А. ФИТРАТ «МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ» 6
Чунончи аз дарсҳои гузашта фаҳмидем, аз замони вафоти Пайғамбар то замони Муъовия халифагӣ ҳаққи махсуси ҳеҷ кас набуд. Мусалмонон ҳар касро, ки мехостанд, халифа мекарданд. Вақте ки баъд аз истеъфои имом Ҳасан Муъовия ба хилофагӣ муқарар шуд, халифагиро авлодӣ карда, писари худ Язидро валиаҳд намуд. Баъд аз он халифагӣ ба хонадони ин монд. Аз он ҷо ки аз қабилаи Банни Умая буданд, инҳро Умавия мегӯянд.
Аз ин ҷамоъа чаҳордаҳ кас ба навбат халифа шуданд. Мудатти халифагии онҳо наваду ҳафт сол ва пойтахташон шаҳри Шом аст. Машҳуртарини халифаҳои Умавия: Муъовия, Язид ва Валид бинни Абдулмалик ва охирони онҳо Марвон бинни Муҳаммад мебошад. Акнун камтар аз аҳволи ҳаминҳо баён мекунем.
МУЪОВИЯ БИННИ АБИСАФИЁН
Муъовия муассиси давлати Умавия аст. Дар замони ҳазрати Умар ба вилояти Шом волӣ шуда буд. Баъд аз қатли ҳазрати Усмон ба ҳазрати Алӣ исён намуда, хуни ҳазрати Усмонро даъво кард ва ба ҷанги Сафин сабаб шуд. Баъд аз шаҳид шудани ҳазрати Алӣ ва истеъфои имом Ҳасан тахти хилофатро соҳибӣ кард. Бисёр тавозӯъкор ва соҳибтадбир буд.
Бузургони ҳар вилоятро ба зури пул тарафдори худ мекард. Дар замонаш лашкари ислом баъзе шаҳрҳоро гирифтанд. Ҳатто шаҳри Истонбулро ҳам муҳосира карданд, лекин гирифта натавонистанд. Аввал касе, ки дар вилоятҳои ислом қозӣ ва муфтӣ фиристод, роҳҳоро дуруст сохт ва почта таъсис кард, ҳамин зот буд. Дар зиндагии худ писарашро валиаҳд карда, дар соли шастуми ҳиҷрат вафот намуд.
ЯЗИД ВА ҲОДИСАИ КАРБАЛО
Язид бинни Муъовия ба ҷои падараш нишаст. Аз ин кор аҳли Макка ва Куфа дар ғазаб шуданд. Аҳли Куфа ба имом Ҳусейн хат навиштанд, ки «Мо аз Язид безорем, биёед шуморо халифа мекунем». Имом Ҳусейн ба суханони онҳо фирефта шуда, бо аҳли байт ва мутааллиқони худ, ки ҳафтоду ду нафар буданд, аз Мака ба сӯи Куфа равон шуданд. Язид ин воқеъаро шунида, лашкар фиристод. Лашкари Язид дар Карбало ном мавзеъе ба ҳазрати Ҳусейн рӯ ба рӯ омада, он ҷанобро бо тобеъонаш куштанд ва дили мусалмононро аз ин ҷинояти бераҳмонаи худ пурхун намуданд.
Аз он ҳодиса ба ҷуз имом Зайнулъобиддин бинни имом Ҳусейн, ки кӯдаки хурдсол буд, каси дигаре халос наёфт. Ин хабарро шунида, аҳли Макка ба ғазаб омаданд ва Абдуллоҳ бинни Зубайро халифа карданд. Аҳли Мадина ҳам ба ӯ тобеъ шуданд. Язид бар сари онҳо ҳам лашкар фиристод. Лашкараш аввалан Мадинаро ба чанг гирифта, баъд аз он омада, Маккаро муҳосира карданд. Дар ҳамин ҳангом хабари мурдани Язид шунида гашта рафтанд.
ВАЛИД БИННИ АБДУЛМАЛИК
Валид баъд аз мурдани падараш дар соли ҳаштоду шашум ба тахти хилофат нишаст. Дар замони ин халифа бисёр мамлакатҳо ба дасти мусалмонон даромад. Муҳаммад бинни Қосим ном сардораш баъзе шаҳрҳои Ҳиндустонро гирифт. Қутайба бинни Муслим ном як сардори дигараш Туркистон ва Кошғарро забт намуд.
