ҶАМЪ МИЁНИ ДУ НАМОЗ
Аз силсилаи посухҳои Юсуф ҚарзовӢ ба суолҳо
Суол: Оё ҷамъ миёни намози зуҳр ва аср бахотири ҳузур дар ҷашн ё маросиме, ки аз зуҳр то мағриб (аз пешин то шом) идома дорад, ҷоиз аст?
Ҷавоб: фуқаҳои Ҳанбалӣ ҷамъ миёни намози зуҳр ва аср ва ё мағриб ва ишоро дар баъзе мавридҳо ба хотири узри мувоҷеҳ барои зан ва марди мусалмон иҷоза додаанд ва он тасҳил ва осонгирии азиме нисбат ба мусалмонон аст. Дар ҳадис ворид шудааст: «Паёмбар (с) ҷуз дар ҳангоми мусофират ва бориши борон низ, гоҳ намозҳоро ба сурати ҷамъ адо менамудаанд». Аз Ибни Аббос (р) суол шуда, ки манзури Паёмбар (с) аз ин кор чӣ будааст? Вай ҷавоб дод: «Он Ҳазрат (с) хостаанд, ки умматро дар тангно қарор надиҳанд». Ин ҳадис дар Саҳеҳи Муслим омадааст.
Ҳар гоҳ, дар баъзе мавқеъҳо инсон барои адои ҳар як намозҳои панҷгона дар вақти худаш, бо мушкил ва сахтӣ рӯ ба рӯ шавад, рухсат ва ҷамъи онҳоро дорад, ба шарте, ки онро одат ва равиши ҳамешагии худ насозад, яъне дар фосилаи ду ё се ё чанд рӯз ин кор идома пайдо накунад. Масалан шахс бихоҳад мураттабан дар ҷаласа ё семинаре ё муносибатҳое монанди он, ки замонашон ба ҳам наздик аст, ширкат кунад.
Бинобар ин, ҷавози ҷамъ миёни ду намоз, ба нудрат ва гоҳ ба гоҳ ва фақат барои рафъи сахтӣ ва машаққатест, ки инсон муваққатан бо он рӯ ба рӯ мегардад, барои мисол, полиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ дар мавқеъҳое, ки қабл аз мағриб то баъд аз ишо (хуфтан) муваззаф аст сари пости худ бошад, метавонад бар ҳасби имкон ва тавоноии худ ба сурати ҷамъи тақдим ё ҷамъи таъхир (намозҳои пешин ва асрро якҷо ва шому хуфтанро дар як вақт хонад), он ду намозро ҷамъ намояд.
Ҳамчунин, пизишке, ки машғули амали ҷарроҳӣ ё муолиҷаи беморе бошад ва имкони тарки онро надошта бошад, метавонад дар партави тасҳили шариъат ва рӯҳи тайсир(осонгир)-и исломӣ ва ба хотири рафъи машаққат намозҳои худро ба сурати ҷамъи тақдим ва ё ҷамъи таъхир адо намояд. Вале муътақид нестам, ки ҳузур дар ҷашн ва маросиме, ки ба муносибате баргузор шудааст ва барои адои намоз низ фурсати кофӣ вуҷуд дорад, битавонад ба унвони зарурат ё узри муваҷҷаҳе барои ҷамъ миёни ду намоз талаққӣ гардад.
Ва набояд ҳеҷ кас аз зану мард барои иқомаи намоз, дар ин навъ маҷолис шарм ва ҳаё ба худ роҳ диҳад. Зеро шарму ҳаё нисбат ба адои вазифаҳои динӣ, аз ҷумла намоз ва мутаъалиқоти он, дар ҳеҷ замон ва маконе ҷоиз нест. Балки баръакс воҷиб аст инсон дар адои намоз худро намунаи шоистае барои дигарон қарор диҳад ва мардумро ба намоз одат диҳад, зеро намоз яке аз шаъоири Илоҳӣ аст, ки бояд ошкоро адо шавад ва мусалмонон бояд ба сурати аланӣ намоз бигузоранд ва онро бузург бишуморанд: «Ҳар кӣ шаъоири Илоҳиро бузург бишуморад, дар ҳақиқат ҳокӣ аз покии дилҳост» (Ҳаҷ, ояи 32).
Яке аз айбҳои бисёре аз ҷашн ва маросимҳо, ки дар бисёре аз кишварҳои исломӣ барпо мешавад, ин аст, ки бидуни таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқи Худованд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба замир ва қалби мӯъминоне, ки нисбат ба адои намоз дар авқоти худ исрор ва иҳтимом доранд, авқоти намоз, ба вижа намози мағрибро, фидои он ҷашн ва маросим мекунанд.
Агар намозгузорони воқеӣ, ки дар ин навъи маросим ҳузур меёбанд, мувозиб ва муроқиби адои намоз дар вақти он мебуданд, масъулон ва муҷриёни маросим ва ҷашнҳо низ дар барномарезии худ барои вақти намоз, ҳазорон ҳисоб боз мекарданд.
Ба ҳар ҳол, ҳар касе барои иқомаи намоз сари вақт дучори машақкате гардад, метавонад мутобиқ ба ончӣ баён намудем намозҳои худро ба сурати ҷамъ адо кунад…
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
167
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
76
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
420
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1841
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?