МАРГ САФАРЕ АЗ МАНЗИЛИ ФОНӢ БА МАНЗИЛИ БОҚӢ АСТ
Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ
Суол: -Лутфан фалсафаи «Марг»-ро барои мо баён фармоед. Инсон чаро мемирад? Дар як рӯзномаи арабӣ мақолаеро аз як нависанда, ки модарбузурги яке аз дӯстони ӯ фавт карда буд, Хондам. Вай қазо ва қадари Илоҳиро дар иртибот бо марги инсонҳо мавриди эътироз қарор дода буд, мабнӣ бар ин, ки дар пушти саҳнаи марг ҳеҷ ҳикмате нуҳуфта нест ва касоне, ки ба ҳангоми марги азизон ва бастагонашон ибрози ризоият мекунанд ва эътиқод доранд ба ин, ки марг дар зиндагии инсон як суннати Илоҳӣ аст, чунин нигарише фалсафаи кӯтаҳ ва фоқиди дониш ва ҳӯш аст. «А. М. М. аз Баҳрайн»
Ҷавоб:- «Кӯтаҳии фикр» дар ин қазия ҳамон нависандаи аҳмақ ва мағрур аст, ки аз суханони ӯ бармеояд, ки дар баробари вақоиъи кӯчак ва ҳаводиси ночиз нотавон ва шикаст хӯрдааст, дигар чӣ расад ба ҳаводиси бузург, аз ҷумла марг! Ҳамчунин бармеояд, ки вай дорои андешаи сатҳӣ ва қишрӣ аст, ки таваҷҷӯҳ ба умқ ва ҳақоиқи ашё надорад. Дар дарёи ҳаводис назар ба сатҳи он дорад ва аз қаъри он ғофил мондааст ва аз дин ва фалсафа комилан беиттилоъ мебошад.
а) Агар ин шахс мантиқи зиндагиро мешинохт, ҳамон тавре, ки мардуми омӣ ба ҳукми фитрат ва мантиқи таҷриба муътақиданд, ки марг суннати ҳаёт аст, эшон ҳам ба марг эътиқод пайдо мекард ва медонист нуктаи ин, ки боғбонон баъзе аз шоху баргҳои дарахтонро қатъ мекунанд, ба хотири он аст, ки соири дарахтон зинда бимонанд ва рушду нумӯ кунанд ва ба самар бирасанд. Яъне ба хотири бақои гул, баъзе қурбонӣ мешаванд. Ва ин ҳамон қонуни зиндагӣ аст, ки агар чунин қонуне намебуд, ҳеҷ уммате ҷигаргӯша ва фарзандони азизи худро чун шаҳидоне дар роҳи ормон ва ақида тақдим намекард. Марги онон боиси ҳаёти уммат аст ва қатъи шоху барг ба манзури бақои асл ва реша аст.
б) Агар ин нависанда мантиқи динро медонист, пай мебурд, ки дар пушти пардаи қазияи маргу зиндагӣ, рози таклиф ва озмоиш, нуҳуфтааст ва зуб (об) шудани инсон дар ин дунёи фонӣ ба хотири ин аст, ки дар сарое боқӣ ва ҷовидон монад. «Ҳамон, ки маргу зиндагиро падид овард, то шуморо биозмояд, ки кадоматон некӯкортаранд.» (Мулк, ояи 2)
Ва агар ин шахс ба мантиқи дин муътақид мебуд иттилоъ ҳосил мекард ба ин, ки марг на нобудии маҳз аст ва на адами сарф, ончунон, ки ҷоҳилони гумроҳ тасаввур мекунанд. Марг интиқол аз ҳоле аст ба ҳоли дигар ва аз мавқеъияте ба мавқеъияти дигар ва аз сарое ба сарои дигар. Ҳамон тавре, ки Умар бини Абдулазиз мегӯяд: (Иннакум хулиқтум лилабади ва иннамо танқулуна мин дорин ило дорин) «Офариниши шумо барои сарои абад аст ва шумо фақат аз ин саро ба сарои дигар мунтақил мешавед».
Ва низ шоъир мегӯяд: (Ва мал ҳаёту илла риҳлатун ғайру аннаҳо минал манзили фонӣ илал манзили боқӣ) «Марг сафаре беш нест ҷуз он, ки ин сафар аз манзили фонӣ ба манзили боқӣ аст).
Мурдагон дар гӯрҳои хеш, ҳаёти барзахӣ доранд ва чӣ бо бархурдорӣ аз лаззатҳо ва чӣ бо гирифторӣ ба азобҳо, зиндагии худро сипарӣ менамоянд. Ва он муқаддимае барои ҳаёти абадии охират аст, ки дар он ҷо бо бархурдорӣ аз ҳусни савоб ва гирифторӣ ба сӯи азоб рӯбарӯ хоҳанд гардид.
ҷ) Агар ин нависанда аз мантиқи фалсафӣ огоҳӣ медошт андаке тааммул мекард, борҳо дар бораи ҳикмати ин амри бузург ва хатир, ки ҳеч як аз афроди башарро раҳо намекунад ҷуз он, ки ӯро бо марги дӯтстон ва азизонаш доғдор месозад, бо худ ба пурсу ҷӯ мепардохт он вақт фалсафаи марг рӯшантар аз сапедаи субҳ намоён мегардид. Ҳол бубинем оё агар марг бар бани одам муқаррар намешуд ва ҳеҷ як аз онон намемурданд ва ба тавлиди насл ва такосури авлод мепардохтанд ва бар ин минвол миллионҳо ҳазор сол сипарӣ мешуд ва дар ин рӯзгор онон рӯз ба рӯз дар издиёд мебуданд ва бо марг коҳиш намеёфтанд, чӣ рӯй медод?
Он чӣ ба тасаввур ва ба андешаи мо меояд, ин аст, ки уқалои мардуми ҳар шаҳру диёре иҷтимоъ менамуданд ва ба манзури коҳиши музоҳамат ва ба хотири осон зиндагӣ кардани дигарон, масалан ҳар сол ба эъдоми гурӯҳе аз инсонҳо мепардохтанд, вале оё интихоб ва таъйини афроди эъдомшаванда чӣ гуна анҷом мегирифт? Оё ҳар хонадон шуморе аз афроди худро барои эъдом тақдими ҷомеа менамуд? Ё интихоби афроди эъдомӣ тавассути бегонагон ё ба василаи қуръа анҷом мепазируфт?! Агар инсон ба ҳукми хилқат ё қобилияти маргро намедошт, иҷрои чунин амре чӣ гуна имконпазир мебуд?
Марги табиӣ аз тамоми ин муъаззалот, инсонро роҳот сохта ва хайру манфиати густураеро барои башарият ба армуғон оварда аст, зеро марг дар ҳақиқат зарурати зиндагӣ аст.
Файласуфи бузурги ахлоқи исломӣ Аҳмад бини Маскавайҳ, дар китоби худ «Таҳзибулахлоқ» бахше аз фалсафаи маргро баён доштааст ва мегӯяд: «Агар аҷдод ва ниёгони мо немемурданд, ҳастӣ ба мо намерасид ва агар қарор мебуд, ки инсон дар ин дунё боқӣ бимонад, гузаштагони мо боқӣ мемонданд ва агар насл андар насли инсонҳо боқӣ мемонданд ва намемурданд, замин гунҷоиши ононро намедошт.
Бо ин мисоле, ки баён менамоем, қазияе барои шумо равшан хоҳад шуд: «Фарз кунед як нафар аз чаҳор сад соли пеш то кунун зинда аст ва ӯ яке аз машоҳири мардум монанди Алӣ бини Абитолиб бошад, то битавон фарзандони ӯ ва набераҳои ӯро, ки дар миёни мардум машҳур ҳастанд, боз шинохт ва ҳамчунон аз фарзандони онон низ, наслҳое ба вуҷуд биоянд ва ҳеҷ як аз онон намиранд, теъдоди онон чӣ рақами сарсомоваре хоҳад гардид?! Табииӣ аст, ки шумораи насли он як нафар марди номӣ аз даҳ ҳазор нафар низ таҷовуз мекунад ва агар шумораи мурдагони ононро ба ҳисоб биоваред теъдоди онон ба дусад ҳазор нафар хоҳад расид. Ҳол, ҳисоб кунед, ки анбӯҳи афроди башар дар тӯли чаҳор сад сол ё бештар, акнун дар кураи замин, аз шарқ то ғарб чӣ наводагон ва фарзандоне насл андар насл боқӣ мегузоштанд? Равшан аст, ки бо чунин зариби музоъафе теъдоди сокинони замин қобили баррасӣ ва шумориш нахоҳад буд. Аз тарафи дигар чун масоҳати кураи замин маҳсур ва маҳдуд аст, қатъан гунҷоиш чунон ҷамъиятеро ҳатто ба сурати истода намедошт чӣ ҷои гунҷоиши ҷамъияте, ки дар ҳоли қиём ва қуъуд (нишасту бархост) ва рафту омад ва таҳаррук боқӣ намемонд! Тоза, ин ҳама музоҳамат ва тангно дар иртибот бо як муддат замони кӯтоҳ аст, дар ин сурат, дар як муддат замони тӯлонӣ бо чунин зариб афзоиши ҷамъият чӣ вазъе пеш меомад? Ҷуз Худо касе бадон огоҳӣ нахоҳад ёфт!»
Чунин ҳоли касе, ки аз марг мутанаффир аст ва орзӯи зиндагии абадиро дорад: ва аз рӯи ҷаҳлу нодонӣ чунон гумон мебарад, ки чунин вазъияте мумкин ё даст ёфтанӣ аст. Бинобар ин, ҳикмати болиға ва адли фарогири Парвардгор танҳо роҳи савоб аст ва гурезе аз он нест ва он ниҳояти ҷуд ва карами Парвардгор аст, ки фаротар аз онро ҳеҷ хоҳанд набояд бихоҳад ва ҳеҷ дархосткунанда набояд биталабад. Ва касе, ки аз марг метарсад, дар воқеъ тарсон аз адлу ҳикмати Худованд, балки тарсон аз ҷуд ва атои Ӯст.
Бо ин тартиб ба хубӣ равшан гардид, ончунон, ки умуми мардум мепиндоранд, марг падидаи баде нест, балки он чӣ ба даст, тарс ва хавф аз марг аст, касе аз марг метарсад, ки ҷоҳил ба марг ва ҳақиқати он бошад. Ва низ маълум гардид, ки таваҷҷуҳ ба матолиби гузашта ҳақиқатан марг ҷудо шудани рӯҳ аз бадан аст ва ин ҷудоӣ ҳеҷ гуна табоҳӣ барои рӯҳу ҷони инсон нахоҳад овард ва танҳо пайкари хокии инсон аст, ки аз миён меравад, зеро гуҳари нафс, ки ҳақиқат ва асли мавҷудияти инсон аст, ба ҳоли худ боқӣ хоҳад монд». Ин буд бахше аз файласуфоне амсоли Ибни Маскавайҳ дар иртибот бо рози марг. Ибни Маскавайҳ дар ин боб дар кутуби худ ба тафсил сухан додаст, ба сафҳаҳои 209 то 217-и китоби вай муроҷиат шавад.
Яке аз бадбахтиҳо ва нукбатҳои дунёи мо ин аст, ки бисёре аз касоне, ки ба рӯзноманигорӣ иштиғол доранд ва афкори умумиро ҷиҳат медиҳанд, на китоб хондаанд ва на ба таъаллум иштиғол варзидаанд, «кӯре бубин асокаши кӯри дигар бувад!»
Чунин одамҳо, ки ба хотири марги модарбузургашон яқа пора карда ва шийун ба по мекунанд, чӣ интизоре аз онон хоҳад буд, ки ҷони худ ва фарзандонашонро дар роҳи Худо ё дар роҳи шараф ва каромати инсоният тақдим намоянд, дар ҳоле, ки тақдими қурбониён ба пешгоҳи маргро фалсафаи ағбиё (нофаҳмон) ва одамҳои кудан медонанд.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
215
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
926
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?