ФАТҲИ УНДАЛУС
Ундалус дар канори ғарби ҷанубии Урупо мебошад. Дар харита нигоҳ кунед, мебинед, ки мамлакати бисёр васеъ аст. Дар замони мо Испаниё ва Пуртагиз ном ду давлат дар он ҷо ҳукумронӣ доранд. Мамлакати Ундалус аз тарафи шимол ҳамсояи Фаронса ва аз тарафи ҷанубӣ ҳамсояи мамлакати Форс аст. Дар миёни Форс ва Ундалус буғозе ҳаст, ки ӯро Буғози Сабта мегӯянд. Инак, ҳамин мамлакат ҳам дар айёми хилофати Валид бинни Абдулмалик ба дасти мусалмонон гузашт, ба ин тариқа, ки мамлакати Миср то Фое ҳама дар дасти аҳли ислом буд.
Волии инҳо, ки Мӯсо бинни Насир ном дошт, ба Валид мактуб навишт, ки агар халифа рухсат диҳад, ман мамлакати Ундалусро фатҳ мекунам. Валид рухсат дод. Мӯсо бинни Насир Тариқ бинни Заёд ном ғуломи худро ҳамроҳи андак лашкар фиристод, ки аз аҳволи Ундалус хабар биёрад. Тариқ бо ҳамон лашкари кам аз Буғози Сабта гузашта, ба хоки Ундалус даромад ва дар зери кӯҳе, ки ба қарибии Буғоз буд, истод.
Аввалан кемаҳоро оташ дода, сӯхта ба ҳамроҳони худ гуфт, ки «Акнун моро роҳи баргаштан намонд. Ғайрат кунед, пеш меравем ва ин мамлакати ободро мегирем». Баъд аз он аз зери кӯҳ равона шуда, бо ҳукуматдорони Ундалус ҷанг кардан, шаҳри онҳоро гирифт. Ҳамон кӯҳро то имрӯз Ҷабал-ут-Тариқ ва Буғози Сабтаро ҳам Буғози Ҷабал-ут-Тариқ мегӯянд. Мӯсо бинни Насир ин хабарро шунида, худаш ба лашкари худ ба Ундалус омад. Ҳар ду сардор яке шуда, бо мардуми Ундалус ҷангҳо карда, он мамлакатро гирифтанд.
МАРВОН БИННИ МУҲАММАД
ВА ЗАВОЛИ ДАВЛАТИ УМАВИЯ
Баъд аз мурдани Валид бинни Абдулмалик дигар касоне, ки халифа шуданд, аксарашон золим, хунрез ва фосиқ буданд ва дар ҳаққи мусалмононе, ки араб набуданд, бисёр зулму ҷабр мекарданд. Зотан мусалмонон дар воқеаи Карбало боз аз инҳо безор буданд, нафрат менамуданд, лекин он вақтҳо давлати Умавия зӯр буд, мардум метарсиданд, нафрати худро изҳор карда наметавонистанд. То дар соли яксаду бисту ҳафтуми ҳиҷрат Марвон бинни Муҳаммад, ки охирин подшоҳони Умавия аст, ба тахти хилофат нишаст. Ин мард бисёр ғайрат ва дониш дошт. Чӣ фойда, ки бинои давлати Умавия аз шуми зулми фисқи ҳукуматдорони аввал пӯсида буд, нигоҳ доштанаш мумкин намешуд.
Мардум аз ҳар тараф исён карда Марвонро саргардон менамуданд, то замоне ки Абӯмуслими Хуросонӣ зоҳир шуд. Абӯмуслим яке аз миллатпарварони Ирон буд. Барои ин ки миллати худро аз зулми халифаҳои Умавия халос кунад, ба даври худ одам ҷамъ карда, бо тарафдорони давлати Умавия ҷангҳои сахт намуд. Абӯмуслим мегуфт, ки «Банни Умая халифагиро ғасб карданд, аз онҳо халифагиро гирифта, ба соҳибони аслиаш медиҳем».
«Ин сухани Абӯмуслим ба мардум қабул мешуд, ба давраш ҷамъ меомаданд, рӯз ба рӯз қувват гирифта, то дар соли яксаду сиюдуюми ҳиҷрат лашкари Марвонро тамоман шикаст дод, Марвон гурехта рафт. Абӯмуслим Абулаббос ном шахсеро, ки аз авлоди ҳазрати Аббос буд, халифа кард. Инак ба ҳамин тариқа, халифагӣ аз хонадони Банни Умая ба хонадони Банни Аббос гузашт.
ХИЛОФАТИ АББОСИЯ
Ҳазрати Аббос амаки ҳазрати Пайғамбар буданд. Аббосия аз авлоди ҳазрати Аббос ҳастанд. Баъд аз он ба саъй ва ғайрати Абӯмуслими Хуросонӣ хилофат аз Умая ба инҳо гузашт, як ду халифаи аввалашон «Аз Умая интиқом мегирем» гуфта бисёр хунрезӣ ва беинсофӣ карданд.
Баъд аз он ду се халифаи дигарашон ба илму санъати мусалмонон ва бо ободии мамлакати ислом бисёр кӯшишу хидмат карданд. Бақияашон ба завқу сафоҳат машғул гардиданд. Дар замонашон олами ислом порча порча шуд, дар ҳар тараф подшоҳону амирон пайдо гаштанд.
Аз ҷамоъаи Аббосия сию ҳафт нафар халифагӣ карданд, муддати хилофаташон панҷсаду бисту чаҳор сол ва пойтахташон Бағдод аст. Машҳуртарини инҳо Ҳорунаррашиду Маъмун ва охиринашон Мустаъсими Биллоҳ мебошад, ки камтар аз аҳволи онҳо дар поён мехонед.
ҲОРУНАРРАШИД
Ҳорунаррашид дар соли яксаду ҳафтоду се ба тахт нишаст. Халифаи панҷуми Аббосия аст. Ҳорунаррашид яке аз подшоҳони бузурги ислом аст. Дар замонаш хеле мадрасаҳо, китобхонаҳо ва шифохонаҳо сохта шуд.
Ин халифа одил, ҳақиқатдӯст, маорифпарвар, соҳибазамат ва дорои шавкат буд. Бисёре аз китобҳои илмӣ ва фанниро аз Ирону Руму Ҳиндустон оварда ба забони арабӣ тарҷума кунонид. Санъатро ҳам ривоҷ дод. Дар замони ӯ мусалмонон соати зангнокро ихтироъ карданд. Ҳорун яке аз он соатҳоро ба яке аз подшоҳони Фарангистон фиристод.
Мардуми он ҷо ҳанӯз соати зангнокро надида буданд. Бинобар он соати мазкурро асари сеҳру ҷоду гуфта тарсиданд. Ҳорунаррашид бо импиротури Рум ҷангҳо карда, ӯро хироҷгузори худ гардонид. Вазираш Яҳё бинни Холиди Бармакӣ буд. Баъд аз Яҳё писаронаш Фазл бинни Яҳё ва Ҷаъфар бинни Яҳё низ ба Ҳорун вазирӣ карданд. Ин се вазир ҳам ба адлу инсоф ва ба хайру эҳсон машҳури ҷаҳонанд. Дар таърих онҳоро Оли Бармак мегӯянд.
МАЪМУН АЛ-МУСТАЪСИМИ БИЛЛОҲ
ВА ЗАВОЛИ ДАВЛАТИ АББОСИЯ
Баъд аз Маъмун аз ҷамоъаи Аббосия бист нафари дигар халифагӣ карданд. Лекин аксари онҳо ӯҳданобарову сусттабъ ва баъзеи онон сафеҳу бадақлоқ буданд. Бинобар он давлати Аббосия рӯз ба рӯз танозул кард. Рафта – рафта ба ҳар тарафи мамлакатҳои исломӣ як подшоҳи дигар пайдо гардид. Халифаҳои Аббосӣ дар Бағдод нишаста, тобеи фармони яке аз ин подшоҳ мешуданд. То ки дар санаи 645 ал – Мустаъсими Биллоҳ халифа шуд.
Ал Мустаъсим халифаи охирин Аббосия аст, марде сусттабъ буд. Понздаҳ сол халифагӣ кард. Дар санаи 656 Ҳалокухон омада Бағдодро гирифт, халифаро ҳамроҳи писаронаш кушт, ҷамъи мадраса ва китобхонаҳоро сӯхт. Бағдоди биҳиштободро дар миёни хуну оташ гузошт. Давлати Аббосияро низ барҳам зад. Амаки ал-Мустаъсим аз дасти Ҳалок гурехта, ба Миср рафт, ба амири онҷо худро шиносонид. Амири Миср ӯро халифа карда, дар назди худ нигоҳ дошт. Баъд аз он дар Миср ҳам чаҳордаҳ нафар аз Аббосия халифагӣ карданд. Лекин халифагии онҳо подшоҳӣ набуд, балки шайхӣ буд. Давлати Усмония халифагиро аз ҳаминҳо гирифтааст.
