14:55:45 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Май 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-3

ХУЛОСА:

Ба шарафи тобеъин мушарраф гардидани Имоми Аъзам ба имомони дигар шаҳрҳо муяссар нагардида аст. 

Инчунин Имоми Аъзам бо уламои изоми аср ба монанди Имом Авзоъу дар шом, Имом Молик дар Мадинаи мунаввара, Имом Ҳаммод дар Басра. Сӯфиёни Саврӣ дар Кӯфа, Лайс ибни Саъд дар Миср сӯҳбатҳо доштааст. Дар ҳаққи тобеъин дар ояи карима овардаанд: Қавлуҳӯ таъоло: «Ва-л-лазина табаъуҳум би иҳсонин разияллоҳу анҳум ва разув анҳу ва аъаддалаҳум ҷаннотин таҷрий мин таҳтиҳал анҳору холидина фиҳо абадан золика-л-фавзу-л-азим». Бар ҳанафиён сазовори шукр аст, ки ҳазрати Имоми Аъзам аз тобеъин мебошанд.

ДАР БАЁНИ УСТОЗОНИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Аз Имом Абӯҳафси Кабир ривоят кардаанд, ки гуфт: «Имоми Аъзам дар хизмати чаҳор ҳазор устод будааст». Баъзе нависандагони маноқиб овардаанд, ки фақат аз тобеъин чаҳор ҳазор устод дошт. Дориқутӣ овардааст, ки устодони Имом Абӯҳанифа Лайс ибни Саъд ва Имоми Дорулхуҷра Молик ибни Абӯмуҳаммад ал-Айнӣ мебошад, аммо охирин устоди машҳури эшон Имом Ҳаммод аст.

«Раҳмату-л-лоҳи ъалайҳим аҷмаъин фа-аннаҳум устоду аҳли-л-ислом ва мулозу-д-дин».

(Раҳмати Аллоҳ бар онҳо бод, ки онон устози аҳли ислом ва динанд).

ДАР БАЁНИ ШОГИРДОНЕ, КИ АЗ ИМОМИ АЪЗАМ 
ҲАДИС ВА ФИҚҲ ОМӮХТААНД

Ҳазрати Имоми Аъзам шогирдони зиёде доштаанд, ки аз ҳисоб берун аст. Сабаби ин дар он аст, ки Имоми Аъзам аз самими қалб бо равшанӣ ва пуррагӣ масоилро ба шогирдон дарс мегуфтаанд. Ва барои тараққии илм хоҳ фақиру хоҳ ғанӣ ҳиммати холисона сарф мекарданд. Ҷамъи аимма бар онанд, ки ҳеҷ устози машҳурро монанди Имоми Аъзам шогирдони зиёд насиб нагашта буд.

Дар тавсири аҳодиси муштаҳиба, масоили оёту аҳодис ва дар аҳком аз Имоми Аъзам ва шогирдони эшон аҳли уламову марду манфиатҳои бисёре ҳосил намудаанд. Китоби «Маноқиб»-и Имоми Аъзамро баъзе аҳли ҳадис мутаахиррин ба номи 800 шогирди эшон таҳрир кардаанд, ки баёни он дар ин рисола аз имкон берун аст. Бинобар бо овардани камтар иқтибос қаноат карда шуд.

ДАР БАЁНИ АВВАЛИ ҲОЛИ ИМОМИ АЪЗАМ

Овардаанд, ки Имоми Аъзам дар овони ҷавонӣ ба савдо машғул будаанд. Рӯзе гузари ҳазрати Имоми Шаъбӣ ба бозор афтод, дид ҷавоне бо фазлу камол ва файз аз ӯ ҳувайдо ва нури илму ҷалол пайдо, машғули савдо. Пурсид: «Ин ҷавон фарзанди кист?», Бозориён гуфтанд: «Фарзанди Собит, номаш Нӯъмон аст». Имом Шаъбӣ бо хитоб гуфт: «Эй Нӯъмон ибни Собит, бишитоб ба сӯҳбати уламо ва таҳсили илм, ки ҷои ту он ҷост! Дар муддати мадиде олими бузург ва ориф хоҳӣ гашт!»

Хитоби Имоми Шаъбӣ ба Нӯъмон ибни Собит таъсири аҷибе бар ҷой гузошт ва ночор савдоро тарк намуда дар роҳи илм қадам ниҳод. Рӯзу шаб сайъю кӯшиш ба харҷ дода, аввал ба омӯзиши илми калом пардохт ва дар ин соҳа мумтози замон ва машҳури ҷаҳон гашт. Барои баҳсу мунозира дар Басра, ки зиёда аз 20 фирқа-мавҷуд буд, мешуд ва гоҳе то як сол иқомат аст. Дар охир ҳис намуд, гарчанде асҳобу тобеъин дар илми калом мумтозанд, аз машғул шудан ба илми калом манъ менамоянд ва худ ҳамеша дар таълими аҳкоми шаръ ва фиқҳ ҳастанд. 

Баъд аз ин аз илми калом дурӣ ҷуста, ба дарси Имоми Ҳаммод наздикӣ меҷӯяд. Рӯзе дар ҳалқаи дарси Имоми Ҳаммод буд, ки ногоҳ зане аз ӯ пурсон мешавад, ки шавҳаре мехоҳад зани хешро аз тариқи суннат талоқ бидиҳад. Чӣ гӯяд, ки талоқи суннат бошад? Нӯъмони ибни Собит ишора ба Имоми Ҳаммод менамояд ва мегӯяд, ки ҷавоби саволи худро аз эшон бипурс. Он зан ба саволи хеш аз Имом Ҳаммод ҷавоби мувафиқ гирифт ва равона шуд. 

