19:37:32 30-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАЪСИРИ ГУНОҲОН БАР РӮЗА

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ

Суол: Ҳукми касе, ки дар моҳи рамазон рӯзадор бошаду муртакиби гуноҳе монанди ғайбат, дурӯғ, нигоҳи шаҳвонӣ ба номаҳрам ва … бишавад, чист? Оё рӯзаи ӯ саҳеҳ аст? Ё ин ки бо иртикоби чунин маъосӣ, рӯзааш ботил мешавад?

/images/stories/2011/08/09_ramazan_9.8.2011.jpgҶавоб:  Рӯзаи судманд ва мақбул он аст, ки нафсро пероста гардонад ва иродаи шахсро дар ҷиҳати корҳои нек нерӯ бахшад ва тақвои мазкур дар ин ояро ба бор орад: «Ё айюҳал лазина оману кутиба ъалайкумус сиёму кама кутиба ъалал лазина мин қабликум лаъаллакум таттақун» (Ай  касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо муқаррар шудааст ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд муқаррар шуда буд, бошад, ки парҳезгорӣ кунед),{Бақара, ояи 183}.

Бар шахси рӯзадор воҷиб аст,  ки аз ҳар гуна гуфтору кирдоре, ки бо рӯза мунофот дошта бошад худдорӣ кунад, мабодо баҳраи вай аз рӯза фақат гуруснагӣ ва ташнагию маҳрумият бошад. Дар ҳадис омадааст: «Ассиёму ҷуннатун, фаиза кона явму савми аҳадикум фало ярфуса ва ло ясхаб, фаин соббаҳу аҳадун ав қоталаҳу фаляқул иннӣ соимун»(Рӯза ба масобаи сипар аст [дар муқобили дӯзах ё гуноҳон], чун яке аз шумо рӯзадор бошад, бояд носазо нагӯяд ва фарёд накашаду бо касе даргир нашвад ва агар касе ӯро дашном дод ва бо ӯ сари ҷанг дошт, бояд бигӯяд: ман рӯзадорам), {Саҳеҳи Бухорӣ ва Саҳеҳи Муслим}.

Ва низ Паёмбар (с) мефармояд: «Рубба соимин лайса лаҳу мин сиёмиҳи иллал ҷуъу ва рубба қоимин лайса лаҳу мин қиёмиҳи иллас саҳар» (Ай басо рӯзадоре, ки аз рӯзааш ҷуз гуруснагӣ баҳрае оиди ӯ намегардад ва ай басо шабзиндадоре, ки аз шабзиндадориаш ҷуз хастагӣ баҳрае надорад), {Насоӣ, Ибни Моҷа, Ҳоким низ гуфтааст: бино ба шарти Бухорӣ саҳеҳ аст}.

 Ва низ Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Ман лам ядаъ қавлаззури вал ъамала биҳи фалайса лиЛоҳи ҳоҷатун фи ан ядаъа таъомаҳу ва шаробаҳу»( Касе, ки сухани дурӯғ ва амал ба онро тарк накунад, бояд бидонад, ки Худованди мутаъол ниёзманди он нест, ки хӯрдану ошомидани худро тарк кунад), {Асҳоби суннан}.

Ибни Арабӣ гуфтааст: муқтазои ин ҳадис он аст, ки аз рӯзадориаш савобе намебарад, ба ин маъно, ки дар мизони амал, савоби рӯза дар баробари гуноҳи дурӯғ гуфтан ва он чӣ ҳамроҳи он баён шуд, вазне надорад. Ибни Ҳазм муътақид аст, ҳамонгуна, ки хӯрдану ошомидан рӯзаро ботил мекунад, ин гуна гуноҳон низ рӯзаро ботил мекунанд. Аз баъзе асҳоб ва тобеин низ чунин бардоште ривоят шуда аст.

Мо, агар қоил ба раъйи Ибни Ҳазм нестем, вале бар ин боварем, ки ин гуноҳон самараи рӯзаро зоеъ ва мақсуду манзур аз ташреъи рӯзаро фосид мекунанд, ба ҳамин хотир, салафи солеҳ, ҳамон тавре, ки нисбат ба худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан эҳтимом меварзидаанд, нисбат ба худдорӣ аз ҳаром ва ёвагӯиву суханони лағв низ эҳтимоми хоссе доштаанд.

Умар (р) мегӯяд: «Рӯза фақат худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан нест, балки иҷтиноб аз дурӯғу ботил ва ёвагӯӣ низ мебошад».Ва аз Алӣ (р) низ ривояте ба ҳамин мазмун низ омадааст. Аз Ҷобир (р) ривоят шуда аст, ки мегуфт: «Ҳар гоҳ рӯза гирифтед, бояд гӯши шумо ва чашми шумо ва забони шумо низ аз дурӯғ ва гуноҳони дигар рӯзадор бошад, аз азияту озори хидматкор ва зердаст дурӣ гузинед ва дар ҳолати рӯзадорӣ виқору матонати хешро ҳифз кунед, мабодо айёми ифтори шумо бо айёми рӯзадории шумо мусовӣ бошанд! Абӯзар ба Тулайқ бини Қайс мегуфт:

«Вақте рӯза гирифтӣ дар ҳадди тавон худро маҳфӯз бидор!». Тулайқ низ ҳар гоҳ рӯза мегирифт, дохили манзили худ мешуд ва ҷуз барои намоз берун намерафт. Абӯҳурайра ва ёрони ӯ ҳар гоҳ рӯза мегирифтанд, дар масҷид менишастанд ва мегуфтанд: «Рӯзаи худро поку пероста медорем». Аз Маймун бини Меҳрон низ ривоят шудааст, ки мегуфт: «Нозилтарин сатҳи рӯза имсок аз хӯрдану ошомидан аст». Ба ҳар ҳол, рӯза аҷру подоши хоси худро дорад ва ғайбату дурӯғ ва монанди он назди Худованд муҷозот ва кайфаре хосси худро доранд.

«Куллу шайин ъиндаҳу биқимдорин»(Ҳар чиз назди Худованд андоза дорад. Ва ҳар амале ҳисоб ва мизони худро дорад),{Раъд, ояи 8}. «Ло язиллу раббӣ ва янсо» (Парвардгорам на хато мекунад ва на фаромӯш менамояд),{Тоҳо, ояи 52}.

 Бо тааммул дар ин ҳадиси Набавӣ ва диққат дар муҳосабаи Парвардгор дар рӯзи қиёмат, ҷавоби кофирро роҷеъ ба ин суол ва ду суоли қаблӣ хоҳед ёфт. Имом Аҳмад ва Тирмизӣ аз Оиша (р) ривоят кардаанд, ки гуфтааст: «Яке аз асҳоб назди Расули Худо нишаст ва гуфт: Ай Расули Худо, ман ду бардаи зархарид дорам, ки бо ман лаҷбозӣ ва аз ман  нофармонӣ мекунанд ва ман ба хотири ин рафторашон онҳоро мавриди зарбу шатм қарор медиҳам. Вазъияти ман дар қиёмат чӣ гуна аст?».

Паёмбар (с) фармуд: « Йуҳсабу мо хонука ва ъасавка ва каззабука ва ъиқобука ийёҳум, фаин кона ъиқобука ийёҳум дуна зунубиҳим, кона фазлан лака ва ин кона ъиқобука ийёҳум бақадри зунубиҳим, кона кафофан, ло лака ва ло ъалайка ва ин кона ъиқобука фавқа зунубиҳим уқтусса лаҳум минкал фазлул лазӣ бақия қибалака» (Хиёнату нофармонӣ ва такзиби онон нисбат ба ту бо муҷозот ва танбеҳи ту нисбат ба онон муҳосаба мешавад, агар муҷозоти ту камтар аз гуноҳони онон бошад, ту бар онон бартарӣ дорӣ ва агар муҷозоти ту ба андозаи гуноҳон ва нофармонии онон аст суду зиёне мутваҷҷиҳ ту намешавад ва агар муҷозоти ту бештар аз гуноҳон ва нофармонии онон бошад ба андозаи он изофагӣ бар гардани ту боқӣ монда, ту қасос ва муҷозот хоҳӣ шуд).

Дар ин ҳангом марди суолкунанда назди Паёмбар ба гиряву зорӣ уфтод, Паёмбар(с) фармуд: «Мо лаҳу яқрау китобал Лоҳи: «Ва назаъул мавозинал қисти лиявмилқиёмати фало тузламу нафсун шайъан ва ин кона мисқола ҳаббатим мин хардалин отайна биҳо ва кафо бино ҳосибин».( Чаро ин мард Қуръон намехонад, ки Худованд мефармояд: Ва тарозуҳое дар рӯзи растохез қарор медиҳем ва ҳеч кас дар чизе ситам намебинад, ҳатто агар амале ба андозаи донаи хардал бошад онро меоварем ва кофӣ аст, ки мо ҳисобрас бошем),{Анбиё, 47}. Мард гуфт: Ай паёмбари Худо! Ҷуз ҷудоӣ аз ин бардагон ҳеч чизе барои ман беҳтар нест, инак гувоҳ бош, ки ҳамаи онон дар роҳи Худо озод бошанд!». 

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi