АНА ПУЛИ ҲАҶРО КӢ МЕХӮРДААСТ?
Масъули Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон ба гирифтани ришва аз зоирони хонаи Каъба муттаҳам мешавад. Ин масъули кумитаи мазкур дар ҳоле аз ҷониби мақомоти мубориза бо фасоди кишвар боздошт шудааст, ки Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷой доштани ришватситониро барои сафари Ҳаҷ дар ин ниҳод чанд рӯз пеш рад карда буд. Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия раиси Бахши вилоятии Кумитаи кор бо дин дар Хатлонро бо ҷурми гирифтани пора ба маблағи 4000 доллар дастгир кардааст.
Бинобар иттилои Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия, Бобохон Шарбатов, масъули Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон аз зоирони хонаи Каъба барои таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари Ҳаҷ маблағи иловагӣ талаб мекардааст. Ба иттилои расида, Бобохон Шарбатов 7-уми октябри соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 4000 доллари амрикоӣ дастгир шудааст. Тавре дар агентӣ ба ИмрӯзNews иттилоъ доданд, парвандаи Бобохон Шарбатов, масъули Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон бинобар мансабдори давлатӣ набуданаш ба прокуратураи вилояти Хатлон ирсол шудааст.
Ба иттилои расида, чанд рӯз қабл мақомоти мубориза бо фасоди кишвар бо намояндагони тамоми сохтору ниҳодҳои масъул ба сафари Ҳаҷ сӯҳбату мулоқот доир кардаанд, ки ҳадаф аз он пешгирӣ аз фасод ва ришвагирӣ аз зоирони Хонаи Худо будааст. Ин мулоқотҳо, ба иттилои агентии мубориза бо фасод, дар 67 ниҳоди масъули сафари Ҳаҷ, аз ҷумла, дар бахши вилоятии Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон низ доир шуда буданд.
Имсол аз Тоҷикистон дар назар аст, 5,5 ҳазор нафар фарзи илоҳиро адо намоянд. Аз вилояти Хатлон дар назар аст, 1,5 ҳазор нафар, сафари Ҳаҷ кунанд.
Соли гузашта маблағи сафари Ҳаҷ 3191 доллари амрикоӣ буд. Имсол ин маблағ то ба 3348 доллар боло бурда шуд.
Нахустин зоирони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд имрӯз 11-уми октябр ба самти Ҷидда парвоз хоҳанд кард. Тавре Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, зоирон дар Душанбе бояд имрӯз соати 6-и субҳ ба назди Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шаванд. Парвоз ба соати 9:00-и 11-уми октябр муқаррар шудааст.
Масъулини Кумитаи кор бо дини назди Ҳукумати Тоҷикистон замоне ба гирифтани пора муттаҳам мешавад, ки дирӯз Абдураҳим Холиқов дар ҷаласаи ниҳоии ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ-2011» аз оғози парвози аввалини зоирони хонаи Каъба аз Тоҷикистон хабар дод.
Ҳамчунин Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар Оҷонсии иттилоотии «Ховар», аз ҷо доштани ришватситонӣ дар ин ниҳод расман мункир шуда буд.
Тавре рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар ин бора навишта буд, («Ҳаҷ. Пули ҳаҷро кӣ мехӯрад?!» - ИмрӯзNews №169 (243) аз 16-уми сентябри соли 2011) шикояти зоирин аз вуҷуд доштани фасод дар ниҳодҳои масъули Ҳаҷ зиёд шунида мешавад. Дар бораи он ки дар ноҳияҳо мегӯянд, тамоми «квота»-ҳои имсола барои Ҳаҷҷ фурӯхта шудаанд, вале роҳе, ки мушкили зоиронро «ҳал» карда метавонад, маблағи иловагӣ аст, ки бо доданаш номи порадеҳ дар феҳрасти зоирон шомил карда мешавад.
Матлаби мазкур хашми Кумитаи кор бо дини назди ҳукумати Тоҷикистонро дар сатҳи роҳбарият ба вуҷуд овард ва Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи мазкур рӯзномаро ба дуруғгӯӣ ва тӯҳмат муттаҳам кард.
Оҷонсии расмии иттилоотии «Ховар», бо нақзи ҳуқуқи муаллиф ва хилофи қонунгузории кишвар матлаби ҷавобиро дар сомонааш нашру паҳн кард. Дар ҳоле, ки хабарнигори рӯзнома бо ҳамсӯҳбати худ рӯ ба рӯ вохӯрдаву аз ӯ аксбардорӣ низ кардааст ва ҳамчунин матлаби мазкур дар яке аз шумораҳои аввалини рӯзнома ба нашр расида, дар навиштаи баъдии худ муаллиф аз он сӯҳбат ва гуфтаи ҳамсӯҳбати худ ёд карда буд.
Суоли мо бори дигар ба ин ниҳод чунин аст: агар роҳбаладону кормандони шумо ришвагир нестанд, пас чи тур бо як маблағи ҳаққи хидмат баъди бозгашт замин мехаранду хона месозанд ё мошин мехаранд? Бо 500 доллару1000 доллар, ки ин корҳоро анҷом додан имкон надорад. Барои чӣ бисёриҳо мекӯшанд, ки онҳоро ин кумита ба кор гирад ё ба сифати роҳбалад қабул шаванд? Ҳоло чӣ мегӯед?
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон таҷрибаи боздошт шудани мансабдорон ё масъулини давлатӣ бо гирифтани ришва, ки бо озод шудани ҷинояткор бар ивази ришва ва ё ҷарима зиёд ба чашм мерасад, ки сабаби беҷазомондани мансабдорони давлатӣ ва афзудани фасод дар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мегардад.
Саъдулло Халифаев, бознашр аз «ИмрӯзNews», 11-уми октябри 2011
Аз идораи сомонаи «Рӯзгор»:
Мақолаи «Ҳаҷ. Пули ҳаҷро кӣ мехӯрад?!» - (ИмрӯзNews №169 (243) аз 16-уми сентябри соли 2011) як рӯз қабл аз чопаш дар рӯзномаи ИмрӯзNews дар сомонаи мо таҳти унвони «Бесарусомониҳо дар мавсими «Ҳаҷ-2011» аллакай шурӯъ шуданд?» (http://www.ruzgor.tj/din/6144----q-2011r---.html) ба нашр расида буд. Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоби ин мақолаҳо таҳти унвони «Нотавонбинӣ корӣ мардон нест» (http://khovar.tj/culture/18854-notavonbini-hislati-mardon-nabuvad.html) маводе таҳия намуда дар он аз чопи мақола дар сомонаи мо ёдовар мешавад, вале мутаассифона, ҷавобияро бар хилофи қунуни матбуот дар сомонаи http://khovar.tj ба нашр мерасонад. Ба ҳар ҳол ин ҷавобияи Шӯъбаи равобити байналмиллалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии сомонаи «Рӯзгор» фиристода нашуда буд, варна мо онро ҳатман чоп мекардем ва ба он ҷавобе низ мегуфтем. Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» мақолаи «Ана пули Ҳаҷро кӣ мехӯрдааст?» аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» бознашр намуда мӯҳтавои онро пурра дастгирӣ менамояд. Дигар худи хонанда қазоват кунад, ки дар ин баҳс кӣ ҳақ асту қӣ не. Нишонаи ҳамаи ин маводҳоро дар ихтиёратон гузоштем.
-
22.06.2025 14:51
149
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
271
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
285
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
507
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
611
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
496
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
90
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
155
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
130
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
989
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1699
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3390
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
148
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
134
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
146
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
518
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
770
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
891
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
467
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
505
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
476
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
781
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1028
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1894
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
635
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
613
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1806
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2127
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2124
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2336
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
540
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
479
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
959
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3087
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3523
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3521
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
555
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
666
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
692
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд