ВАҚТ ҲАҚРО БАР БОТИЛ ПИРӮЗ МЕКУНАД
Дирӯз ҳангоме, ки гузорам ба шаҳри Ваҳдат уфтод, шунидам, ки гурӯҳе аз ҳамсинфон дугонаи худро баъд аз лату кӯб ва ғорати ҷавоҳирот ба дарё партофтаанд ва дар натиҷа он мактабхони «аҷалрасида» ҷоми «шаҳодат» нӯш кардааст. Дар ривоёт ба ин маъно мехонем, ки ҳар фарде, ки барои молаш кушта мешавад, шаҳид аст. Ва ҳар касе, ки дар об ғарқ шавад ӯ низ шаҳид аст.
Аммо суол ин аст, ки чаро маҳз як гурӯҳ аз ҳамсинфон ва боз ҳам дугонаҳо барои ҷавоҳирот шуда, даст ба ин кор задаанд? Оё ин ҳама натиҷаи дингурезӣ ё дингурезонии ҷавонон нест? Ба ибораи дигар кӣ ин хоҳаронро маҷбур кардааст, ки дингурез шаванд? Фикр мекунам агар дар байни онҳо як нафар диндору Худотарс мебуд, шояд ба чунин ваҳшоният даст дароз намекарданд.
Чаро инсон, ки зотан муштоқи дин аст ва фитрати ӯ бо дарунмояҳои дин пайванди таквинӣ дорад, ба дингурезӣ рӯй меорад ва чаро дингурезӣ дар насли ҷавон, намуди бештаре дорад? Ва дар натиҷа аксари омилони ҷиноят аз ҳамин гурӯҳ мебошанд?
Дар посух бояд гуфт: «Дар дини Илоҳӣ ҳеч унсури гурезонанда вуҷуд надорад. Агар инсонҳо ба дарёфти маорифи динӣ ва дарки саҳеҳ аз дини Ҳаққ ноил оянд, ҳаргиз аз дин намегурезанд. Афзун бар ин ақлу ишқ-ҳар ду- дар матни дин ҷой доранд. Дин ҳам зеҳн ва хиради инсонро тағзия мекунад ва ҳам ба дили одамӣ ҳаёт, ҳаракату нишот мебахшад. Бинобар ин иллати дингурезиро бояд дар хориҷ аз қаламрави дини Ҳаққ ва омӯзаҳои динӣ ҷустуҷӯ кард».
Дин чизе нест ҷуз равиши зиндагӣ ва роҳе, ки агар касе онро бипаймояд, саодатманд мешавад ва калимаи «гурез» бо «гурехтан» равшантар аз он аст, ки ниёзманди таъриф бошад. Аммо ин таркиб маъноҳоеро дар пай дорад, ки ниёз ба марзбандӣ ва таърифи дақиқ дорад то бо маъноҳои ғайримавриди назар иштибоҳ нашавад.
Дингурезиро метавон чунин таъриф кард: «Дингурезӣ, яъне ҳар навъ фосилагирӣ ва ё вопасгароӣ аз дин ва тамоми намудҳои муҳимми динӣ дар гароиш, биниш ва куниш».
Омилҳои дингурезӣ:
1. Ғафлат, ҷаҳл ва адами тафаккури мардум дар бораи дин.
2. Носозгорӣ миёни гуфта ва кардаҳои диндорон.
3. Заъфи низоми хонаводагӣ.
4. Заъфи низоми таълимӣ.
5. Таъсирпазирии диндорон аз ҷомиае, ки дар он арзишҳо динӣ «бесоҳиб» мондаанд.
6. Барномарезии дақиқ ва ҳадафманди ҳукуматдорон алайҳи диндорон.
Барои мисол: Вақте аз минбарҳои баланд гуфта мешавад, ки беш аз 98 дар сади тоҷикистониён мусалмонанд, яъне мардуми диндоранд, илова бар он 74 ташкилоти динии ғайри исломие низ сабти номшуда дорем, ҳадди аққал ҳар як кадоми он даҳ нафар узви худро доранд, пас ҳар фарди ин миллат болои давлат ҳаққ дорад, ки дасти кам даҳ дар сад аз таълимоти ибтидоии диниро давлат барояшон ройгон таълим бидиҳад?
Ин дар ҳолест, ки наздик ба 60 дар сад аз сокинони кишвар дар деҳот ба сар мебаранд ва дар мақарри зисти худ масҷиди панҷвақта доранд, на масҷиди ҷомеъ ва ҷомеъи марказӣ, гирифтани таълимоти динӣ барояшон маҳдуд карда шудааст. Чунки дар Қонун омадааст: «масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оинномаи (низомномаи) худ бо роҳи таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ ба омӯзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд».
