Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Ҳамватанони азиз!
Фардо моҳи шарифи Рамазон - айёми сабру таҳаммул ва матонату парҳезгорӣ фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва дар ин моҳи хайру эҳсон ва файзу баракат ба хонадони ҳар кадоми шумо осоишу оромӣ орзу менамоям.
Барои пайравони дину мазҳабҳои гуногун, бахусус, дини мубини ислом рӯзадорӣ ифодаи ғолибияти рӯҳ бар ҷисм ва худдориву парҳез кардан аз амалҳои зишт мебошад. Рӯза илова ба тақвияти ирода, инсонро ба ростқавливу накӯкорӣ ва умуман анҷом додани амалҳои писандида раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин лиҳоз, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, ки яке аз аркони дини мубини ислом мебошад, тарзи мукаммали парҳезкорӣ шуморида мешавад. Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ айёми анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла дар бобати дастгирии ниёзмандону дармондагон ба ҳисоб меравад.
Лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.
Илова бар ин, анҷом додани корҳои неку писандида ва саховату ҳиммат, худдорӣ кардан аз зиёдаравию исрофкорӣ ва баргузор намудани маросиму маъракаҳои серхарҷ дар дини мубини ислом аз ҷумлаи амалҳои воло ба шумор меравад.
Ин масъала дар каломи осмонии Худованд низ таъкид шудааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд”.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки садақаи фитр яке аз васи¬лаҳои муҳимми дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.
Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем.
Яъне таваҷҷуҳ ба ҳоли муҳтоҷону камбизоатон яке аз рукнҳои асосии рӯзадорӣ мебошад ва ҳар вақте, ки сарватмандон ба чунин шахсон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд ва барои ҳалли мушкилоту ниёзҳои мардум кӯшиш намоянд, фазои дӯстиву муҳаббат ва сафову самимият дар байни аъзои ҷомеа густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад.
Инчунин, анҷом додани дигар корҳои хайр, аз қабили ба ягон маҳалли зист об овардан, мактаб ё муассисаи тиббие бунёд ё таъмир кардан ва қитъаи роҳеро тармим намудан чӣ қадар мушкили одамонро осон мегардонад.
Бо изҳори итминон, ки Рамазони имсола низ барои ҳамватанони азизи мо айёми иҷрои амалҳои нек хоҳад гардид, бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, ба ҳар фарди Ватан хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Бигзор, моҳи мубораки Рамазон боиси таҳкиму тақвияти сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар диёри мо ва хонадони ҳар як сокини кишвар гардад.
Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
84
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
473
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
584
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?