Ҳ.А.Тӯраҷонзода: Муҳаммадсодиқ як муфтии ислоҳталаб буд
Муфтии собиқи Осиёи Марказӣ ва рӯҳонии маъруфи узбак Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар синни 63 даргузашт. Ӯ вақти бозии баскетбол дучори сактаи қалб шудааст.
Рӯҳонии маъруфи узбак Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф бар асари сактаи қалб дар Тошканд даргузашт. Раҳбари собиқи идораи мусалмонҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ва нахустин муфтии Узбакистони пасошӯравӣ 63 сол дошт. Гуфта мешавад, ин рӯҳонии маъруф шоми 10 март ҳангоми бозии баскетбол дар толори варзишии Донишгоҳи исломии Тошканд дучори сактаи қалб шудааст.
Бо шунидани хабари даргузашти ӯ садҳо тан аз пайравонаш дар назди манзили муфтии собиқҷамъ омаданд. Хабарнигори мо гузориш медиҳад, ки ба хотири таъмини амният дар маҳаллае, ки муфтӣ ба сар мебурд, шумори зиёди нирӯҳои пулис мустақар шудаанд.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи тоҷик ва собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон рӯзи 11 март дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо гуфт, даргузашти Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, ки ҳамсабақ ва дӯсти деринаш буд, ӯро сахт мотамзада кардааст. Вале оқои Тӯраҷонзода гуфт, ба далели надоштани визаи Узбакистон наметавонад худро ба маросими дафн ба Тошканд бирасонад.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ин сӯҳбат аз ҷумла гуфт: "Марги ӯ зоеъаи бузурге барои мусалмонони минтақа аст, зеро дар воқеъ шахсияти олим буд, як умр машғули тадрису таълиму таълифи китоб ва машғули даъват ба Ислом буд. Беш аз 120 китоб таълиф кардааст. Хусусан "Тафсири Ҳилол"-и ӯ, ки бисёр бузургҳаҷм аст ва қариб 4000 саҳифа дорад. Ҳамаи ҳадисҳои Саҳеҳи Бухороиро бо шарҳу тафсир ба узбакӣ нашр кард. Ҳамчунин даҳҳо китоби дигар дошт чӣ дар фиқҳ, чӣ дар таърихи Ислом ва чӣ дар адаб. Аз ин хотир, ӯ як шахсияти дар воқеъ камназир буд."
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, ӯ вақте соли 1972 барои таҳсил ба мадрасаи Мири Араби Бухоро омад, Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар соли дуюми мадраса мехонд ва дӯстии онҳо аз ҳамонҷо оғоз ёфт. Аммо бори охир ӯ Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфро моҳи ноябри соли 2014, дар ҳошияи як ҳамоиши мусалмонон дар Қуми Эрон дидааст: "Баъди анҷооми ҳамоиш ягон як ҳафтаи дигар якҷо бо хонаводаҳоямон ҳамроҳ будем дар Кеши Эрон. Муттаассифона, ин охирин дидори мо дар зиндагии Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф будааст."
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф соли 1952 дар Андиҷон ба дунё омада, соли 1975 донишкадаи исломии Тошканд ба номи Имом Бухорӣ, аз ангуштшумор мактабҳои олии мазҳабӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада ӯ дар маҷаллаи “Мусульмане советского Востока“ (“Мусалмонони Шарқи шӯравӣ)“ кор мекард.
Соли 1980 донишгоҳи “Даъва-л-Исломия”-и Троблус, пойтахти Либияро бо баҳои аъло тамом кард. Баъди бозгашт дар бахши равобити хориҷии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон кор мекард ва дар Донишкадаи исломии Тошканд дарс медод. Соли 1986 ректори ин донишкада таъин шуд.
Дар соли 1989, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ насими бозсозӣ мевазид ва мардум барои дифоъ аз ҳуқуқи худ имкони ба майдонҳо рехтанро пайдо карданд, Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф таҳти пуштибонии издиҳоми бузурги тарафдоронаш раҳбари Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ваҚазоқистон интихоб шуд. Гуфта мешавад, ки дар интихоби ӯ ба ин баландтарин мақоми мазҳабӣ дар минтақа садҳо нафаре, ки қозии вақти мусалмонони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва рӯҳониёни дигари тарафдори вай аз Душанбеву Хуҷанду Исфара ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Тошканд фиристоданд, нақши умда доштанд.
Оқои Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо мо аз ин қазия ҳам ёд кард ва гуфт, дар ҳақиқат дар интихоби Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба мақоми муфтии минтақа дар соли 1989 саҳми мардуме, ки онҳо аз Тоҷикистон ба тарафдориаш фиристоданд, хеле чашмрас буд. Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода сарусадоҳо дар бораи дар интисоби худи ӯ ба мақоми қозии мусалмонони Тоҷикистон нақш доштани Муҳаммадюсуфро рад кард: "Вай он замон мударриси донишкадаи исломӣ буд ва ҳанӯз нуфузи кофие надошт, ки ба чунин тасмимгириҳо таъсир карда битавонад."
Ин дар ҳолест ки бархе манобеъ Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфро нафаре ном мебаранд, ки бо истифода аз нуфузаш бар Идораи мусулмонони Осиёи Миёна ва ниҳодҳои давлатии нозири фаъолияти ин идора тавонист дар солҳои 80 номзадии ҳамсабақаш Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ба ҳайси раҳбари қозиёти Тоҷикистон гузаронад.
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар ҳамон соли 1989 вакили Шӯрои олии СССР низ интихоб шуд ва ба Михаил Горбачёв барномаи вижаеро пешниҳод кард, ки ҳадафаш осон кардани зиндагии мусалмонони диндор дар Шӯравӣ буд. Ин барнома аз ҷумла даст кашидани ҳокимони кишвар аз сиёсати атеистӣ, боз кардани роҳ барои сохтани масҷидҳову мадрасаҳо ва ҳам кушодани роҳи сафари Ҳаҷ ва таҳсил дар мадориси хориҷӣ ба толибилмони мусалмон аз кишварҳои Шӯравиро дар бар мегирифт.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷудо шудани муфтиёти кишварҳои минтақа Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф нахустин муфтии Узбакистон интихоб шуд. Аммо баъди чанде аз ҷумла ба далели пуштибонӣ накарданаш аз номзадии Ислом Каримов дар интихоботи президентии соли 1991 мавриди қаҳри раисиҷумҳури Узбакистон қарор гирифт ва соли 1993 тарки кишвар кард.
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф бо раҳбари вақти Либия Муаммар Қаззофӣ хеле наздикӣ дошт ва баъди тарки Узбакистон карданаш ба ҳайси "меҳмони хосаи Қаззофӣ" дар он кишвар паноҳ бурд. Гуфта мешавад, ки Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф овони донишҷӯӣҳатто қаҳрамони Либия дар варзиши карате ҳам будааст.
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистони Русия рӯзи 11 март баробари шунидани хабари даргузашти Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф гуфт, як кӯчаро дар шаҳри Грозний, маркази Чеченистон ба номи ин устоди падараш хоҳанд гузошт.
АҳмадҚодиров, падари Рамазон Қодиров ва раисиҷумҳури собиқи Чеченистон вақте дар солҳои Шӯравӣ дар Донишкадаи исломии Тошканд таҳсил мекард, Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуфро устоди худ медонист. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ин маврид гуфт: "Аҳмад-ҳоҷӣҚодиров марди калонсол буд, ки барои таҳсил ба донишкадаи исломии Тошканд омад. Ман ҳам он вақт дар Тошканд будам ва дар паҳлуи Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф хона доштам. Ӯ ба Аҳмад-ҳоҷӣҚодиров он қадар наздик буд, ки ин шогирдашро дар хонаи худ макон дода буд."
Аммо оқои Тӯраҷонзода даст доштани Аҳмад-ҳоҷӣҚодиров дар бозгашти Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба Узбакистон дар поёни солҳои 90-ро рад мекунад: "Вай он вақт ҳанӯз раҳбари Чеченистон набуд ва ба раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣҳам чунин нуфуз надошт, ки масъалаҳое, ба мисли бозгашти муфтии собиқро бо Каримов матраҳ ва ҳал кунад."
Ҷузъиёти муомилаи суратгирифта бар сари шартҳое, ки роҳи бозгашт ба Ватанро барои Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф фароҳам сохт, то ҳол нокушода боқӣ мемонад. Аммо вай баъди бозгашт аз Либия аз ҳар навъ фаъолияти ҷамъиятӣ канор гирифт ва танҳо ба тадрис дар донишгоҳи исломӣ ва ба таълифи китоб машғул шуд. Чунин ба назар мерасад, ки яке аз шартҳои ин муомила бо давлати Ислом Каримов парҳез аз ҳар навъ фаъолияти хориҷ аз тадрису таълим, аз ҷумла ба ҳеҷ сурат даст назадани муфтии собиқ ба масоили сиёсӣ будааст.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аммо эътироф кард, ки ӯ дар мавриди шароити бозгашти Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар мулоқотҳояш бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов сӯҳбат кардааст: "Миёнаравии мо асосан дар масъалаи шароити бозгашти ӯ буд, ки дар Узбакистон мабодо мавриди таъқиб қарор бигирад. Чун тавофуқҳосил шуд, ӯ баргашт."
Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф дар поёни солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 раҳбарии Идораи мусалмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистонро бар ӯҳда дошт ва кушодани садҳо масҷиду мадраса баъди беш аз 70 соли султаи атеизм (бехудоӣ) дар аҳди Шӯравӣ ва ҳам боз шудани роҳи сафари Ҳаҷ барои миллионҳо мусалмонҳои сокини ҷумҳуриҳои ин минтақа ба номи ӯ марбут мешавад. Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф як рӯҳонии мӯътадил ва тарафдори ислоҳоти демократӣ эътироф мешуд ва равияҳои тундрави исломӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ифротие, чун “Ҷиҳоди исломӣ” ва Ҳаракати исломии Узбакистонро маҳкум мекард.
Ба фарқ аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик, ки дар таблиғи ақидаҳои худ бештар ба усули лафзӣ такя мекунанд ва аксари онҳо бо вуҷуди дар байни пайравонаш “олими замона” таъриф шудан, аз худ ягон китобе боқӣ нагузоштаанд, Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф муаллифи хеле фаъол буд. Ӯ аз худ ҳудуди 100 ҷилд асар, асосан дар бахши тафсири ояҳои “Қуръон”, мерос гузоштааст. “Тафсири Ҳилол”, иборат аз 22 ҷилд, силсилаи “Ҳадисҳо ва зиндагӣ”, иборат аз 39 ҷилд, “Имон. Ислом. Қуръон”, “Усул-ул-фиқҳ”, 3 ҷилди “Кифоя”, ки тафсире ба “Мухтасари Виқоя”аст, “Ба истиқболи Рамазон”, “Зиёрати Ҳаҷ” аз ҷумлаи осорест, ки дар таълиф ва нашраш муфтии собиқи Осиёи Миёна ва Қазоқистон низ саҳми умда гузоштааст.
Муҳаммадюсуф Муҳаммадсодиқ раҳбари Шӯрои муассисони “Робитал-ул-аълам- ал-исломӣ”-и Лигаи ҷаҳонии уламои исломӣ, марказаш дар Арабистони Саудӣ буд ва то поёни умраш дар раҳбарии ин ниҳоди мӯътабари мазҳабӣ хидмат мекард. Ӯ танҳо рӯҳонӣ аз Осиёи Марказист, ки ба узвияти ин ниҳоди мӯътабар пазируфта шудааст. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодадар ҳаққи ин ҳамсабақ ва ҳамсафи қадимааш мегӯяд: "Мо ҳамеша дӯст будем, ҳамфикру ҳамақида будем. Аз ҳамон замонҳо ҳамеша бо салафиҳо мушкил доштем. Ҳарду таҳмилро қаблу надоштем, аз ҷумла таҳмили ақидаҳои мазҳабиро. Ӯ дар ҳақиқат як рӯҳонии миёнарав ва воқеан ҳанафимазҳаб буд. Аммо ислоҳталаб буд..."
«Озодӣ»
-
25.10.2025 14:42
393
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
455
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
11.10.2025 12:48
444
Изҳороти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
26.09.2025 12:42
327
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
373
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1101
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
397
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
327
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
339
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1532
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1467
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2164
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:37
396
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
262
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
12.10.2025 18:35
226
«Муроҷиатҳо зери назоратанд!»
-
24.09.2025 19:54
276
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
367
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
299
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
256
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
399
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
869
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1436
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1502
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2402
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1108
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1077
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2290
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
318
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
323
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
365
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
921
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1091
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
916
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3436
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3588
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4059
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
508
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
511
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
597
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































