Табрикоти Шӯрои уламо ба тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Бо сипарӣ шудани чанд рӯзи дигар моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, ки он мояи ифтихори мусалмонони саросари олам, моҳи хайру баракат ва нузули раҳмат аст.
Аз ин хотир, бо самимияти хос мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки аксарияти кулли онро мусалмонон ташкил медиҳанд бо фарорасии моҳи шарифи Рамазони соли 1436-и ҳиҷрии қамарӣ, ки мутобиқ ба соли 2015 мелодӣ мебошад, муборакбод мегӯем.
Итминон дорем, ки ба баракати ин моҳи муборак, ки моҳи хушнудии Парваригор аст, Худованд зиндагии мардумро мисли ҳамеша файзбору пурбаракат бигардонад ва дар оянда низ файзу баракаташро арзонӣ намояд.
Моҳи шарифи Рамазон саршор аз ҳикматҳои зиёдест, ки бо воситаи гирифтани рӯза сабру таҳаммули мӯъминон ва пок кардани зоҳиру ботини онон мавриди санҷиш қарор мегирад.
Маҳз ба воситаи ранҷ кашидану азият дидан аз худдории обу ғизо, ки имтиҳони ҷисм аст, ботини инсон тозаву мусаффо шуда, тафаккур дар бораи ҳаққу ботил, некиву аъмоли муқобили он, дурустиву нодурустӣ ва ростиву дурӯғ, хулоса ҳама рафторҳо ва гуфторҳои одамӣ ба тарозуи ақл баркашида мешаванд, навъе аз поккориву софкориҳо дар зеҳну мағзи инсон ба вуҷуд меояд. Бо гузашти як сол фарди мусалмон моҳе худро ба имтиҳоноти моддиву маънавӣ бидуни дахолати дигарон мекашад ва дар доварӣғайр аз Худои хештан каси дигареро ҳамроҳ намебинад. Албатта, бузургтарин фазилати ин моҳҳамин аст, ки китоби муқаддаси «Қуръон» дар ин моҳи муборак нозил шудааст, ки қонуни динӣ ва ахлоқию маънавии ҳар фарди мусалмон аст. Худованд дар каломи шарифи хеш (ояти 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».
Баъди «Қуръон»-и азиммушаън дар ҳадисҳои Паёмбари гиромии ислом (с) мавзӯи Рамазону рӯзадорӣҷойгоҳи бисёр волоеро дорост. Ҳеҷ китобе оид ба ҳадис вуҷуд надорад, ки бахше аз он дар боби рӯзаи моҳи Рамазон набошад. Ҳадиси саҳиҳи машҳуре, ки дар бештари китобҳои ҳадис ворид шудааст, ба минволи зайл аст: «Аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки Расули Худо (с) гуфт: «Рӯза сипарест намешиканаду вайрон намешавад, агарчанде марде бо он биҷангаду хораш кунад, пас бояд ду бор бигӯяд: ман рӯзадорам. Қасам ба номи ҳамоне ки ҷони ман дар дасти ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худойи таъоло аз бӯйи мушк хуштар аст. “Таому шаробу шаҳваташро барои ман тарк мекунад. Рӯза барои ман аст ва барои ҳар некӣ даҳ баробари он подоши онро худам медиҳам”».
Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо дар ҳама сарчашмаҳои динӣ ва фарҳангӣ таъкид шудааст ва ҳама арзишҳову ҳикматҳои он, ки барои ҷаҳониён сабақомӯз ва намунаи ибратанд, ба ҷузъе аз фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд. Фарқ гузоштан байни ҳақиқат ва хурофоту маҷмӯи кирдорҳои ботил яке аз ҳамин гуна арзишҳои ин моҳи мукаррам аст. Инсон наметавонад, ки бидуни ранҷу гирифторӣ ва азияту худсозӣ ба ҳадафҳои баланди хеш бирасад, ончунон ки боғбоне бидуни парвариш ва заҳмати сарсабз намудани ниҳолҳо ҳосили фаровоне ба даст биёрад. Талхиеро начашида, наметавон ком ширин кард, бе илму китоб наметавон даъвои маърифат кард. Маҳз дар ҳамин ҳикмати Рамазон, яъне роҳат ёфтан баъди азият як фалсафаи деринаи башарӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин маврид Орифи Ҷом фармудаи зебое дорад:
Дар ин дайри куҳан расмест дерин,
Ки бе талхӣ набошад айши ширин…
Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кӯмак кардан ба бародарони худ аз рӯи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накӯ ва нерӯ бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.
Як вижагии зебои Рамазон ҳамин аст, ки сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маҳкам ҷой мегирад, тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо мегардад, агар инсон дорои иродаи устувор бошад. Маҳз иродатмандӣ асоси ҳаёти беолоиши ҳар мусалмон дар Рамазон хоҳад буд. Дигар хусусияти Рамазон аст, ки инсонҳо андешаву ахлоқи худро зери партави каломи илоҳӣ мунаввар месозанд.
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рӯза, ки Парвардигор мефармояд: «Рӯза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рӯзадор ба хотири ман хӯрдану нӯшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рӯзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дувумин хушҳолӣҳангоми мулоқоти Парвардигор».
Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.
Яъне дар баробари он ки фарз будани доштани рӯза таъкид мешавад, кӯмак ба табақаи бенаво ва табъи дили худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи сайид будааст.
Зиёда аз ин, тибқи ақоиди исломӣ савоб пояи имонро мустаҳкам месозад, чунонки аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Касоне, ки рӯзаи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва қасди савоб намозҳои нафл (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб намоз бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад».
Чунонки маълум аст, амну субот яке аз омилҳои асосии рушду шукуфоии ҳар ҷомеае ба шумор меравад. Ҳаводисе, ки дар ҷаҳони имрӯз, хусусан дар мамолики исломӣ ба вуқуъ омада истодааст, нишон медиҳад, ки тарки яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз ҳар гуна ҷараёнҳои навпайдо сабаби ноамнӣ ва ҷангу бадбахтиҳо мегардад. Дини мубини Ислом муқобили ҳамагуна тундгароӣ буда, аз касоне, ки динро василаи расидан ба ғаразҳои шахси қарор медиҳанд, безорӣ меҷӯяд. Худованд дар ин маврид фармудааст: «Дар ҳақиқат, касоне, ки динашонро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд, ту ҳеҷ робитае бо онҳо надорӣ ва корашон танҳо ба Худост. Он гоҳ ба он чи анҷом медоданд, огоҳашон хоҳад кард». («Анъом»; 159).
Бинобар ин, барои ҳар фарди ҷомеа лозим аст, ки ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани мазҳаб ва роҳ надодан ба ҳар гуна ихтилофоти динию мазҳабӣ саъю кӯшиши худро дареғ надорад. Хусусан дар ин моҳи муборак ба ҳамаи имомхатибон супориш дода мешавад, ки барои ҳимоя аз покизагии мазҳаби ҳанафӣ, арзишҳо ва муқаддасоти динӣ ва амну суботи ҷомеа мардумро ҳар чи бештар аз ҳақиқати мазҳаби ҳанафӣ огоҳ намуда, фоида ва самараҳои пайравӣ аз яккамазҳабиро бо равиши некӯ ва боҳикмат ба онҳо талқин ва таъкид кунанд.
Инсонпарварӣ ва инсондӯстӣ, эътирофи ҳаққи дигарон, муносибат дар заминаи ҳусни тафоҳум аз хусусиятҳои дигари моҳи Рамазон аст. Маҳз дар ҳамин моҳҷомеаи адолатпарвари башарӣ бо ҳама арконаш зуҳур меёбад. Аз ин рӯ, инсонҳоро зарур аст, ки рафтору муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро рафтору кирдори ҳамарӯзаи зиндагии худ созанд.
Тоҷирони кишварро, ки вазифаи басе пурмасъулият бар дӯш доранд, даъват мекунем,ки дар ин моҳи муборак аз ҳар вақти дигар бештар дар ҷустуҷӯи ризогии Парвардигор бошанд ва ҳаққи мардумро риоят кунанд. Маводи хӯрока ва дигар молҳои ниёзи мардумро бо нархи даҳчанд ба мардум нафурӯшанд ва худро аз савобу баракати ин моҳи муборак маҳрум накунанд. Зеро дар баробари он ки ба ҳар некӣ дар ин моҳи шариф чанд некӣ зам мешавад, ба ивази ҳар гуноҳ низ сазои сангин хоҳад буд. Пас то метавонем, дар ин моҳ аз дурӯғу риё, макру фиреб, озори якдигар, дашному таҳқир, зулму ситам нисбати якдигар парҳез намуда, моҳи мубораки Рамазонро бо муҳаббату якдигарфаҳмӣ ва улфату бародарӣ ба поён расонем.
Ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи сайид, тани сиҳату осудагии рӯзгор, хайру баракат ва барори кор, ҳамчунин иттиҳоду ҳамбастагии устуворро ба нафъи шукуфоӣ ва пешрафтҳои азими диёри маҳбуби мо - Тоҷикистонро аз даргоҳи Худованди бузург таманно менамоем.
Рамазон муборак, ҳамватанони азиз!
Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
08.05.2025 09:32
68
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
110
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
30.04.2025 07:12
113
Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй
-
05.05.2025 12:47
266
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
103
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
21.04.2025 21:19
186
Парвози охарини капитан Ритов
-
08.05.2025 00:22
64
Имзои Протоколи Ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон
-
05.05.2025 12:44
85
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд
-
18.04.2025 17:32
157
Ҷаласаи 13-уми Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид
-
14.10.2024 18:41
679
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1378
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3071
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
246
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
361
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
662
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
06.01.2025 20:57
485
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
606
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
18.11.2024 22:30
572
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
-
13.04.2025 00:00
182
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
205
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
16.07.2023 02:12
1274
Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?
-
28.02.2025 13:34
398
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
702
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1491
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:19
302
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1496
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
07.03.2022 09:26
1614
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!
-
03.09.2021 08:38
1818
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2015
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2704
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
227
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
204
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
648
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2706
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3147
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3127
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
360
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
424
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
361
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?