15:22:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКМИ ИФТОРИ БАЪЗЕ АЗ РӮЗҲОИ МОҲИ РАМАЗОН БА ТАВРИ АМДӢ

Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ

Суол:  Ҳукми касе, ки баъзе аз рӯзҳои моҳи рамазонро рӯза бигирад ва баъзеро амдан ифтор намояд, чист? Оё рӯзҳое, ки рӯза будааст барои ӯ ба ҳисоб меоянд, ё ба ҳисоби намеоянд?

/images/stories/2011/08/04_iftor_4.8.2011.jpgҶавоб: Ин низ аз навъи суоли қаблӣ аст ва ҷавоби мо ҳамон аст, ки ҳар чизе ҳисоби худро дорад. Баҳс дар ин нест, ки оё рӯзаҳоеро, ки шахс рӯзадор будааст, барои ӯ ба ҳисоб меояд ё хайр? Масъала ин аст, ки оё он рӯзҳое, ки ифтор намуда, қобили ҷуброн аст ё на? Табиӣ аст, ки ҷуброни ифтори як рӯз аз моҳи рамазон ҷуз бо рӯза гирифтани ҳамон рӯз аз моҳи рамазон дигар мумкин нест ва ногузир рӯзаи ҳар моҳи рамазон ба ҳисоби худаш воҷиб аст, аз ин рӯ, маҷоле барои ҷуброни он моҳи рамазон вуҷуд надорад.

Абӯҳурайра аз Паёмбри Худо ривоят мекунад: «Ман афтара явман мин айёми рамазон лам йуъаввизҳу яймун мин айёмид дунё» (Ҳар касе як рӯзе аз моҳи рамазонро ифтор кунад, рӯза гирифтан дар ҳеч рӯзе аз рӯзҳои дунё онро ҷуброн нахоҳад кард) {ривоят аз Абӯдовуд, Насоӣ, Ибни Моҷа, Ибни Хузайма, Байҳақӣ ва Тирмиз аз Абӯҳурайра ва лафзи он аз Тирмизӣ аст ва дар яке аз ривоёташ баҳс аст}.

Аз Абӯҳурайра ривоят шудааст, ки марде дар моҳи рамазон чанд рӯзро ифтор кард. Абӯҳурайра ба ӯ гуфт: рӯзаи як сол онро ҷуброн нахоҳад кард. Аз Ибни Масъуд ривоят шуда, ки мегуфт: «Ҳар кас як рӯзе аз моҳи рамазонро бидуни узри муваҷҷаҳ ва далели шаръӣ ифтор кунад, рӯзаи тамоми умр онро ҷуброн нахоҳад кард, агар чӣ онро ҳам қазо намояд».

Ҳаммонанди ин мазмун аз Абӯбакр(р) низ ривоят шудааст. Бинобар ин, инсони мусалмон бояд дар масоили динӣ аз Худо битарсад, ва нисбат ба гирифтани рӯзаи моҳи рамазон иштиёқ дошта бошад ва бар хоҳишҳои нафсонии худ фоиқ ояд, зеро, ки ҳар кас дар баробари шикамаш мағлуб гардад, дар ҳеч як майдонҳои дигар пирӯз нахоҳад шуд.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi