15:30:41 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКМИ ХУРДАН Ё ОШОМИДИНИ ШАХСИ РӮЗАДОР АЗ РӮИ ФАРОМӮШӢ

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ

Суол: Инсон чӣ басо айёми моҳи рамазон ба вижа дар авоили он,  аз рӯи нисён ва фаромӯшӣ, як левон (стакон) об, ё як сигор, ё ҳар чизи дигареро бардорад ва ба даҳонаш гузорад ва баъд аз хӯрдани миқдоре ғизо, ё нӯшидани қадрӣ об, ба ёд меоварад, ки рӯза аст, оё дар ин сурат метавонад рӯзаи худро ба итмом бирасонад?

/images/stories/2011/08/06_ramadan-iftar_6.8.2011.jpgҶавоб: Дар «Саҳеҳиҳайн» ба нақл аз Абӯҳурайра ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудааст: «Ман насия ва ҳува соимун фаакала ва шариба  фалйутимма савмаҳу фаиннамо атъамаҳуллоҳу ва сақоҳӯ»(ҳар шахси рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ чизе бихӯрад ва ё биошомад, рӯзаи худро тамом кунад, зеро (дар воқеъ) Худованди мутаъол ба ӯ таъому шароб додаст.

«Фаиннамо ҳува ризқун соқаҳул Лоҳу илайҳи ва ло қазоа ъалайҳӣ» (ин рӯзиест, ки Худованд ба ӯ арзонӣ фармуда ва қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест). Дорақутанӣ ва Ибни Хузаймаву Ибни Ҳаббону Ҳоким бо иборати дигаре овардаанд: «Ман афтар мин рамазона носиян фало қазоа ъалайҳӣ ва ло каффората» (Ҳар кас дар рӯзи моҳи рамазон аз рӯи фаромӯшӣ ифтор намояд, қазо ва каффора бар ӯ воҷиб нест).

Ин аҳодис ба сароҳат далолат доранд бар инки хӯрдану нӯшидани шахси рӯзадор аз рӯи фаромӯшӣ таъсире дар сиҳҳат ва дурустии рӯза надорад. Ин матлаб мутобии гуфтори Худованди мутоъол аст, ки мефармояд: «Раббано ло туохизно ин насина ав ахтаъна»(Парвардгоро! Агар фаромӯш кардем ё ба хато рафтем бар мо магир),{Бақара, ояи 286}.

Ва дар ҳадис собит шуда, ки Худованди мутаъол ин дуъоро пазируфт. Ҳамчунон, ки дар ҳадиси дигаре омадааст: «Иннал Лоҳа вазаъа ъан ҳизиҳил уммати алхатаъа ван нисёна ва мастукриҳу ъалйҳи» (Худованд хато ва фаромӯшиву изтирорро бар уммати ман бахшида аст).

Бинобар ин, шахс рӯзадоре, ки аз рӯи фаромӯшӣ бихӯрад ва бинӯшад, бояд бақияи рӯзро рӯза бидорад ва рӯзаашро ба итмом расонад ва шикастани рӯзаи он рӯз барои вай ҷоиз намебошад.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi