АҶАЛА ВА ШИТОБ ДАР АДОИ НАМОЗИ ТАРОВЕҲ
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Ҳукми сареъ ва бошитоб хондани намози таровеҳ чист?
Ҷавоб: Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим аз Паёмбари Худо (с) ривоят шудааст, ки мефармояд: «Ман қома рамазана имонан ва иҳтисобан ғуфира лаҳу мо тақаддама мин занбиҳӣ» (Ҳар кас шабҳои рамазонро аз рӯи имону ихлос ба намоз бигузаронад, ҳама гуноҳони гузаштааш омурзида мешавад).
Рӯзаи моҳи рамазон аз ҷониби Худованди мутаъол ташреъ ва қиёму шабзиндадории шабҳои моҳи рамазон аз ҷониби Паёмбари Худо (с) суфориш шудааст ва он ҳазрат шабзиндадорӣ дар моҳи рамазонро сабаби пок шудани гуноҳону хатоҳо эълон фармудааст, вале бояд донист «қиёми лайл» ва шабзиндадорӣ танҳо дар сурате боъиси омурзиши гуноҳон ва пок шудан аз палидиҳо мегардад, ки инсони мусалмон онро бо шурут ва аркону одоб ва ҳудуде, ки дорад ба таври комил анҷом диҳад. Чунонки медонем.
Бо итминон ва таъаннӣ хондани сураи фотиҳатул китоб ва бо итминон анҷом додани рукӯъҳо ва саҷдаҳо яке аз аркони намоз аст, зеро Паёмбар (с) ҳангоме, ки медид шахсе намозашро дуруст адо наменамояд ва барои мисол риъояти итминонро дар намоз наменамуд, ба ӯ мефармуд: «Ирҷиъ, фасаллӣ фаиннака лам тусаллӣ» (Бозгард, ва дубора намоз бихон, зеро, ки ту ҳанӯз намоз нахондаӣ!) онгоҳ ба вай таълим медод, ки намози мақбул чӣ гуна аст, мефармуд:
«Иркаъ ҳатто татмаинна рокиъан ва иътадил ҳатто татмаинна қоиман васҷуд ҳатто татмаинна соҷидан ваҷлис байнас саҷдатайни ҳатто татмаинна ҷолисан ва ҳоказо» (ба рукӯъ бирав то аз ҳаракат боз истӣ ва аз рукӯъ бархез то ин ки истода аз ҳаракат ором гирӣ ва саҷда кун то ин ки дар саҷда аз ҳаракат боз истӣ ва дар миёни ду саҷда биншин то аз ҳаракат боз монӣ ва ҳамин тавр…), {Бухорӣ ва Муслим ва асҳоби Сунан, аз Абӯҳурайра}.
Дар тамомии ин аркон «тмаънина» шарти лозими намоз мебошад. Донишмандон ва уламо дар ҳадду ҳудуди ин «тмаънина» машрут ва лозим ихтилофи назар доранд. Баъзе камтарин ҳадди онро ба андозаи якбор тасбеҳ гуфтан масалан «Субҳонараббиялаъло» донистаанд. Ва баъзеи дигар монанди Шайхулислом Ибни Таймия шарт кардаанд, ки миқдори «тмаънина» дар рукӯъ ва саҷда лозим аст ба андозаи се бор тасбеҳ гуфтан бошад, ба далели ин ки дар ҳадис бор тасбеҳ омадааст ва ин камтарин ҳадди «тмаънина» аст. Бинобар ин, лозим аст, ки инсон дар аркони намоз ба андозаи се бор тасбеҳ гуфтан макс (биистад) намояд. Худованди мутаъол мефармояд: «Қад афлаҳал мӯъминунал лазина ҳум фи салотиҳим хошиъун» (мӯъминони растагор касоне ҳастанд, ки намозро мегузоранд ва дар намоз хошеъ ва фурӯтананд), {Мӯъминун, ояҳои 1-2}.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
159
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
84
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
473
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
561
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
584
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?