02:10:30 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳифзи суботи хонавода дар ислом-2

Дар матлаби аввал ба чанд омиле, ки Қуръони карим онҳоро халалрасони ҳифзи суботи хонавода дар ислом маънидод кардааст, ишора карда будем ва ҳоло дар ин матлаб ҳам талош мекунем, то дар бораи дигар омилҳои он аз ҷумла якзанагӣ ибрози назар кунем.

semya-oila-111Худои карим дар ояти 3-и сураи Нисо фармудааст: "Агар аз ин метарсед, ки (ба ҳангоми издивоҷ бо духтарони ятим) адолатро риоят намекунед, дар ин сурат ҳар чӣ аз занон ба шумо писанд ояд ду- ду ва се- се ва чор -чори онҳоро ба занӣ бигирад ва агар метарсед, ки адолатро дар байни онҳо риъоят карда наметавонед, фақат ба як зан ё канизе, ки дошта бошед, иктифо кунед, ин наздиктар аст, ки (на бар худ ва на бар дигарон) ситам накунед".

Дар ояти карима ба чанд ҷанбаи ҳамсардорӣ ишора шудааст, ки ҳамаи онҳоро метавон мавриди назар қарор дод, вале мо ба яктои онҳо иктифо хоҳем кард.

Арӯси дилписанду домоди дилкаш

Қуръони карим бо як назокат ва вижагии хоссе дар бораи аруси дилписанд ва домоди дилкаш ҳам ишора карда, гуфтааст: "Он чӣ аз занон ба шумо писанд меояд" ва дар ҷои дигар ба ин маънӣ фармудааст: "Дилатон мекашад, ки онҳо (занҳо)-ро ба никоҳи худ дароред", (ишора ба оятҳои 3 ва 127-и сураи Нисо). Ҳар чанд дар ҷомеаҳои имрӯза дар хеле аз мавридҳо ба ҷавондухтарону ҷавонписарон иҷозат намедиҳанд ё шароит ва фурсати мулоқоти домодҳо бо арусшавандаҳо фароҳам оварда намешавад ва баъзе аз падару модарон чунин кореро барои худ нанг медонанд, вале бояд иқрор шуд, ки бо такия ба оятҳои дар боло зикр шуда ва ҳадисҳои Паёмбар (с), ки дидани арусшавандаро иҷозат додаанд, ин рафтори эшон ба гуфтаҳои Худо ва фармудаҳои Паёмбараш(с) мухолифат мекунад. Ин мухолифатҳо ва монеъагузориҳои волидон низ метавонанд таъсири нохушоянде дар зиндагӣ ва оиладории оилаҳои ҷавон бигузоранд, ки дар натиҷа ба талоқ ва ҷудоӣ анҷом шуданаш аз эҳтимол дур нест.

Ислом бисёрзаниро то 4 маҳдуд кард

Дар ривояти Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ба ин мафҳум омадааст: вақте Ғайлон писари Саламаи Сақафӣ ислом овард, 10 (даҳ) зан дошт, Паёмбар (с) барояш гуфт, ки 4 (чор)-тои онҳоро ихтиёр карда, дигаронашро сар диҳад. Ғайлон дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) (ҳамон чор зани ихтиёркардаашро) занҳояшро талоқ дода, мол ва дороияшро байни фарзандонаш тақсим мекунад. Ин хабар ба Умар (р) мерасад, Умар (р) барояш мегӯяд: ман фикр мекунам, ки шайтон он чӣ аз осмон хабар медуздад, хабари маргатро шунида, онро ба ту расонидааст, шояд ба қарибӣ бимирӣ, ба Худо қасам, ки занҳоятро дубора (ба хонаат) бармегардонӣ ва молу дороиҳои тақсим кардаатро ҳам бармегардонӣ ва ё ин, ки онҳоро аз молу дороӣ (мерос)-ат ҳақбар карда, амр мекунам қабратро ба мисли қабри Абӯриғол сангсор мекунанд. (Абӯриғол, символи хиёнат ва хоини миллат дар араб шинохта шудааст.

Зеро ин мард замоне, ки Абраҳаи Ашрам, подшоҳи Яман, хонаи зебое сохт, то дигар мардум ба Хонаи Худо-Каъба- нарафта, ба зиёрти он бираванд, хост омада Каъбаро бо филҳояш вайрон кунад. Касе аз арабҳои Яман ба ҷуз ҳамин Абӯриғол розӣ нашуд, ки Абраҳа ва артишашро то Макка раҳнамоӣ кунад... Аз ин рӯ пеш аз ислом, ҳар сол арабҳо пас аз анҷом додани Ҳаҷ қабри Абуриғолро сангсор мекарданд). Бар иловаи Ғайлон чандин нафарони дигаре ҳам аз 4 зан зиёдтар доштанд ва он замон дар бисёрзанӣ ҳеҷ маҳдудияте набуд, ҳатто ривоят мекунанд, Сулаймон (а) хеле занҳои бисёр дошт, вале ислом оварда ҳадди аксари бисёрзаниро ба чор маҳдуд кард...

Муъҷизаи қуръонӣ

Яке аз муъҷизаҳои Қуръони карим ин аст, ки ҳамеша қавли ҳақ ва ҳарфи ҳисобиро мегӯяд. Дар бораи то чор зан гирифтани як мард ҳам сухани раднопазир ва ҳақиқати шигифтангезеро баён кардааст, ки то дар ин маврид таҳқиқ ва тафаккур нанамоем, дарк кардани он бароямон хеле душвор аст.

Доктор Зағлул Роғиб Муҳаммад Наҷҷор, донишманд, пажӯҳишгар ва яке аз муассисон Анҷумани байналмилалии эъҷози илмии Қуръону Ҳадис дар Миср дар як матлаби худ дар шарҳи ҳамин ояи 3-и сураи Нисо навиштааст: аз муъҷизаҳои Қуръони карим ин аст, ки болотарин таносуби мардону занони ба синни балоғатрасидаро зикр карда, гуфтааст: ҳеҷ гоҳ теъдоди занҳои ба балоғатрасида нисбат ба мардон аз 4 (чор) баробар зиёдтар нашудааст.

Ҳатто дар ҷангҳои оламшумуле ба мисли ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки чор сол давом карда, бештар аз 20 миллион нафар ба қатл расида, теъдоди онҳое, ки беномунишон гаштаанд аз кушташудҳо зиёдтар будаанд ва низ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки 6 сол давом карду зиёда аз 55 миллион нафар қурбонӣ дошт, ки аксари онҳоро ҷавонписарони низомӣ ва шаҳрвандони ғайринизомӣ буданд ва ба ҳамин монанду ё зиёдтар аз он беному нишон гардидаанд, теъдоди занҳои дунё нисбат ба мардон аз чор баробар зиёдтар нашуда буданд.

Вақте Қуръони карим омада ҳадди аксари бисёрзаниро ба чор адади онҳо маҳдуд мекунад, ин гувоҳи каломи ростин будани онро медиҳад. Ин маҳдудиятро Парвардигоре ҷорӣ кардааст, ки ҳеҷ чизе дар замину осмон аз Вай пӯшида намемонад. Дар тӯли торих ҳам ҳеҷ гоҳ шумори занон беш аз чор баробари мардон афзоиш наёфтааст, балки дар ҳудуди ҳамин (4/1) боқӣ мондаанду бас".

semya-oila-222Ба андешаи ӯ, "якҳамсарӣ яке аз омилҳои асосии ҳифзи суботи хонавода дар ислом пазируфта шудааст. Аммо дар ҳолатҳое, ки зан нозо, бемор, нотавон, шаҳватмурда ва ё ҳолатҳои ҷанге, ки дар он мардҳо бештар кушта шуда, теъдоди занҳои бева ва бесаробон зиёд мешавад, мард ҳам намехоҳад, ки аз зани никоҳиаш ҷудо шавад, бо иҷозати занаш метавонад зани дуввум, сеюм ва ё чорумеро ба никоҳи худ дарорад, лекин агар занаш нахоҳад, ки шавҳараш зани дигаре ҳам дошта бошад, метавонад ба хубӣ аз вай ҷудо шавад".

Ва аммо дар ҳамин замина ба назари камина метавон ҳадс зад, ки чун Худои карим дар аввали ояти зикршуда ду -ду гуфт ва онро аз се- се ва чор- чор муқаддам гузошт, дар аксар ҷомеаҳои инсонӣ теъдоди занҳои ба балоғатрасида нисбат ба мардҳо наздик ба ду баробар зиёдтар аст. Аллоҳи пок ҳам бар асоси илму донишҳои азалиаш ба вазъ ва ҳолатҳои иҷтимоии мардум ба гунаҳои гуногуне дар Қуръони карим ба мо ишора карда, фаҳмонидааст, ки дар хеле аз ҷомеаҳо таносуби мардону занони ба балоғатрасида баробар (1/1) ҳастанд, ҷомеаҳое зиёде ҳам вуҷуд дорад, ки дар онҳо таносуби занони ба балоғатрасида нисбат ба мардон ду баробар (2/1) аст, дар баъзеи ҷомеаҳои дигар бошад занҳои ба балоғатрасида се баробар(3/1)-и мардони болиғ зиёдтар ҳастанд ва низ ҷомеаҳое ҳам пайдо мешавад, ки теъдоди занҳо чор баробар (4/1) нисбат ба мардҳо зиёдтар ҳастанд ва ба гуфти Наҷҷор дар ҳеҷҷомеае теъдоди занҳои ба балоғатрасида нисбат ба марон аз 4 (чор) баробар зиёдтар нестанд ва нахоҳанд шуд. Ба ҳамин хотир шариъати исломӣ ҳам якзанагӣ, дузанагӣ, сезанагӣ ва чорзанагиро вобаста ба ҳолат ва вазъияти иҷтимоии мардум ба шарти риъояи адолат иҷозат додааст.

Ҳикояи ибратомӯз

Нақл шудааст, ки рафторҳо, нигоҳҳо ва муомилаи зане дар хона бо шавҳараш сард шудааст. Таваҷҷуҳи шавҳар ҳам нисбат ба ин ҳамсараш рӯз то рӯз камтар шуда, муносибати он ду бадтар мешудаанду беҳтар не!

Баъди он, зан ба равонпизишке муроҷиат карда, тафсилоти он ҳама сардшавии муносибатҳояшро нақл мекунад. Равонпизишк ҳам дар навбати худ барояш мегӯяд, ки ҳар марде дар зиндагӣ ба чор зан ниёз дорад. (Зан авзояш беҷо шуда, чӣ магар ӯ бо зан гирифтааст?...)

Равонпизишк ҳам тамоми эҳсосоти он занро ба инобат гирифта мегӯяд, ки ҳар марде дар зиндагӣ ба модаре ниёз дорад, ки ҳар вақт мавриди меҳрубониҳои ӯ қарор бигирад, ба хоҳаре ниёз дорад, ки ҳамеша мавриди муҳаббату ғамхори бародараш бошад, ба дӯст ниёз дорад, ки ҳамеша ба ӯ содиқ монда, дар вақти тангдастӣ ва ё хушиву хурсандӣӯро ҳамроҳӣ кунад, ба ҳамсаре ниёз дорад, ки бо самимияти хосе бо ӯ зиндагӣ кунад. Равонпизишк баъди он илова карда мегӯяд: Ҳоло бигӯед, ки дар ин зиндагии муштараки шумо шумо ҳамчун зан чӣ мақоме доред? Оё тавонистаед, ки барои шавҳаратон нақши чор занро иҷро карда бошед ё на? Зан ҳам баъд аз каме андеша карданд, хатояшро фаҳмида ба хонааш бармегардад.

Ба гуфти равонпизишкон агар ҳар зане тавонад дар зиндагии шаҳвараш нақши он чор зани зикр гардидаро бозӣ кунад, бар иловаи ҳифзи суботи хонаводаи худ, муносибати самимонаашро бо шавҳар ва дар умум бо хонавода нигаҳ бидорад ва аз вайроншавии оилаҳои дигаре ҳам метавонад ҷилавгирӣ кунад.

Агар гуфтаҳои Қуръони карим ва ин ҳикояро дар хусуси чорзанагӣ ба ҳам муқоиса кунем, аз нигоҳи эътиқодӣ ҳеҷ гуна халале намебинем. Балки онҳоро метавон як навъ такмилдиҳандаи донишҳои худ нисбат ҳифзи суботи хонавода маънидод намоем. Ҳоло маълум мешавад, ҳар инсоне нисбат ба шароит ва ҳолату вазъияти иҷтимоии худ ба чор такиягоҳе ниёз дорад. Таҳқиқотҳо ҳам нишон додаанд, аксар оилаҳои муваффақи дунё дар хонаводаҳои худ ба сутунҳое чун меҳрубониву муҳаббат ва садоқату самимият такия зада, биҳишти дуёнро дар васати ҳамин сутунҳо сохтаанд. Онҳое, ки мехоҳанд омилҳои ҳифзи суботи хонавогиашонро бештар бидонанд, бояд ба Қуръон зиёдтар муроҷиат кунанд...

Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi