«РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҚУДС РӮЗИ ИСЛОМ ВА РАСУЛИ АКРАМ(С) АСТ»
Рӯзи ҷаҳонии Қудс, рӯзест, ки Имом Хумайнӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон, ба хотири огоҳсозии бештар дар мавриди қазияи Фаластин, пас як соли инқилоб, дар охирин ҷумъаи рамазони соли 1979 эълом кард. Вай ин рӯзро «рӯзи мустазъафон бар алайҳи мустакбирон» номид. Дар ин рӯз мардуми мусалмон бо пуштибонӣ аз ҳоли фаластиниҳои мусалмон ва ҳамдардӣ бо эшон, ҳимояти худашонро ба намоиш мегузоранд.
Имом Хумайнӣ дар мавриди рӯзи Қудс гуфта буд: «Рӯзи Қудс фақат рӯзи Фаластин нест, рӯзи Ислом аст, рӯзи ҳукумати исломист. Рӯзест, ки бояд дар саросари кишварҳо байрақи ҷумҳурии исломӣ барафрошта шавад. Рӯзест, ки бояд ба абарқудратҳо фаҳмонд: дигар онҳо наметавонанд дар мамолики исломӣ пешравӣ кунанд. Ман рӯзи Қудсро рӯзи Ислом ва рӯзи Расули Акрам (с) медонам. Ин рӯзест, ки бояд мо тамоми қувваи худро муҷаҳҳаз кунем».
Дар шарҳи «ҷаҳонӣ» будани ин рӯз вай гуфт: «Рӯзи Қудс ҷаҳонист ва рӯзе нест, ки фақат ихтисос ба Қудс дошта бошад. Рӯзи муқобалаи мустазъафин бо мустакбирин аст. Рӯзи муқобалаи миллатҳоест, ки дар зери фишори зулми Амрико ва ғайри Амрико буданд, рӯзест, ки бояд мустазъафин муҷаҳҳаз бишаванд, дар муқобили мустакбирин ва димоғи мустакбиринро ба хок бимоланд… Рӯзи Қудс, рӯзест, ки бояд сарнавишти миллатҳои мустазъаф дар муқобили мустакбирин эълони вуҷуд бикунад, Бояд ҳамон тавре, ки Эрон қиём кард ва димоғи мустакбиринро ба хок молид ва хоҳад молид, тамоми миллатҳо қиём кунанд ва ин ҷурсумаҳои фасодро ба зуболадонҳо бирезанд».
Дар мавриди ин рӯз баъзе аз мардум гуфтаанд: «Занги бедории исломӣ дар саросари минтақаи ҷаҳон ба садо даромада ва ҳукуматҳои ҷавр вобаста ба Амрикои ҷинояткор ва саҳюнисми байналмилалӣ яке пас аз дигаре ба хоки мазаллат меафтанд».
Махсусиятҳои муҳими бузургдошти озодии Қудси шариф дар минтақа ва ҷаҳон он аст, ки Ғарб ва бахусус, Амрико дар мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ғарқ ҳастанд ва бедории миллатҳо ба марзи Аврупо ва Амрико расидааст.
Дар тасреҳи ин рӯз Оятуллоҳ Куннӣ гуфт: «Мардуми Фаластин, ки мутаҷовизон бо тавассул ба зӯр, таҳдид ва фишор, ононро аз хонаву кошонаи худ маҳрум карданд, акнун беш аз ҳар замони дигар ниёз ба ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ доранд. Вале имрӯз ба ҷуз теъдоди маъдуде аз мардуми худотарс ва адолатҷӯ аз кишварҳои мухталиф, бақияи мардуми ҷаҳон мӯҳри хомӯшӣ ва сукут ба лаб зада ва аз ёрии ин миллати ситамдида худдорӣ мекунанд. Имрӯз дар ҳоле ки пойгоҳҳо ва расонаҳои хабарии ҷаҳон, дар баробари зулму ситами рӯ ба афзоиш дар ҳаққи ин миллати ситамдида сукут кардаанд, ғосибон сарзамини Фаластинро мазлум дониста, мардуми овора ва ҷон ба лаб расидаи ин сарзаминро террорист мехонанд. Мо ба унвони мусалмон ва қишри огоҳи ҷомеаи башарӣ, ин ҳақ ва тааҳҳудро дорем, ки таҷовуз ва зӯргӯӣ ба зидди мардуми Фаластинро қотеъона маҳкум кунем ва мӯътақидем, ки ҳар озодае дар ҷаҳон аз муборизаи ин мардум ҳимоят мекунад…Мо дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон, ки бошем, бояд ба манзури тағйири ин вазъият ва дар эътироз ба поймол шудани ҳуқуқи миллате, ки дар хонаи худ мавриди таҷовуз ва таҳқир қарор гирифта, бо садои баланд, фарёди эътирози худро ба гӯши ҷаҳониён бирасонем».
Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, рӯҳонии тоҷик афзуд: «Фарёди ҳимоят аз мардуми Фаластин ва талош дар ҷиҳати озодии ин хоки муқаддас ба ҳар василаи мумкини шаръӣ, аз вазоифи ҳар инсони огоҳ ва махсусан ҳар мусалмон аст. Саҳюнистҳо бо бешармӣ ва пуррӯии тамом, пайваста мардуми мусалмон ва тамоми сокинони аслии Фаластинро таҳти шадидтарин табъизҳо ва фишорҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ қарор медиҳанд... Аммо ҷаҳони Ғарб бо тамоми иддаоҳои ҳуқуқи башарии худ, дар ҳеҷ замоне камтарин ҳимояте дар дифоъ аз ҳуқуқи мардуми мусалмон ва ҷомеаи исломӣ накардааст ва ба ҳамин далел кишварҳои мазлум ва ситамдидаи мусалмон, худ бояд барои ёрии ҳамдигар ва ҳимоят аз арзишҳо ва дастёбӣ ба ҳуқуқи худ талош кунанд”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон илова кард: «Эъломи рӯзи ҷаҳонии Қудс баргирифта аз умқи андеша ва нигоҳи мунҳасир ба фарди Имом Хумайнӣ дар шинохти ҳассостарин ва меҳваритарин масоили ҷаҳони Ислом аст. Чаро ки қабл аз он режими саҳюнистӣ бо муттаҳидони худ дар пайи тақвияти ин бовар дар миёни ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла мусалмонон буд, ки мунозаъаи Фаластин танҳо як мунозаъаи қавмӣ буда ва набояд ҷаҳони Ислом аз вуҷуди он эҳсоси нигаронӣ кунад…
Пеш аз вуқӯъи хезишҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ, 2 равиш дар баробари қазияи Фаластин ва зулму истибдоди режими саҳюнистӣ вуҷуд дошт, ки яке ба сиёсатҳои давлатҳои мусалмон марбут буд ва дигаре ба мавзеъгириҳои мардуми мусалмон.
Ин 2 навъ нигоҳи бисёр мутафовит аз якдигар буд. Дар ҳоле, ки бештари давлатҳои мусалмон ба ҳар далеле бо режими саҳюнистӣ созиш карда ва зулму ситами Тел Авивро нисбат ба миллати фаластинӣ нодида мегирифтанд, дар муқобил, миллатҳои мусалмон дар ҳадди тавони худ дар дифоъ аз мазлумияти Қудси шариф эътироз мекарданд.
Таҳаввулоти ахири кишварҳои арабӣ ба таври ҳатмӣ мунҷар ба он мешавад, ки давлатҳо саъй мекунанд, то бо наздик шудан ба хостаҳо ва ормонҳои мардум худро дар мавқеъият ва ҷойгоҳи давлатҳои мардумӣ қарор диҳанд. Барҷаста шудани нақши мардуми минтақа дар таъйини сиёсатҳои давлатҳо амри муҳимме хоҳад буд, ки иншоааллоҳ, дар ояндаи на чандон дур ба таҳаққуқ хоҳад пайваст ва мардуми муборизи Фаластин бозӯи қавии миллатҳои мусалмони минтақа ва ҷаҳонро дар канори худ ва дар дифоъ аз ҳуқуқи ҳуққаи худ бештар эҳсос мекунанд».
Рустами Ваҳҳобиён, шоири тоҷик
Қиблаи нахустин
Мекашад зи банди дил, қиблаи нахустинам,
Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.
Ку ҳаловати имон? То зи Қудси маҳрумам,
Аз маломати виҷдон, дард мекунад динам.
Сангҳои хунолуд, ... сангҳои хунолуд ...
Ҳар шаб аз канорони, дил ситора мечинам.
Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,
Лолаҳои захми ту – мӯҳри Оли Ёсинам.
Новгони Озодӣ, то ба гил фурӯ биншаст,
Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.[1]
Эй башар! Тафовутро, бас азим меёбам,
З-он ки ту ҳамегӯӣ, то ман он ки мебинам.
Пойгоҳи меъроҷ, эй хоки поки озодӣ,
Обрӯ зи ту дорад, осмони рангинам.
Дидаам ба рӯёе, аз миёни хоку хун,
Даст мебурд Ҳурӣ, сӯи қалби сангинам.[2]
[1] Ишора ба байти Хоҷаи Ҳофиз:
Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад ки бозбинам он ёри ошноро.
[2] Ҳур – фариштае мансуб ба Офтоб.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
06.01.2026 20:24
582
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
762
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
668
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
786
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
978
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1681
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
660
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
629
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
614
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
464
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1040
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2048
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
228
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
488
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
409
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
672
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
907
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1201
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
613
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
930
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
888
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2000
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2057
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3038
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1588
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2835
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
751
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
879
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
880
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1406
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1657
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1443
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
4043
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4235
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4613
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
771
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1128
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1076
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































