ТОҶИКИСТОН: ДИН ОЗОД АСТ, ТУНДГАРОӢ НА
Намояндаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш тарафдори озодии дин, аммо мухолифи фанатизм ва тундгароист. Ноиби раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар ҳамоиши “Озодии афкор, виҷдон, дин ва ақида”, ки дар чаҳорчӯби машварати солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава баргузор гашт, гуфт, бо вуҷуди мушкилоти муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоияш Тоҷикистон тамоми талошро мекунад, то озодии дину ақидаро таъмин намояд.
Вай ба он ишора кард, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи марказист, ки ҳизби сиёсие б ар пояи ақидаи диинӣ дар он амал мекунад. Вай афзуд: “То 1-уми сентябри соли 2011 дар ниҳодҳои давлатии масъул 3829 иттиҳодияи динӣ сабти ном шудаанд, ки аз онҳо 3755 адад иттиҳодияҳои исломӣ, аз ҷумла масоҷиданд. Ҳамчунин дар кишвар 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ амал мекунад.”
Ҷаноби Мухторов дар посух ба интиқод аз вазъи озодии дин дар кишвараш, ки ахиран аз тарафи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида садо дода буд, мегуфт, посухро ба ин танқидҳо дар ҳамоиши САҲА дар Варшава хоҳад дод. Як нуктаи интиқодӣ аз вуруд ба ибодатгоҳҳо маҳрум кардани афроди то 18-сола аст.
Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро кафолат додааст, қонунҳои дигар ва дастурҳои ҳукумат ин озодиҳоро тахриб мекунанд. Дар як соли гузашта вазъи озодии дин дар Тоҷикистон, бино бар гузориши мазкур, бадтар шудааст.
Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли 2009 қабул шудааст, нуфузи давлатро ба пайравони дин густариш дод. Дастури номнависи дубораи созмонҳои динӣ бо талаб ва шароити нав сабаби аз фаъолият мондани даҳҳо иттиҳодияи динӣ шуд ва сабти номи созмонҳои нав мушкил гашт.
Дар моҳи августи соли 2010 раисиҷумҳур ба бозгардони донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ дастур дод, ки бе иҷозаи давлат сафар кардаанд. Ҳукумат ҳамчунин бархе аз гурӯҳҳои диниро бо барчаспи “тундгароӣ” манъ кард. Вазорати маориф бо дифоъ аз либоси ягона ҳиҷобу рӯсариро дар мактабу донишгоҳҳо манъ кард.
Мақомот аз ин тасмим ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, ба хотири он гирифта шудааст, ки маорифи дунявиро ҳифз намояд. Намояндагони давлат, аз ҷумла вазири маориф дар мазҳари ом зидди занони ҳиҷобпӯш суханони истеҳзоомез гуфт.
«Озодӣ»-
31.12.2025 13:59
468
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
399
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
10.12.2025 16:58
818
Владимир Путин бо раисони парламентҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқот намуд
-
26.09.2025 12:42
629
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
703
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1412
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
397
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
378
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
438
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
31.08.2025 12:47
781
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1816
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1763
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
24.12.2025 15:37
401
Таъсири рушди саноат ба пешгирии коррупсия
-
02.11.2025 12:05
471
Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
-
19.10.2025 11:43
676
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
12.11.2025 14:38
477
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
700
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
913
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
359
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
672
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
639
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1753
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1807
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2756
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1394
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1377
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2589
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
570
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
629
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
630
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1233
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1406
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1210
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3774
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3956
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4390
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
830
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
830
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
925
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































