ҲИКМАТИ ГУРУСНАГӢ, РӮЗА ВА ТАНСИҲАТӢ I
Ривоят аст, ки Людовиг Корнаро-як аристократи машҳури Венетсия, ки солҳои 1465-1566 зистааст, сарватмандтарин ва шинохтатарин инсони замонаш буд. Чун соҳибдавлат буд ва моли зиёд дошт, аз андоза бештар мехӯрду менӯшид, мастии беҳад мекард. Аммо дар чилсолагӣ беморие домангираш шуд, ки тадриҷан ӯро аз по уфтонд.
Ҳеҷ табибе наметавонист дарди ӯро илоҷ кунад, ҳарчанд, ки варзидатарин духтурони Италия ба табобаташ доман зада буданд. Кор ба ҷое расид, ки умедҳо канда шуданд, табибон низ ба ин натиҷа расиданд, ки ба умри ӯ рӯзҳои бошуморе мондааст. Аммо дар ин замон табибе ҳозир шуд ва баъди муоина ғайриинтизор ба ӯ тавсия дод, ки гуруснагӣ кашад, аз хӯрдану нӯшидан барои як муддате даст кашад. Ниҳоят мӯъҷизае рух дод.
Корнаро намурд, балки шифо ёфт ва ба по хест. Тавсияи гуруснагӣ ба ӯ сиҳатии комил бахшид. Шахсе, ки тибқи гуфтаи табибон бояд дар ҳамин синни чилсолагӣ бо ҳаёт падруд мегуфт, 101 сол умр дид ва тӯли ин муддат парҳез аз таом дошт. Дар синни 83-солагӣ китоби худро дар бораи зиндагии мақсаднок навишт. Ниҳоят баъди садсолагӣ замоне ҷон ба ҷонофарин таслим кард, ки дар роҳаткурсӣ истироҳати бофароғат дошт ва аз он хоби роҳат дигар барнахест.
Оре, ин як сарнавишт аст ва агар ба таърих ва китобҳои он руҷӯъ шавад, садҳо чунин мисол пеши рӯ меояд. Ҳикмати гуруснагӣ дар фалсафаи моҳи Рамазон баръало намудор аст ва Ислом гуруснагӣ ва камхӯриро аз василаи наздикӣ ба қурби Илоҳӣ медонад. Агар ин ҳамаро ба риштаи таҳлил кашем, пас мебинем, ки Ислом рӯзаро василаи мубориза бо нафс қарор додааст ва ин нуктаест, ки дар аҳодиси набавӣ зиёд аз он ситоиш шудааст. Ҳатто ба ҳадде, ки Расулаллоҳ (с) ҷанг зидди куффор ва мушрикинро, ки ҷонҳои мӯъминин қурбон мешуданд, ҷиҳоди асғар (хурд) ва ҷанг бо нафсро ҷиҳоди акбар (бузург) меномиданд.
Ва аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуд: «Бо нафси худ ба василаи гуруснагӣ ва ташнагӣ мубориза кунед, зеро подоши он монанди подоши муҷоҳидин дар роҳи Худост. Ва амале назди Худованд маҳбубтар аз таҳаммули гуруснагӣ ва ташнагӣ нест».
Ва боз он Ҳазрат (с) фармуд: «Касе, ки шиками худро пур кардааст, ба малакути осмон роҳ наёбад».
Ривояте ҳаст аз Абдулазиз бинни Умар, ки гуфт: «Навъе аз мурғон чиҳил рӯз гуруснагӣ кашиданд, пас андар ҳаво бипариданд. Чун пас аз чанд рӯз боз омаданд, аз онҳо бӯи мушк меомад».
Пайғамбари Ислом (с) як рӯзгори басо фақирона доштанд. Бо вуҷуди он ки пешвои мӯъминон буданд, баъзан ҳафтаҳо ноне надоштанд, ки тановул кунанд. Дар ин бора аҳодиси зиёде аз саҳобагони киром ривоят шуда, ки яке аз онро ҳадисшиносон аз забони Саҳл бинни Саъд (р) овардаанд. Ӯ мегӯяд: «Аз вақте, ки Худованд ҳазрати Расулаллоҳ (с)-ро ба пайғамбарӣ фиристод, то рӯзе, ки рӯҳи ӯро қабз кард, нони сафеди бидуни сабусро надид…».
Ва шайх Абдуллоҳи Ансорӣ ин ҳикматро чунин шарҳ додаст: «(Худованд) Мустафо (с)-ро аз аввал ятим кард, то ятимонро неку дорад, пас ғариб кард то ғарибии худ ёд оварад ва бар ғарибон раҳмат кунад ва бемол кард вайро, то дарвешонро фаромӯш накунад».
Неъмати гуруснагӣ ва шифои бемориҳои зиёде аз он аз замонҳои басо қадим ба инсоният маълум будааст. Ҳанӯз дар қарнҳои 5 ва 4 қабл аз милоди Масеҳ (ъ) донишмандон дар Рими қадим, Ҳинд ва Чин ба натиҷае расида буданд, ки аксари бемориҳо ба бадани инсон аз тариқи ғизоҳои мухталиф ворид мешаванд ва як роҳи табобат ва ҷилавгирӣ аз маризӣ ҳамин парҳез аз таъому шароб аст. Ривоят мекунанд, ки Пифагор-олими машҳури Юнони бостонӣ, файласуф ва риёзидони варзида ҳар сол 40 рӯз гуруснагӣ мекашид ва чунин мегуфт, ки ин боиси инкишофи фикр ва истеъдод мегардад. Ва аз шогирдонаш низ талаб мекард, ки ин гуруснагии чилрӯзаро таҳаммул кунанд.
Платон-шогирди Сократ, ки солҳои 427-347 то эраи мо ҳаёт ба сар бурдааст, тиббро ба ду: асил, ки саломатӣ эҳдо мекунад ва ғайриасил, ки танҳо нишонаҳои ҳаёт ба инсон медиҳад, ҷудо кардааст. Ба аввалӣ риояи рӯзадориро дохил мекард.
Гиппократ (460-357 то солшумории мо)- табиби машҳур, ки ҳикмати тиббии «Зарар нарасон!» мутааллиқ ба ӯст, ҷонибдори ашадии табобат бо усули гуруснагӣ буд.
Ва ин гуна мисолҳо басо зиёданд. Баъдан дар асрҳои милод низ шахсиятҳои басо машҳуре ҳамин тарзи табобатро тавсия карданд. Фарқ танҳо дар ин буд, ки усули мазкур илман асоснок ва такмил дода шуда. Аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино ба маризони худ бештар аз дигарон тавсия медод, ки бо роҳи гурусна нишастан ва рӯза гирифтан худро муолиҷа кунанд. Табобати бемориҳое аз қабили оташак (сифилис) бо ин усул маҳз кашфиёти Синост.
То ин замон ҳатто китобҳои зиёде навишта шуданд, садҳо нафар дар гӯшаву канори олам бо кашфи ҷанбаҳои мухталифи табобат бо усули гуруснагӣ корҳои илмӣ навиштанд ва унвонҳои докториву профессориро гирифтанд. Танҳо ном бурдан аз ин кашфиётҳо саҳфаҳои зиёдро мегирад, ки ин ҷо маҷоли он нест. Танҳо ба он таъкид мекунем, ки Ислом чун дини инсонсоз аст, ба пайравони худ рӯзаро чун воситаи қурби Илоҳӣ, ғизои рӯҳӣ ва тансиҳатӣ тавсия додаст ва иҷрои онро фарз гардонидааст. Яъне, шахси мусалмон бояд ҳамеша тансиҳат ва бардам бошад. Боз кӣ ғайри Худои пок дар фикри беҳбудии бандааш бошад?
Дар ин фармуда, чуноне дида шуд, садҳо ҳикмати нуҳуфта аст, ки мебояд даҳҳо рисолаи дигар таҳия ва чоп шавад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор», шашуми июли соли 2013
-
25.10.2025 14:42
393
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
455
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
11.10.2025 12:48
444
Изҳороти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
26.09.2025 12:42
327
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
373
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1101
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
397
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
327
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
339
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1532
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1467
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2164
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:37
396
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
262
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
12.10.2025 18:35
226
«Муроҷиатҳо зери назоратанд!»
-
24.09.2025 19:54
276
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
367
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
299
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
256
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
399
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
869
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1436
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1502
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2402
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1108
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1077
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2290
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
318
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
323
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
365
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
921
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1091
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
916
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3436
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3588
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4060
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
508
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
511
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
597
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































