Калонтарин масҷиди минтақа аввалҳои моҳи сентябри соли равон фаъол хоҳад шуд
Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, ки дар як вақт дар он ҳудудан 120 ҳазор нафар ибодат мекунанд, моҳи сентябри имсол, дар остонаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд. Шаҳрдории пойтахт иттилоъ дода, ки ба хотири сари вақт ба анҷом расидани корҳои боқимонда, сохтмончиёни шабонабарӯз кор мекунанд. Масҷид дар вақти муайяншуда ба истифода дода хоҳад шуд.
Моҳи октябри соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин масҷиди бузурги ҷомеъ санги асос гузошта шуда буд. Иқдоми наҷиб дар рӯзҳои ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам – пешвои мазҳаби ҳанафӣ сурат гирифт.
Тибқи лоиҳа масҷид ба маблағи ҳудудан 100 миллион доллар бунёд мешавад ва ин як тарҳи муштарак миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар мебошад. Ҳукумати кишвар барои бунёди он 30 миллион доллар ҷудо кард ва боқӣ ҳудудан 70 миллион доллар ҳиссаи Қатар буд.
Ин масҷид дар майдони 12 гектар замин сохта шуд ва ғайр аз мавозеъи тоату ибодат боз аз толорҳои гуногуни маҷлис, китобхона, осорхона, қабулгоҳи меҳмонон, ошхона иборат мебошад. Дар беруни масҷид тафаққуфгоҳи мошинҳо низ сохта мешавад, ки дар як вақт то 4 ҳазор мошин метавонад ҷой гирад.
Масҷид чор манораи бузурги баландиаш 75 метр, 20 манораи хурд ва гунбази асосии 47-метра дорад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд барои анҷоми саривақтии корҳои бунёди масҷид дар айни замон бештар аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.
«Рӯзгор»