Баъди ин воқеъа Нӯъмон ибни Собит аз илми калом баргашта ба ҳалқаи дарси Имом Ҳаммод дохил мешавад ва дар муддати кӯтоҳе байни шогирдон бо зеҳни қавию заковати ғанӣ мавриди эҳтироми онон мегардад. Рӯзе ба худ болидаву дағ-дағаи: нафс ғолиб гашта хаёли дарс гуфтан аз хотири мубораки эшон гузашт. Як пагоҳӣ дар ҳамин фикру хаёл буд, ки хабари вафоти яке аз хешвандони эшон расид, азбаски ғайр аз эшон дигар меросхӯр набуд, ночор аз устод русхат пурсида равона шуданд. 

Мардуми он шаҳр аз эшон дар бораи 60 масъала савол карданд ва эшон ҷавоб гуфтанд. Баъди бозгашт саволу ҷавобҳоро ба Имом Ҳаммод гуфтанд ва Имом Ҳаммод 40 ҷавоби додаи шогирдро қабул намуданд, аммо 20 ҷавоби эшонро қабул надоштанд. Ин ба Нӯъмон ибни Собит таконе дод ва дар назди худ аҳд гузоштанд, ки як лаҳза аз устоди худ дурӣ наҷӯянд.

Аз Имоми Аъзам ривоят карданд, ки гуфт: «Ба ҷамеъи илм шуғл варзида мулоҳиза кардам, дар ҳар кадоме ягон-ягон нуқсон намудор буд, аммо дар илми фиқҳ ҳар қадар назар кардам, ҳамон қадар лаззату ҳаловат ёфтам ва ҳеҷ айбе надидам. Чунки бе надонистани илми фиқҳ талаби дунёву охират ҳосил нагардад».

Махфӣ намонад, ки Имоми Аъзам дар илмҳои тафсир, ҳадис, шеър, адаб ба андозаи дарёи муаззам ва муҳити аъзам буданд. Инчунин дар илми араб, ҳофизи каломуллоҳ, донандаи илми таҷвид низ моҳир буданд. Имоми Аъзам дар моҳи шарифи Рамазон 60 маротиба хатми Қуръон мекарданд.

Аз ҳазрати Абӯюсуф овардаанд, ки гуфт: «Дар илми тафсир ва илми ҳадис мисли устодам Имоми Аъзам надидаам».

«Аллоҳумма рзуқно бафиқҳиҳи ва соири улумиҳи».

(Эй бор Худоё, рисқ деҳ маро ба фиқҳ ва дигар илмҳо).

ДАР БАЁНИ ИБТИДОИ ДАРС ГУФТАН ВА ФАТВО ДОДАН

Баъд аз вафоти Имом Ҳаммод ибни Сулаймон либоси раёсати илмӣ ва тадрис ба қадду қомати ҳазрати Имоми Аъзам муносиб омад. Аҳли Кӯфа қарор доданд, то Имоми Аъзамро ҳамчун имоми пешво қабул намоянд. Иддае ихтилоф бар он доштанд, ки барои имому пешво шудан илми Имоми Аъзам кам аст. 

Ин боис шуд, то Мӯсо ибни Касирро ҳамчун имоми Кӯфа интихоб намоянд, аммо ин дер давом накард ва ибни Касир ночор бо баҳонаи ҳаҷ аз ин вазифа канора ҷуст. Уламои Кӯфа дар натиҷаи сӯҳбатҳое, ки бо Имоми Аъзам намуданд, итминон ҳосил карданд, ки дили он ҳазрат хазинаи илм, ганҷинаи фиқҳ ва аз ҳар илм бохабар. Бинобар бо иттифоқи якдигар Имоми Аъзамро бо ихлос имоми пешво интихоб намуданд ва худҳо дар мулозимати эшон қамари ҳиммат бастанд. 

Дар натиҷа олимони бузург, фақеҳони машҳур аз ҳалқаи мактаби ҳазрати Имоми Аъзам ба воя расиданд. Рӯз аз рӯз мартабаи эшон баланд, шогирдон зиёд гаштанд ва мардум ба боргоҳи ҳазрати Имоми Аъзам рӯ меоварданд. Аз музокироти эшон халифа хушнуд ва амирон дар эҳсону икром буданд. Ин обрӯю эътиборе, ки ба ҳазрати Имоми Аъзам мушарраф гашт, нотавонбинон ва душманону ҳасадбаронро ором намегузошт.

«Ва золика суннату-л-лоҳи фи халқиҳи фа лан-таъҷида ли-суннати-л-лоҳи табдилан».

(Ва аз ин суннати Аллоҳ бар халқаш ҳаргиз табдил ва дигаргун намешавад).

Аммо Имоми Аъзам ба ҳасади ҳасудчиёну сухани қабеҳу душманон эътибор намедоданд.

«Аллоҳумма саббит акдамано ва-ҷъално муҳиббина ва мухлисина имомано фа иннаҳу айну-л-баракоти ва камзу-с-саъодати, омину сума омину».

(Эй бор Худоё! Қадамҳои маро собит ва ба имомамон муҳибу мухлис гардон, ки ӯ дар баракат ва хазинаи саодат аст. Омин баъд аз он омин).

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi