Халифаи шаҳид – Холмуҳаммади Хатлонӣ
(Шаммае аз рӯзгори шайх, шоир ва олиме, ки бар асари туҳмату иғво ба қатл расида ва мазораш имрӯз дар Ҳисори Шодмон воқеъ аст)
Номи ин шахсияти бузургвор Мавлоно Сайид Холмуҳаммад фарзанди Мавлоно Сайид Пирмуҳаммад аст. Мавлоно Сайид Пирмуҳаммад охири асри 18 мелодӣ аз Даҳбеди Самарқанд бар асари нооромиҳои замон сарзамини имрӯзаи Хатлонро макони иқомат ихтиёр менамояд. Сабаби тарки макон кардани ин шайхи маъруфи замон, ки шаҷарааш аз Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)- Фотима (р) ва Имом Ҳусайн (р) бармеояд, аввалан аз бесомониҳои рӯзгори он замон бошад, сониян хидмат ба аҳли тариқати тасаввуф арзёбӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки тарки ватан кардани тоҷикони Самарқанду Бухоро аз марзу буми аҷдодӣ дар замони амир Дониёл (1758-1784) то ҷойе ҳузновар будааст. Ин ҷараёни ломаконии тоҷикон аз шаҳрҳои бузург, ки худ онҳоро бунёд карда буданд, агарчанде аз истилои муғул оғоз ёфта бошад ҳам, дар даврони ҳокимияти амирони манғит ба мушоҳида мерасид.
Тоҷикони Бухорову Самарқанди бостонӣ аз таҳдиди душманони ишғолгар ба Хатлону Афғонистон, Эрон, баъдан ба Арабистон рӯ оварданд; барои он ки ҷон ба саломат баранд паҳнои куҳҳои касногузару дараҳои болообро макони буду бош интихоб намуда ва қавме, ки дар тӯли таърих шаҳру кушкҳо мадарасаву мактаб бунёд кард, куҳнишину деҳнишин гардид. Имрӯз ҳатто тоҷикони дараи Панҷшери Афғонистон худро аз Даҳбеди Самарқанд медонанд.
Омад-омади ин шайхи бузург Сайи Пирмуҳаммадро ба Хатлон ва дар Балҷувони мирӣ (Ховалинг) макони зист ихтиёр намудани ӯро аз рӯйи шаҷаранома- таърихе, ки эшони Сайид Абдулхалили Абдулмаҷид-навосаи он ҳазрат дар даст доранд, ба нимаи дуюми асри 18 мансуб медонанд. Мири Балҷувон, ки шахси хеле мутаддаину худотарс буд, мавзеи хушобу ҳавои болооби Ёхсуро ба ихтиёри Шайх Сайид Пирмуҳаммади Сайид Мӯсохоҷа мегузорад.
Ин бузургвор, ки шахси таҳсилдидаи мадраса, олиму фозил ва донишманди замон буд, дар Балҷувону Ховалинг тухми маърифат мекорад, ҳазорон нафар аз ӯ баҳравар шуда, муриди ӯ мегарданд. Ба қавле ӯ дар Ховалинг издивоҷ кардааст ва тахминан соли 1795 соҳиби писар мешавад, ки номашро Сайид Холмуҳаммад мегузорад.
Бо ибтикори Шайх Сайид Пирмуҳаммад дар Балҷувону Ховалинг даҳҳо мадарасаҳо кушода мешаванд. Сайид Холмуҳаммад таҳсили ибтидоиро дар ватан гирифта, бо ҳидояти падар таҳсилро дар мадарасаи Кӯкалтоши Бухоро идома додаст. Ӯ дар Бухоро бист сол таҳсил намуда, ба Ховалинг бармегардад ва мисли падар чанд соле ба мударисӣ мепардозад. Дар он айём дидори пири тариқат ва пешвои аҳли тасаввуф Шайх-ул исломи Ҳиротӣ Сайид Холмуҳаммадро ба Афғонистон овард.
Пеш аз сафар ба Ҳирот ва дидор бо ин пири тариқат ӯ тӯли шаш моҳ дар мадориси шаҳри Кобул ба таълиму тадрис машғул шуд, Бедилу Мавлоноро шарҳу тафсир кард ва омодагӣ ба ин мулоқотро дид. Дар Карухи Ҳирот Сайид Холмуҳаммад дар хизмати пир заҳматҳои фаровон кашид ва таълими шогирдонро бо ҳидояти пири тариқат идома медиҳад ва донишашро сайқал дод. Баъд аз соҳиб шудан ба Хатти Иршод Сайид Холмуҳаммад бо ҳидояти Шайх-ул-ислом ба Ҳисор баргашт.
Ҳарчанд беки Ҳисор Сайидбий атолиқ тавалло намуд, ки дар Ҳисор мударриси мадорис шавад, Сайид Холмуҳаммад ин даъватро напазириуфт ва ҷойи иқоматашро деҳаи Марғзори Оби Гарм интихоб намуд. Кору пайкораш дар ин минтақа ободкорӣ буд; аз рӯйи фармудаи тариқати сӯфия "даст ба кору дил ба ёр" шуда, дар як муддати кутоҳ дар ободонии деҳаҳои Дашти Кирбиҷ, Ҷӯшон, Майдон, Чормағз, Тагоб, Шӯроб ва ғайра саҳм гузошт ва бо ҳидояти ӯ кӯҳистониён пулсозиро аз болои дарёҳо ба роҳ монданд.
Мегӯянд, ки Сайид Холмуҳаммад дар баробари олими тавоно будан аз сиру асрори муҳандисӣ, заминсозӣ ва роҳсозӣ бохабар буд ва кӯшиш ба харҷ медод, ки деҳаҳои кӯҳистон роҳҳои обод дошта бошанд.
Сайид Холмуҳаммад дар деҳаи Марғзор мадраса кушод ва мардумро ба омӯзиши илму маърифат даъват менамояд. Ба Ховалингу Балҷувон рафта, дар мадориси онҷо низ моҳҳо дарс мегуфт ва муридони ин шайхи бузург дар он замон ба даҳҳо ҳазор нафар мерасид. Нимаи аввали қарни нуздаҳ Хатлону Ҳисор, агарчанде сохти идории онҳо мирию бекигарӣ маҳсуб меёфт, оромии нисбӣ доштанд.
Дар байни мирию бекигарӣ хусумату низоъ ҷой дошт ва аксаран он ба қатлу куштор меанҷомид. Дар он айём минтақаи Оби Гарму Файзободи имрӯза гоҳ ба Ҳисор ва гоҳе ба Хатлон тобеъ буд. Ҳокими Хатлон Каттахон ва писараш Тавилхон (1828-1842) мехостанд Оби Гарму Файзобод ба Хатлон тааллуқ дошта бошад, зеро дар ин ҷо обрӯ ва нуфузи Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ хеле калон буд ва падару писар муридони ин фозилу донишманд ба ҳисоб мерафтанд.
Чунин эътиқоду муносибат рашки беки нави Ҳисор Абдулкарими хунхорро, ки мардум ба ӯ лақаби Мири Зардро дода буданд, оварда буд ва ӯ аз Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ, ки пири минтақа маҳсуб меёфт, дар дил тарсу бим ҳам дошт. Ҳамин Абдулкарим, ки кору пешааш қатлу ғорати мардум ба хотири боҷу хироҷ маҳсуб меёфт, соли 1840 ба Балҷувони мирӣ лашкар кашид ва дар Хатлон бедогариҳои зиёде кард.
Ба қавле ӯ мири Балҷувон Каттахонро дар ин сана кушта бошад, аммо аз рӯйи ривояти дигар гӯё Каттахон дар водии Ҳисор аз дасти ҷосусони Абдулкарим кушта шуда бошад. Ба ҳар ҳол Абдулкарим- Мири Зард қотили мири Балҷувон- Каттахон маҳсуб меёбад. Мизробхон-писари Каттахон тахминан соли 1845 аз мардуми Хатлон сарбоз ҷамъ оварда, ба Ҳисор лашкар мекашад ва бекигарии Ҳисорро ғорат карда, бо ғаниматҳои зиёд ба Балҷувон бармегардад.
Нерумандии Мизробхонро Абдулкарими золим аз пуштибонии Сайид Холмуҳаммад медонад ва ин гумони бад ӯро боз ба хунрезӣ таҳрик медиҳад. Ин дафъа Абдулкарим- Мири Зард ба Фйзобод ҳуҷум оварда, хунхорону каллабуронаш то Тавилдара мерасанд. Бар асари дасисаҳо мардуми зиёде кушта шуда, ин золим ба қавле "қасди Исоро аз Мӯсо" мегирад ва гӯё мири Балҷувон - Мизробхонро ҳушдор доданӣ мешавад, ки Абдулкарим ҳанӯз мағлуб нашудааст.
Дар чунин шароит Шайх Сайид Холмуҳаммад бетараф истода наметавонист ва беки золимро ба адлу инсоф мехонад, то дар минтақа хуни ноҳақ нарезад. Сокинони Файзободу Оби Гарм, ки ба мири Балҷувон тобеият доштанд, барои пешгирии чунин ғоратгариҳою хунрезиҳо, ки аз золимон, чуноне аз Абдулкарим- Мири Зард медиданд, Файзободро мирнишин эълон намуда, барои чунин тасмим Мизробхон мардони далери ин диёрро аҳсант гуфт.
Шояд аз чунин ранг гирифтани вазъ бошад, ки душманон аз сари нав дасисаҳои нав ба навро дар ҳаққи Шайх Сайид Холмуҳаммад сохтаю бофтанд. Беки Ҳисор Абдулкарим писаре дошт бо номи Мирзосаид, ки дар хунхорӣ ва золимӣ аз падар ҳеҷ монданӣ надошт ва дар иғвоангезию хунрезӣ ҳамеша падарро таҳрик медод. Мирзосаид аз рӯйи маълумоти бардурӯғи ҷосусон дасиса бофт, ки Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ, ки соҳиби даҳҳо ҳазор мурид аст, омодагии ҳуҷум ба Ҳисорро дорад.
Ин қаҳру ғазаби Абдулкаримро овард ва амр кард, ки Шайх Сайид Холмуҳаммадро дастгир ва ба Ҳисор оранд. Аскарони Мири Зарди золим амру фармонро ба ҷо оварданд ва беки Ҳисор Шайх Сайид Холмуҳаммадро тахминан дар нимаи аввали соли 1866 дар Қалъаи Ҳисор хоинона ба қатл расонд. Мадфани ин рӯҳонии бузургу пешво, олими тавоно ва шоир дар Қалъаи Ҳисор воқеъ ва бо номи мазори "Халифаи Шаҳид" шинохта мешавад. Мазори Халифаи Шаҳид дар қатори дигар ёдгориҳои таърихии Ҳисори Шодмон соли 1989 ба феҳристи ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки беки Ҳисор Абдулкарим-Мири Зард аз хатои кардааш-қатли Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ воқиф гашту пушаймон ҳам шуд,аммо кор аз кор гузашта буд. Кушта ва шаҳид шудани пешвои мардуми минтақа барқвор ба Бухорою Ҳирот расид. Мирони Ғарм, Дарвоз ва Кӯлоб бо номаи шикоят ба Бухоро рафта, аз бедодии Абдулкарим-Мири Зард амир Музаффарро огоҳ месозанд.
Амир Шайх Сайид Холмуҳаммадро хуб мешинохт, зеро падараш амир Насруллоҳ бо падари Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ чанд соле дар мадраса ҳамроҳ таҳсил карда, ошноӣ ва дӯстӣ ҳам доштанд. Овардаанд, ки амир Музаффар аз қатли шаҳид Сайид Холмуҳаммад мотам гирифт ва соли 1866 ба бекигарии Ҳисор лашкар кашид. Беки гунаҳкор аллакай Ҳисорро тарк гуфта, дар Баҳодуробод (Сарбанди ҳозира) бо писарони хунхораш пинҳон шуда буд ва мехост дар амон бошад. Сарбозони амир Музаффар- ин қотилро бо писаронаш дастгир карда, онҳоро дар ҳамон ҷо ба қатл расонданд. Амир Музаффар ба Ҳирот нома фиристод ва ба бозмондагони Шайх-ул-исломи Ҳиротӣ нисбати қатли Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ арзи тасаллият намуд.
Бояд хотиррасон намуд, ки Шайх Сайид Холмуҳаммад олиму фозил, донишманд ва шоир ҳам буд. Аз ӯ мероси гаронбаҳое бо забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар ихтиёри пайвандонаш боқӣ монда, ки ҳанӯз мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст. Чуноне Абдулқодир Маҷидов (фарзанди эшони Абдулхалили Абдулмаҷид)- муовини Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ мегӯяд, аз бобокалонаш Шайх Сайид Холмуҳаммад осоре чун "Ҳуҷҷат-ул-ислом", "Фотиҳ-ул- абвоб", "Урват-ул- вусқо", "Таърих", "Шарҳи таҷаллӣ" ва чанд китоби дигаре боқӣ ва ҳифз шудаанд, ки қимати баланди илмӣ доранд.
Шайх Сайид Холмуҳаммад табъи баланди шоирӣ доштааст ва яке аз мубаллиғони осори Бедил ва Ҷалолиддини Балхӣ маҳсуб меёфт, "Маснавии маънавӣ" ва девони "Ғазалиёт"-и Шамси Табрезиро пурра азбар карда будааст. Шайх ба маънӣ ва муҳтавои ғазалҳои Ҷалолиддини Балхӣ чунон дода шудааст, ки ӯ ҳатто лақаби "Шамсиддин"-ро ба худ мегирад. Дар хатми ин навиштаҳо чанд байтеро аз ашъори Шайх Сайид Холмуҳаммади Хатлонӣ барои хонандагони гиромӣ чун мушке аз хирвор пешкаш мекунем:
Акси ҷамолаш дар дилам, бошад бубинам ман яқин,
Хуршед метобад зи ман, алқоби ман шуд Шамсиддин.
Холмуҳаммад номи ман, боқӣ ҳама алқоби ман,
Атфолу пирон ошиқам, аз марду зан беҳад чунин.
Ҳар кас, ки бошад Шамсиддин, дорад ҳазорон аҳли кин,
Бошад маро аз аҳли кин беҳад ҳазорон дар камин.
Бурҳон Салмонов, махсус барои «Рӯзгор»
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 07 майи соли 2014
-
06.01.2026 20:24
463
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
668
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
581
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
743
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
880
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1586
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
569
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
537
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
574
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
373
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
956
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1980
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
21.01.2026 16:55
371
“Замин - модархудои мост!”
-
21.01.2026 16:51
416
Ҳар як муроҷиат дар доираи талаботи Қонун баррасӣ мегардад!
-
21.01.2026 16:46
415
Муҳити зист ва ҷангал ҳифз мешвад!
-
12.11.2025 14:38
625
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
866
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1140
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
522
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
842
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
803
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1913
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1959
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2933
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1551
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1526
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2766
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
712
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
792
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
784
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1366
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1566
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1356
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3952
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4131
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4566
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
680
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1045
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
986
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































