ВАСФИ ЧАРОҒИ УММАТИ АҲМАД
Муҳаммадюсуфи Фозилзода (Эшони Мирзо) соли 1956 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омад. Ӯ зимни таҳсил дар мактаби миёнаи зодгоҳаш баъзе аз риштаҳои улуми исломӣ ва ирфониро аз қиблагоҳаш, ки дар ин замина вуқуфи комил дошт, фаро гирифт. Муҳаммадюсуфи Фозилзода имрӯз аз донандагони шоистаи Маснавии Маънавии Мавлавӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин роҳ шогирдони зиёде тарбия кардааст. Эшони Мирзо ҳамчунин аз мунавварфикрони замони мост. Ашъори ӯ мамлув аз маъниҳои баланди ирфонист. Қасида дар мадҳияи ҳазрати Имоми Аъзам аз навиштаҳои ахири ин донишманди илму ирфон ба ҳисоб меравад. Он бори аввал дар ин сомонаи интернетӣ пешкаши муштариён мегардад.
Қасида дар мадҳияи Имоми Аъзам
Абӯ Ҳанифа ибни Собит (р)
Ба номи он, ки ҷаҳонаш ба зери фармон аст,
Аз Ӯст ҳарчи ҳувайдо ва ҳарчӣ пинҳон аст.
Дуруди Ӯ ба равони ҳабиби маъсумаш,
Ҳабиби мо, ки ба дилҳо қариб аз ҷон аст.
Зи пайравони ҳабиби Худо бувад Нӯъмон,
Асоси мазҳаби покаш ҳадису Қуръон аст.
Чу нури илм гирифт аз китобу аз суннат,
Барои уммати Аҳмад чароғи тобон аст.
Муҳити аъазми фиқҳаш гирифт гетиро,
Имоми Аъзам аз ин рӯш гашта унвон аст.
Расул дода башорат зуҳури Нӯъмонро,
Расида муждаи илмаш барои Салмон аст.
Чу бар фарози Сурайё парид идрокаш,
Биёфт ончи, ки бар халқ нонамоён аст.
Ба фаҳму дарки ҳақиқат расид бар ҷое,
Ки олимони ҷаҳонро намуда ҳайрон аст.
Худо бидод зи тақво барояш ин дониш,
Вагарна баҳри кас ин дарк ғайриимкон аст.
Гирифта баҳра зи фиқҳу зи ҳикмати Нӯъмон,
Нигар ба дидаи таҳқиқи ҳар мусалмон аст.
Имоми шофеъи гуфташ имоми фиқҳи ҷаҳон,
Аёли ӯст ҳар он кас, ки аз фақеҳон аст.
Мақоми шофеъии Идрисро касе донад,
Барои ӯст суханаш ҳуҷастаасту бурҳон аст.
Чи Шофеъву чӣ Моликӣ чи Аҳмади Ҳанбал,
Гирифта баҳра якояк зи фиқҳи Нӯъмон аст.
Аз ӯ гирифта Абӯюсуф Абӯ Муҳаммад илм,
Ҷаҳон зи донишашон даст дар гиребон аст,
Имом ибни Муборак, ки дар ҳадиси Набӣ,
Амири аср бувад, аз пайравони эшон аст.
Касе, ки гуфт зи илми ҳадис огаҳ нест,
Абӯ Ҳанифа каломаш дурӯғу бӯҳтон аст,
Пайи ризои Худо будаст таълимаш,
Насиби ӯ зи Худо раҳмат асту Ризвон аст.
Ба зуҳду донишу тақвову хулқи некаш,
Писанди халқу писанди Худои субҳон аст.
Ба қолу ҳол фаридаи замони худ буд,
Муриди мактаби ӯ шайхи Руму Гелон аст.
Абӯ Ҳанифа Сӯфии Кӯфияш гӯянд,
Вале дар аслу насаб тоҷики Хуросон аст.
Надошт бим ба ҷуз аз Худойи беҳамто,
Кашида баҳри Худо ранҷи зарбу зиндон аст.
Надошт бими маломат барои Ҳақ гуфтан,
Ба панди талх насиҳатномаи Султон аст.
Ҳамеша дар пайи инсофу адл мекӯшад,
Шаҳиди Ҳақ шуда бо заҳру зулму туғён аст.
Ҳаёти ӯ ҳама панд аст баҳри доноён,
Барои суфтани зангори мо чу сӯҳон аст.
Умеди мост зи фазли Худойи беҳамто,
Ба рӯзи ҳашр шафоатгари ҳазорон аст.
Худо Шакур бувад пас ҷазои ӯ некӯ,
Зи рӯйи раҳмату лутфаш фузун зи мизон аст.
Чу ҳаст мазҳаби ӯ дилписанди некӯён,
Дуои хайр зи некон бар ӯ фаровон аст.
Ту ҳам дуову тиловат фирист бар рӯҳаш,
Ки ӯ валии Худованди Поку Маннон аст.
Касе дуъо бифиристад ба рӯҳи некӯён,
Барои худ зи Худованд ҷуста дармон аст.
Сутудааст Набии қавми қарни аввалро,
Ки карда баъсат Аҳмад зуҳур дар он аст.
Абӯ Ҳанифа дар он қарн бувад, пинҳон нест,
Ки беҳтарини қурун дар тамоми даврон аст.
Бидон, Муҳаммади Фотеҳ зи пайравони ӯст,
Амири лашкари фотеҳ зи оли Усмон аст.
Бишуд башорати Аҳмад насиби ин лашкар,
Сулуку мазҳаби Нӯъмон ба мадҳи шоён аст.
Агар назар бинамойи ба дидаи таҳқиқ,
Далели донишу фазлаш ҳазор чандон аст.
Китобу ҳикмати асҳоби мазҳаби Нӯъмон,
Фузун зи қатраборони абри найсон аст.
Зи илму маърифат ӯро бидод Ҳақ хоне,
Дар он ҳамеша ҳазорон ҳазор меҳмон аст.
Ҳамеша мазҳаби ӯ ҳаст то ҷаҳон боқист,
Матин ҳамеша чу онро асосу бунёнан аст.
Бидон, ки мункири Нӯъмон зи фарти нодонӣ,
Кашида парда ба рухсори худ зи домон аст.
Ба мазҳабаш назанад таъна дар ҷаҳон ҳаргиз,
Магар касе, ки ҳасуд аст ё нодон аст.
Ҳасуд душмани хеш асту ӯ зи нодонӣ,
Ниҳода сар ба тайи путки рӯйи сандон аст.
Ҳазор шукр Худоро, ки роҳи донишро,
Ба саъйи мардуми огоҳ карда осон аст.
Баёни фазли бузургону шукр ба онон,
Ба назди шаръу ба назди хирад зи эҳсон аст.
Ҳасуди бехирад аз зикри фазли доноён,
Гузида аз ғазаб ангуштро ба дандон аст,
Касе, ки душманӣ бо дӯстони Ҳақ варзид,
Ниҳода сар ба таги теғи чашми Яздон аст.
Барои тафриқа дар байни уммати ислом,
Зи сӯйи душмани миллат талоши пинҳон аст.
Барои ваҳдати миллат талош кун ҳар дам,
Ба бод меравад он манзиле, ки вайрон аст.
Бидон, ки ваҳдати мо киштии амони мост,
Бурун зи киштии ваҳдат ҳазор тӯфон аст.
Бирав ба роҳи ниёгон, ки ганҷи ирфонро,
Биёбад он ки масираш раҳи ниёгон аст.
Касе, ки раҳ набурд ӯ зи чашмаи ирфон,
Мисоли ташнаи саргашта дар биёбон аст.
Каломи Румиву Саъдиву Бедилу Аттор,
Зи баҳри маърифату ишқ, дурру марҷон аст.
Биҷӯй ту ҳикмати ирфон зи дафтари онон,
Ки аз барои дилу ақли нек дармон аст.
Надид ҳикмати ашъори он бузургонро,
Касе, ки дар хиради ӯ зи ҷаҳл нуқсон аст.
Ба ҷон шав ту харидори гавҳари ирфон,
Ба ҳар баҳош ба даст оварӣ ту, арзон аст.
Ҳар он ки нест талабгори ҳикмату ирфон,
Баҳима аст, ба сурат агарчи инсон аст.
Агар таҷаллии ҳуснаш напарварад дилро,
Ҷаҳон ба назди хирадманд ҳамчу зиндон аст.
Бирав зи Румиву Аттор дарси ишқ омӯз,
Бигир дарси адабро, ки дар «Гулистон» аст.
Ба «Бӯстон»-и муҳаббат бирав, ки то бинӣ,
Дар он барои дилу ақл рӯҳу райҳон аст.
Зи «Бӯстон»- у «Гулистон» ту гар шавӣ огоҳ,
Ҳамеша баҳри ту офоқ чун баҳорон аст.
Бирав ту ҳамчу ниёгон ба ҷодаи мазҳаб,
Шукӯҳу ваҳдату иззат ҳамеша дар он аст.
Ҳазар намо ту зи ломазҳабони саргардон,
Зи мазҳаб он ки ӯ бурун рафт, ӯ парешон аст.
Бидон ҷамоъату суннат раҳи наҷоти мост,
Бурун зи раҳи ҷамоъат макони шайтон аст.
Касе, ки ғайри сабиле, ки мӯъминон рафтанд,
Раваду ид «Ва наслиҳӣ»- аш ба поён аст.
Барои тафриқа он ки қадам занад медон,
Агар диҳад ба ту ӯ шаҳд душмани ҷон аст.
Талоши рофизиву хориҷӣ яқин бошад,
Барои тафриқаи мо ҳамеша яксон аст.
Касе зи роҳи салаф дур шавад зи нодонӣ,
Бидон, ки дода ба бегона дасти паймон аст.
Барои мазҳабу дин ҳар киро талош нест,
Чӣ баҳрааш зи номусу нангу имон аст?
Эмомъалӣ, ки пайи ҷашни мавлуди Нӯъмон,
Талош кард хирадманду поквиҷдон аст.
Барои ваҳдати миллат талош месозад,
Гирифта дарс зи таърихи Оли Сомон аст.
Зи раҳнамуди ниёгон барои худсозӣ,
Кушода мактабу мадрасаву дабистон аст.
Худо ҳидояту тавфиқро кунад ёраш,
Ки саъйи ӯ пайи таъмири Тоҷикистон аст.
Зи файзи мазҳаби Нӯъмон дар ин диёри мо,
Ҳумойи бахт ба лутфи Худо парафшон аст.
Аз ин пайём ҳар озода шодмон гардад,
Чи ҳиндӣ ё чи араб ё чи турк ё афғон аст.
Муҳаммадюсуфи Фозил,
саримом хатиби масҷиди ҷомеъи
ба номи Муҳаммад Иқболи ноҳияи Мастчоҳ
-
22.06.2025 14:51
149
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
271
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
285
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
507
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
611
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
496
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
90
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
155
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
130
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
988
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1699
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3390
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
148
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
134
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
146
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
517
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
770
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
891
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
467
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
505
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
476
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
781
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1028
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1893
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
635
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
613
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1806
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2127
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2124
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2336
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
540
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
479
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
959
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3086
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3523
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3521
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
555
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
666
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
692
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд