ДУЪОҲОИ МАЪСУР ВА ҒАЙРИ МАЪСУР ДАР ҲАНГОМИ ВУЗӮ ГИРИФТАН
Аз силсилаи посухҳои Юсуфи ҚарзовӢ ба суолҳо
Суол:- Аз баъзе мардум мешунавем, ки дар аснои вузӯ дуоҳои муайянеро ба забон меоваранд. Ҳукми ин азкор (дуоҳо) ва аврод, чист? Ва ҳукми вузӯ (таҳорат) бидуни онҳо чӣ гуна аст?
Ҷавоб:- Эътиқоди бисёре аз мардум бар ин аст, ки амсоли ин азкор ва аврод воҷиб ҳастанд ва вузӯ бидуни онҳо нотамом хоҳад буд. Ҳатто рӯзе аз шахсе пурсидам чаро намоз намехонӣ?
Гуфт:
-Шеваи вузӯ гирифтанро намедонам.
Аз сухани ӯ шигифтзада шудам ва гуфтам:
-Оё касе ҳаст, ки надонад, чӣ гуна бояд сурат ва дастҳояшоро бишӯяд ва сарашро масҳ кунад ва поҳояшро бишӯяд?
Ҷавоб дод:
-Дуоҳоеро мардум мехонанд аз бар надорам.
Чунин мепиндошт, ки ин дуоҳо аз лавозим ва аркони вузӯ мебошанд.
Ҳақиқат ин аст, ки дар бораи дуоҳои вузӯ ба ҷуз ин як дуо аз Паёмбар (с) ҳадиси саҳеҳ дар ихтиёр надорем: «Аллоҳуммағфирлӣ занбӣ ва вассиъ лӣ фӣ дорӣ ва борик лӣ фӣ ризқӣ» (Худовандо! Гуноҳамро биёмурз ва маскану маъвоямро кушоиш деҳ ва ба ризқу рӯзиям баракат деҳ).
Назари иддае бар ин аст, ки Паёмбар (с) ин дуоро дар аснои вузӯ мехонд ва бархе гӯянд, ки дар поёни вузӯ онро мехонд.
Он Ҳазрат (с) дар поёни вузӯ мефармуд: «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу лошарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу» (Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеч маъбуди ба ҳаққе ба ҷуз Худованд якто ва бешарик нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худованди мутаъол аст).
Амсоли ин дуоҳо мустаҳаб аст ва ба хусус ҳеҷ дуои воҷибе дар вузӯ манзур нагардидааст ва он дуоҳои дигаре, ки баъзе дар асно (вақт) ва поёни вузӯ мехонанд, на воҷиб аст ва на мустаҳаб, ба далели ин ки чунин дуоҳое на аз сӯи Паёмбар (с) ва на аз сӯи ҳеҷ як аз асҳоб (ёрони он Ҳазрат(с), барои мо ривоят нашудааст. Аз ҷумлаи дуоҳое, ки дар ибтидои вузӯ мегӯянд: «Алҳамду лиллоҳи лазӣ ҷаъалалмоа таҳуран вал-ислома нуран» (Сипос Худоеро ки обро поккунанда ва исломро нур қарор дод).
Ва ҳангоми истиншоқ (биниро таконида бо об шустан) мегӯяд: «Аллоҳуммарҳамнӣ бироиҳатилҷаннати» (Худовандо! ба василаи бӯи биҳишт ба ман раҳм кун).
Ва ҳангоми шустани сурат (рӯй) мегӯянд: «Аллоҳумма баййиз лӣ ваҷҳӣ явма табяаззу вуҷӯҳун ва тасвадду вуҷуҳ» (Худоё, рухсори маро сафед гардон дар рӯзе, ки баъзе рухсораҳо сафед мегарданд ва баъзе сиёҳ).
Ва ҳангоми шустани дасти рост мегӯяд: «Аллоҳума аътинӣ китобӣ би-яминӣ» (Худоё, номаи аъмоламро ба дасти рости ман бидеҳ).
Ва ҳангоми масҳи сар мегӯянд: «Аллоҳумма ҳаррим шаърӣ ва башаратӣ ъалан-нор» (Худоё, мӯй ва пӯсти маро аз оташи дӯзах маҳфуз бидор).
Ин адъия (дуоҳо) ва амсоли онҳо баъд аз қарнҳои аввали ҳиҷрӣ ваъз гардидаанд ва ҳеҷ гуна ривояти маъсуре дар бораи онҳо аз шариъат ворид нашудааст, дар ҳадиси Набавӣ омада, ки: «Аз бидъатҳо ва навовариҳои динӣ парҳез кунед, ки ҳар бидъат ва навоварӣ дар дин гумроҳӣ аст».
Ҳамаи хубиҳо дар ин аст, ки ибодот ва маросими мазҳабиро амри маъмул ва муҳаддад бидонем ва дар ҳудуди шариъат таваққуф намоем ва аз он по фаротар наниҳем, ки дар вартаи ҳавлноки бидъат дар хоҳем уфтод. Асл ё мабнои дин бар ду чиз аст:
1.Ҷуз Худованди якто ҳеҷ кас шоистаи ибодат ва парастиш нест, ки ин ҳамон тавҳид аст.
2. Ибодати худро ҷуз мутобиқи шариъат қарор надиҳем ва дар тоъат ва бандагии Худованд ормонҳои шахсӣ ва фирқаиро дахил (ҳамроҳ) нагардонем.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/4584-az-silsilai-posukhhoi-yousufi-qarzovi.html
-
25.10.2025 14:42
393
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
455
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
11.10.2025 12:48
444
Изҳороти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
26.09.2025 12:42
327
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
373
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1101
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
397
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
327
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
339
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1532
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1467
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2164
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:37
396
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
262
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
12.10.2025 18:35
226
«Муроҷиатҳо зери назоратанд!»
-
24.09.2025 19:54
276
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
367
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
299
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
256
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
399
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
869
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1436
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1502
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2402
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1109
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1077
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2290
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
318
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
323
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
365
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
921
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1091
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
916
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3436
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3588
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4060
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
508
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
511
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
597
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































