Гушоиши бузургтарин масҷиди Аврупо дар шаҳри Маскав
Рӯзи 23 сентябр масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав баъди бозсозӣ дубора дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз кард. Имсол намози асосии иди Қурбон дар ҳамин масҷид доир мешавад.
Рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Маскав баъди бозсозӣ маросими ифтитоҳи дубораи масҷиди ҷомеи маъруф ба “масҷиди Проспект Мира” баргузор шуд. Ба дунболи ифтитоҳи дубора, қарор аст, субҳи 24 сентябр намози асосии иди Қурбони Русия дар ҳамин масҷиди ҷомеъ баргузор шавад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар расми ифтитоҳи масҷиди ҷомеи Маскав гуфт, ин масҷид баъди бозсозиаш ба бузургтарин масҷиди Аврупо табдил ёфта, соҳиби “як симои наву муосир ва бошукӯҳ” ва “шоистаи пойтахт” шудааст. Ӯ изҳори итминон кард, ки ин масҷид ба яке аз марказҳои муҳими маънавии мусалмонони ҳам Маскав ва ҳам тамоми Русия табдил шуда, “манбаи маърифат ва таблиғи арзишҳои асили Ислом” хоҳад шуд.
Дар расми ифтитоҳи дубораи масҷиди ҷомеи Маскав ҳамчунин раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва ҳамчунин сарони ҷумҳуриҳои мухтори мусалмоннишини Русия ширкат карданд.
Дар ин маросим ба намояндагӣ аз Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Маскав Имомуддин Сатторов ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ширкат доштаанд.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23 сентябр дар сӯҳбат бо мо ифтитоҳи дубораи масҷиди Маскавро “як ҳодисаи хеле муҳим ва назаррас” номид ва гуфт: “Воқеан ҳам заҳмати зиёд кашидаанд ва як масҷиди замонавии пуршукӯҳ ва боҳашамат сохтаанд. Мо бовар дорем, ки ин масҷид ба як минбари таблиғи арзишҳои Исломи анъанавӣ, Исломи тарбиятгар табдил хоҳад ёфт. Мо мутмаинем, ки дар ин марказ ҳамеша аз сулҳу созиш, ҳамгироӣ ва ҳусни таҳаммулу ҳусни эҳтиром ҳарф хоҳанд зад ва ҳамаи онҳое ки ба ин масҷид меоянд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки дини мӯбини Ислом таълим медиҳад, бештар бархӯрдор хоҳанд шуд.”
Масҷиди ҷомеи Маскав аз соли 2005, инак 10 сол боз таҳти тармиму бозсозӣқарор дошт ва барои бозсозиаш дар маҷмӯъ ҳудуди 170 миллион доллар сарф шудааст. Равил Ғайнутдин, муфтии Русия ахиран гуфт, ки барои бозсозии ин масҷид аз ҳукумати Русия ягон тин нагирифтаанд, балки ин 170 миллиони сарфшуда тақрибан ҳамааш аз ҳисоби хайрияи мардум ба даст омадааст.
Дар пайи бозсозӣ масоҳати масҷиди ҷомеи Маскав 20 маротиба афзуда, беш аз 19 000 метри мураббаъ шудааст ва ҳоло тавони гунҷоиши беш аз 10 000 намозгузорро дорад. Ҳамин тавр, бинои қаблан дуқабатаи масҷид ба 6 қабат расонда шуда, бинои масҷидро 7 гумбази баландиашон то 46 метр ва барашон то 27 метр ва ду манораи баландиашон то 72 метр зиннат медиҳанд. Яке аз ин гумбазҳо шабеҳи гумбази Спасскаяи Кремли Маскав ва гумбази дигараш шабеҳи гумбази Суйимбикаи Кремли шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон аст. Бинои қаблии масҷид ҳамагӣ як манора дошт ва толорҳояш танҳо то 2000 намозгузорро мегунҷонд.
Дар чанд толори масҷид экранҳои бузург насб шудаанд, ки ба намозгузорон имкон медиҳад, ҷараёни ваъзгӯии имомон аз толори асосии масҷидро бубинанду бишнаванд. Дар бинои бозсозишудаи масҷид 15 даромадгоҳ ва ҳамчунин лифтҳо ва пандусҳои васеъ барои маъюбон сохта шудаанд.
Масҷиди ҷомеи маъруф ба “масҷиди Проспект Мира”, ки дар танкӯчаи Выползов, 7 дар назди истгоҳи метрои “Проспект Мира” ҷойгир шудааст, баъди масҷиди таърихии пойтахти Русия аз қадимтарин масҷидҳои шаҳри Маскав ба шумор меравад. Ин масҷид дар соли 1904 бар асоси тарҳи меъмори рус Николай Жуков ва бо сармояи тоҷир ва сармоядори тотор Солиҳ Ерзин сохта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Маскав 6 масҷиди мусалмонӣ расман амал мекунанд ва ду масҷиди дигар дар ҳоли сохта шудан аст.
Мусалмонон, бино ба омори расмӣ, 14 миллион ё 10 дарсад аз 140 миллион аҳолии Русияро ташкил медиҳанд. Вале манобеи дигар шумори мусалмонон дар Русияро бо 20 миллион нафар баршумурда, мегӯянд, теъдоди мусалмонон дар ин кишвар аз ҳисоби таваллуди зиёд дар оилаҳои мусалмонӣ ва сели муҳоҷирон аз кишварҳои мусалмоннишини Қафқозу Осиёи Марказӣ, пайваста дар ҳоли афзоиш аст.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
121
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
245
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
251
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
474
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
581
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
464
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
123
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
126
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
191
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
963
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1671
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3363
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
117
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
102
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
119
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
498
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
744
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
867
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
444
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
481
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
453
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
731
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1005
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1868
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
607
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
589
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1782
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2103
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2098
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2310
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
507
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
453
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
931
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3057
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3497
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3486
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
638
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
665
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
613
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?