад.
Ӯ ҳамчунин дар бораи забони арабӣ ва хулафое, чун Ҳорунуррашид ва Маъмун низ бад гуфтааст. Зафари Мирзоён дар ин мулоқот сатри Фирдавсиро, ки мегӯяд: «ба номи Худованди ҷону хирад», беҳтарин тарҷумаи «Бисмиллоҳи раҳмонирраҳим» ба форсӣ номида, гуфтааст, шояд рӯзе биояд, ки мардуми тоҷик дигарбора дуову намози худро ба тоҷикӣ адо кунанд, на ба арабӣ.
«Имрӯз Нюс» менависад, чунин назарҳои донишманд ба интиқоди аҳли толор рӯбарӯ шуд ва як донишҷӯ ҳатто аз ҷо баланд шуда, Мирзоёнро ба таҳқири Ислом айбдор кард. Ба навиштаи муаллифи мақола Томирис, нишасте ки мавзӯъаш «Худшиносӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» буд, дар амал ба як баҳси дигари беҳудаи Ислом ва масоили диниву миллӣ табдил ёфт.
Назири Нусрат, аз кормандони масъули «Имрӯз Нюс», ки ин матлабро барои нашр омода кардааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ба дунболи ин мақола аз як масъули донишгоҳ, вале бо номи мустаор посухе ҳам ба дасти онҳо расид, ки вуҷуди чунин баҳси тунд дар мулоқот бо Зафари Мирзоёнро тасдиқ мекунад, вале худсафедкунӣ ҳам дорад, ки ҳадафи мақомоти донишгоҳ ташкили баҳси масоили динӣ набуд…
Аммо Зафари Мирзоён мегӯяд, ҳадафи ӯ аз ин сӯҳбатҳо санги маломату таъна андохтан ба сӯи Ислом ва ба ҳеҷ ваҷҳ таҳқири ин дини муқаддас ва пайравонаш набуд. Балки ӯ мехост таваҷҷӯҳи аҳли маҳфилро ба зарурати истифода аз рисолати Ислом дар ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ ҷалб кунад.
Ба ақидаи оқои Мирзоён, таассуби беш аз ҳадд ва хондани кам боиси чунин сӯъитафоҳум ва бардошти ғалат аз сӯҳбатҳои ӯ шуд, вагарна ӯ бо иқтибос аз оёти «Қуръонӣ» ва байтҳои «Шоҳнома» мехост нишон диҳад, ки Фирдавсӣ чигуна ин оётро дар либоси хушранги шеър ба қалам додааст ва «Шоҳнома» дар асл ҳамон «Қуръон»-и мардуми форсизабон аст.
Ӯ мегӯяд, фармудаҳои Ислом бо забони тоҷикии ба мардум фаҳмотар, метавонад дар зеҳни мардум хубтар ҷо шавад, то бо забони арабии барои аксар нофаҳмо.
Зафари Мирзоён мегӯяд, таъкиди дигари ӯ ба зарурати ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва фаромӯш накардани таърихи то Исломи мардуми тоҷик буд ва ҳам ба зарурати миллӣ кардани Ислом дар шароити имрӯзаи ҷомиаи Тоҷикистон ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ дар муқобили таҳоҷуми фарҳангҳои бегона.
Мирзои Салимпур, «Озодӣ»