ИДИ РАМАЗОН ОМАДУ МОҲИ РАМАЗОН РАФТ…
Дишаб, вақте намозгузорон ҳангоми тарвеҳаи (тарвеҳа – нишасте, ки баъд аз чор ракъат нишаста тасбеҳ мегӯянд) ахир бо сӯзу гудоз бо Рамазони имсол Худоҳофизӣ карда, «алвадоъу алфироқ ё рамазон» мехонданд, ба ёдам расид, ки Расули Худо(с) фармудааст: ҳар касе, ки рӯзаи моҳи рамазон ва қиёми шабҳои онро аз рӯи имону ихлос ба анҷом бирасонад, Худованд гуноҳони гузаштаи ӯро мебахшад. Гуфтам, хушо ба ҳоли онҳое, ки баъд аз анҷоми ин фаризаи Илоҳӣ ва суннати Расули ростин(с) дар интизори бахшида шудани гуноҳони худ нишастаанд…
Хушо ба ҳоли онҳое, ки қабл аз вуруди Рамазон-мактаби Раббонӣ-, ки шароити кам уфтодан дар лағзишу гуноҳон барои эшон фароҳам мешавад, ба хотири болидарӯҳии пайравон ва побандони ин мактаб дарҳои ҷаннат кушода ва дарвозаҳои дӯзах баста шуда ва низ шайтонҳо занҷирбанд карда шуда, лаҷҷоми нафси аммора низ кашида шуд.
Гузаштан аз ин мактабро Ҳаққтаъоло бар умматони Ҳабибаш (с) фарз гардонид, мисле, ки ба умматони пешин фарз карда буд ва гуфт: «Рӯза барои ман аст ва ман худам подоши онро медиҳам». Дар Қуръони карим ваъда ҳам кард: «аҷрашонро ба тамомӣ хоҳад дод ва аз фазли хеш бар онон хоҳад афзуд».
Рамазон мактаби тарбиявие буд, ки рӯҳу бадани дастпарварони худро аз гуноҳ ва тамоми олӯдагиҳои гандолӯду заҳрогин дар се марҳила шустушӯ кард:
Дар марҳилаи аввал қалби эшонро нисбат ба худ ва халқи Худо нарм намуд, то косаи раҳми рӯзадорон ба ҷӯш ояду ниёзмандон аз лутфу меҳрубонии онҳо маҳрум намонанд. Дар марҳилаи дувум, доғҳоеро, ки бар асари гуноҳон бо сабаби саҳву хатоҳо дар қалби эшон сабт шуда буд, бинобар пойбандиашон ба сиёму қиём ва истиғфори саҳаргоҳон, зудуда шуд…
Баъд аз пок шудан аз гуноҳони сағира, барои поксозии гуноҳони кабира, дар марҳилаи ахир талоши эшон барои хомӯш кардани оташи дар сина ҷойдошта ва барои ба даст овардани ризоияти Парвардгор талош карданд. Ба ибораи дигар, аксар маврид рӯзадорон дар муноҷот бо Парвардгор буданд. Ин мардум аксари авқот бо забон зикри Худо анҷом медоданду бо чашмон дар малакути Ӯ таъоло сайр карда ва бо дил дар бораи замину осмон ва он чӣ дар байни онҳост меандешанд.
Эшон кӯшиш мекарданд, ки шабҳангом бо дуоҳои маснун ва нолаҳои ашколуд ба ёди Худо машғул шаванд, то аҷру савобе, ки ҳазрати Ҳаққтаъоло ваъда кардааст, дарёфт намоянд. Инсоне, ки дар марҳилаи аввал бар нафсу шаҳавоти худ пирӯз омад, дар сояи раҳмати ҳазрати Ҳаққтаъоло қарор гирифт, чун ин даҳа даҳаи раҳмат буд.
Ҳар шахс дар ин айём, саъй мекард, ки ба амри Парвардгори худ сар фурӯ оварда, рӯзро то шом бо рӯза, бо худдорӣ аз хӯрданиҳо, нӯшиданиҳо ва хоҳишоти нафсонӣ бегоҳ кунад. Ин тоифа шабро бо қиёми таровеҳ ва тасбиҳу таҳмид рӯз мекарданд, то дар «байтулғуфрон» по ниҳанд ва бо фазлу марҳамати Борӣ таъоло гуноҳонаш дар даҳаи мағфират бахшида шавад.
Дар марҳилаи савум, вақте инсони рӯзадор дар сояи раҳмату дар «байтулғуфрон» ҷо мегирад, барои халосӣ аз оташи шаҳавот, ки боиси худхоҳии банда ва Худонописандии кас мегардад, роҳ меҷӯяд, то бо сарбаландӣ ин марҳиларо пушти сар кунад. Чун даҳаи савум, аз мароҳили асосии поксозии рӯҳу бадан ва худсозиву худтакмилдиҳии шахси рӯзадор меанҷомад, ҷаҳду талошҳои инсон барои ба даст овардани шаҳодатномаи «озодӣ аз оташ», нисбат ба ду даҳаи пештар, зиёдтар мешавад, то бо ин васила битавонанд оташи қаҳру ғазаб, кинаву кудурат ва оташи тамоми рукнҳои ахлоқи разиларо, ки инсонро ба пастӣ мекашонанд, хомӯш созанд. Ин қавм хуб медонад, ки дар амри хайр мусобиқа кардан сифати мӯъминон аст ва Худои таъолоро аз ин мусобиқа ва пештозӣ хуш меояд ва дар ҷамъи малакути осмонҳо бар сабқаткунандагон мефахрад, ҷӯёи ризоияти Худой таъоло мешаванд…
Ҳамчунин дар ин даҳа шабе вуҷуд дошт, ки бо номи шаби қадр ёд мешавад. Шабест, ки ибодати он аз ҳазор моҳ беҳтар. Барои маҳрум нашудан аз савоби он шаб, мӯъминон бо пайравӣ аз Расули Акрам, аксар маврид, ин даҳаро дар эътикофу узлат ва гӯшанишинӣ дар масҷид, интихоб карданд, ва эшон дар ҳама ҳолат, хуфтану нишастан ва ҳангоми паҳлӯ задан ба ёди Худо мегузаронанд. Паёмбари Худо(с) барои поидани ин шаб дар вақти Мадина будан, ҳар даҳаи ахири рамазонро дар масҷид мегузаронид ва чун соли ахири ҳаёташон расид, бино бар ривояти Бухорӣ, бист рӯзи рамазонро дар масҷид ба эктикоф нишастанд ва ба қавле се маротиба Қуръони каримро сар то поён ба Ҷабраили амин(а) шунавониданд ва…
Ин шабро Худованди Маннон бар умматони Ҳабибаш Муҳаммади Мустафо(с) туҳфа кардааст то фардои қиёмат номаи аъмоли эшон бо зевари аҷру савоби ваъдашудаи шаби қадр пероста гардад ва дар байни умматони паёмбарони пешин, умматони Ҳабибаш Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с) низ бо доштани сабти тоатҳо ва ибодатҳои бешумор, дар номаи аъмолашон, сарбаланду сарфароз бошанд. Бар илова дар ин шаб фариштаҳо ба меҳмонии аҳли замин фурӯд меоянд, то дуруду саломи Ҳаққтаъолоро ба мӯъминон бирасонанд.
Малоика хуб медонанд, ки шахси рӯзадор ду вақти хурсандӣ дорад: яке вақти ифтору дигаре вақти мулоқот бо Парвардгор, аз ин рӯ талош мекунанд, то фардои қиёмат, дар вақти мулоқот бо Холиқи коинот, гувоҳӣ диҳанд, ки ай Худо ин мо ин мардумро он шаб дар ҳоли рукӯъу суҷуд ва дар меҳмонӣ дар хонаҳоят дарёфта будем, бар эшон миннат гузору онҳоро аз мулоқоти худ бештар ва беҳтар баҳравар соз.
Аз Расули Худо(с) ривоят аст, ки гуфт: Гуноҳи умматонам дар шаби охири моҳи рамазон бахшида мешаванд. Аз Паёмбари Акрам (с) пурсида шуд, ки оё он шаб шаби қадр аст? Гуфтанд: не, ва локин савоби амалҳо вақте дода мешавад, ки (мӯминон) амалро ба анҷом бирасонанд. Яъне дар ин шаб амалҳои моҳи пурбаракати моҳи Рамазон ба анҷом расидаанд ва қабл аз гузашти вақт аҷрашон дода мешавад ва дар рӯзи дигар, яъне аввали шаввол, ки мӯъминон пирӯзии худро бар нафси аммора ва шаҳавот ҷашн мегиранд, ҳазрати Ҳаққтаъоло ба фариштагон хитоб карда мефармояд: шумо гувоҳ бошед, ки ман тамоми гуноҳони рӯзадоронро (аз фазли хеш) бахшидам. Он гоҳ мӯъминоне, ки пас аз адои намоз ба хона бармегарданд, дар даст шаҳодатномаи озодӣ аз оташи дӯзах, ки Расули раҳмат ваъда карда аст, ҳам чун навзодони маъсум, хушу хандон, ба хонаву кошонаҳои хеш, бар хоҳанд гашт. Хушо ба ҳоли онҳое, ки бо тоату ибодот ва хайру эҳсон ин моҳи пурбаракатро паси сар карданд.
Хушо ба ҳолатон ай рӯзадороне, ки бар нафси аммора ва шаҳавоти худ ғолиб шудед, фаризаи Илоҳиро бо суннати Паёмбар(с) якҷо адо кардед ва дар ин рӯзи саъид пирӯзии худро ба намоиш мегузоред.
Идатон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
25.10.2025 14:45
421
«Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар демократикунонии ҳаёти ҷомеъа»
-
25.10.2025 14:42
406
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
465
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
26.09.2025 12:42
339
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
387
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1112
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
410
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
336
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
348
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1542
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1476
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2176
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
370
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
407
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
274
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:54
286
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
379
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
310
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
267
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
409
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
879
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1447
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1514
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2415
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1119
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1086
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2300
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
327
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
331
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
377
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
932
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1103
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
927
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3449
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3599
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4070
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
517
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
524
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
609
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