ДАВЛАТИ УМАВИЯИ УНДАЛУС
Дар дарсҳои боло гузашта буд, ки дар санаи 132 ба саъю кӯшиши Абӯмуслими Хуросонӣ хилофат аз хонадони Умавия ба хонадони Аббосия гузашт ва як ду халифаи Аббосӣ ба нияти интиқом гирифтан бисёре аз Умавиёнро куштанд. Дар ҳамон вақтҳо Абдураҳмон бинни Муъовия бини Ҳишом ном яке аз онҳо гурехта ба Ундалус рафт. Мусалмонони Ундалус ӯро дар миёни худ подшоҳ карданд.
Абдураҳмон дар санаи 135 ба тахти салтанати Ундалус нишаста, ба ободоии он мамлакат бисёр хидмат кард. Масҷидҳо ва мадрасаҳо бино кард, ҷӯйҳо ва роҳҳо дуруст намуда, зироат ва тиҷорати он мамлакатро тараққӣ дод. Инак ба ҳамин тариқа, дар мамлакати Ундалус низ як салтанати исломӣ таъсис ёфт.
Бузургтарин подшоҳони Ундалус Малик Абдураҳмони Солис аст, ки дар сана 291 подшоҳ шуда, қитъаи Ундалусро аз роҳи илму маданият беҳтарин мамлакатҳои олам сохт. Дар харита нигоҳ кунед, мебинед ки Ундалус, яъне Испания ҳамсояи Фаронса аст. Дар он вақтҳо мардуми Фарангистон ба Ундалус омада, дар мадрасаҳои мусалмонӣ илму фан хонда мерафатанд. Аз он ҷост, ки таърихдонони олам мусалмонони Ундалусро устоди Фарангистон мегӯянд.
Давлати Ундалус то ба санаи 422 ба ҳамин шавкату бузургӣ пойдор буд. Баъд аз он ба шуми нифоқи мардум ва беандешагии подшоҳон мамлакат порча – порча шуд ва ҳар порча ба дасти як амире уфтод. Ин амирон бо вучуди мусалмон будан бо ҳамдигар доимо ҷанг доштанд ва насрониён аз худкушии онҳо баҳра бурда, баъзе вилоятҳояшонро мегирифтанд. То кор ба ҷое мерасид, ки дар замони Абӯабдуллоҳи ас – Сағир, ки охирин подшоҳони Ундалус аст, аз шаш тақсими Ундалус як тақсимаш ба дасти ӯ монд ва дигараш ба дасти насрониён гузашта буд.
Подшоҳи насрониёни Ундалус, ки номаш Фординонд буд, шаҳрҳои Абӯабуллоҳи ас-Сағирро ҳам кам кам гирифта омада, шаҳри Ғарнотаро, ки пайтахти ӯ буд, муҳосира кард. Абӯабдуллоҳ чорае наёфта шаҳрро маъа тоҷу тахташ ба Фардинонд супурда, чизҳои худро бардошта, ҳамроҳи аҳлу аёлаш кӯчида рафт. Ба ҳамин тариқа, ҳукумати Ундалус тамоман ба дасти насрониёни он ҷо уфтод. (870)
ОҚИБАТИ ҲОЛИ МУСАЛМОНОНИ УНДАЛУС
Дар замоне ки мусалмонон дар Ундалус ҳукмрон буданд, насрониёни он ҷоро бисёр осудаву роҳат медоштанд, ба онҳо аз ҳеҷ ваҷҳ зулму таадӣ намекарданд. Лекин баъд аз он ки ҳукумати исломияи он ҷо ҳам барҳам хурд ва мамлакат ба дасти Фардинонд уфтод, дарвозаи зулму бемуруватиро ба рӯи аҳли ислом кушод.
Онҳоро ба зӯр ва ҷабр насронӣ кард, додашонро напурсид, масҷиду мадрасаҳояшонро вайрон сохт, баъзеашонро кушт, баъзеашонро ба оташ сӯхт, боқимондагонро бо як пираҳане, ки доштанд, аз мамлакат берун кард. Алҳосил зулме, км мусалмонони он ҷо диданд, ҳеҷ мағлубе аз ҳеҷ ғолибе надидааст. Ба ҳамин сабаб мусалмонӣ аз Ундалус зуд барҳам хурд. Имрӯз дар тамоми Ундалус (яъне Испания ва Пуртакиз) як мусалмон ҳам намондааст.
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3046
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?