Масҷидҳои панҷвақта аз ин ҳақ маҳрум карда шудаанд. Калисову куништҳо ва ибодатхонаҳои дигар ташкилоти динӣ аслан зикр нашудаанд, шояд бе сабаб набошад! Илова бар он зикр шудааст: «таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризоияти хатти падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад (моддаҳои 8/-3-5-и Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»). Дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ як талабаи мактабхон оё тавони иқтисодии онро дорад, ки аз як деҳаи дурдаст ба маркази ноҳия, ки дар он масҷиди ҷомеи марказӣ ва ё масҷиди ҷомеъ вуҷуд дорад, биояд? Вақте ин моддаҳои Қонун чунин талаботро талаб мекунанд, ҳаққи мардуми бо ном диндори тоҷикистонӣ, ки беш аз 80- дар сади онҳо таълимоти ибтидоии диниро ба таври бояд аз худ накардаанд, Қуръони карим- китоби динии худро хонда наметавонанд, дуруст намоз хонда наметавонанд, ҳатто дар «бисмиллоҳ..» гуфтан мекалаванд…, дар ана ҳамин маврид кӣ бояд талаботи маънавиашонро қонеъ созад? Ба суолҳои диниашон кӣ бояд ҷавоб гӯяд?
Афзун бар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд», ки ҳамакнун дар баррасии вакилон қарор дорад, талаб мекунад, ки ҷалби фарзандони ноболиғ, яъне то синни 18, ба иттиҳодия динӣ манъ карда шавад.
Дар ҳоле, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» бо пешниҳодҳои зиёди мардум дар баррасии вакилони мардум қарор доранд, аминам, ки дар парлумони кишвар ҳастанд вакилони мӯҳтараме, ки аз айёми гузашта худ ибрат гирифта, ҳолати ҷавониро дарк мекунанд, медонанд як талабаи мактабхон-фарзанди ноболиғи то 18-сола, дар баробари гирифтани таълими дунявӣ ба гирифтани таълими динӣ низ ниёз дорад.
Чун талабаи мактабхон ҳам фарзанди одам асту тамом қонунҳои Илоҳӣ ӯро истисно накардаанд. Барои мисол: агар аҷал фаро расад, миёни пири ҳафтодсола ва ҷавони ҳафтдаҳсола фарқе вуҷуд надорад. Ҳар ду чашандаи марганд. Ҳар ду низ ба сари хоки якдигар бояд бираванд. Аммо сари қабри касе рафтану сокиту хомӯшу гунгу гӯл мондан ва дақиқтараш чӣ гуна бо соҳиби қабр муомила карданро надонистан, бар ҳар фарде, ки даъвои диндор буданро мекунад, ҳам айб аст ҳам гуноҳ…
Аз ин ҷиҳат кишваре, ки даъво мекунад, ки беш аз 99 дар сади аҳолиашро мардуми диндор ташкил медиҳанд, ҳақ надорад, ки ҳуқуқҳои фитрӣ ва арзишҳои динии мардумашро зери суол қарор диҳад. Худой накарда агар ҳамин раванди дингурезонии мардум ҷараён бигираду аксари ҷавонон бедин бимонанд, он гоҳ бояд ба ҷанозаи фарҳанги пурғановати ин миллат фотиҳа бихонем.
Чунки шурӯъ аз саргардониҳои равонӣ, то фасоди ахлоқӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, одамкушӣ, ваҳшоният бо тамоми намудҳояш, ҷиноят бо тамоми гунаҳояш ва хулоса як ҷавон бедин ё дингурез метавонад, ки ҳамаи онҳоро анҷом диҳад ва қонунҳои амалкунанда пеши роҳи ӯро гирифта натавонанд, зеро қонунҳои амалкунанда вазъӣ ва тағйирёбанда ва номукаммал таҳия шудаанд. Аз ин ҷиҳат наметавонанд, фардро ҳамаҷониба қонеъ бисозанд, то хушахлоқу хушрафтор бимонад.
Агар дингурезиро яке аз манбаъҳои «фасод» арзёбӣ кунем, натиҷаи онро Худои таъоло чунин мефармояд: «Ба сабаби аъмоли мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад, бошад, ки бозгарданд!» (сураи Рум, ояи 42). Агар боваратон намеояд «Шумо интизорӣ бикашед, мо низ мунтазир мемонем!» (сураи Ҳуд, ояи 122), то ин ки вақт ҳақро бар ботил пирӯз кунад.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»-
22.06.2025 14:51
173
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
292
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
308
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
531
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
637
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
531
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
122
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
175
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
152
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
1014
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1727
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3410
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
13.07.2025 14:05
91
“Мубориза бо коррупсия вусъати тозае пайдо хоҳад кард!”
-
13.07.2025 14:03
79
“Вазъи худкушӣ ва сӯиқасд ба он”
-
13.07.2025 13:58
75
“Замин моликияти истисноии давлат аст!”
-
20.03.2025 11:59
544
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
792
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
914
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
492
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
528
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
496
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
815
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1049
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1917
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
659
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
635
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1829
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2149
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2150
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2362
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
567
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
497
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
984
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3112
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3549
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3551
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
578
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
685
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
713
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд