02:40:40 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳифзи суботи хонавода аз нигоҳи ислом

Дар бораи омилҳои суботу пойдории хонавода дар дунё соҳибназарони зиёде матолибу китобҳо таълиф кардаанд, аммо ҳеҷ яки онҳоро наметавон бар пояи гуфтаҳои Аллоҳ Таъоло дар ин замина баробар кард.

Чашмпӯшӣ ва ҳифзи фарҷ

khonavoda 3236565Қуръони карим дар чандин оятҳои пурҳикмати худ ба ин мавзӯъ ба гунаҳои мухталиф ишораҳое кардааст, ки ҳар яке онҳоро метавон чун сутуне дар сақфи хонавода маънидод кард. Ӯ Таъоло дар сураи Нур нахуст хитоб ба мардон ва сипас ба занон ба ин маънӣ мефармояд: ба мардони мӯъмин бигӯ, ки ҳангоми дидани афроди номаҳрам чашмҳояшон бипӯшонанду олатҳои ҷинсияшонро ҳифз намоянд, ин барои онҳо покизатар аст.

Ба ҳамин монанд ва зиёдтару пурратар ҳам ба занон чунин иршод мефармояд. Аз ин оятҳои карима метавон кашф кард, ки ҳатто як нигоҳ ҳам метавонад ба олӯда шудани домани афроди покиза бо гуноҳ сабаб шавад. Худои карим вақте дар Қуръон ду чизеро бо ҳам тавъам зикр мекунад, маънои онро дорад, ки ҳарду қобили аҳамият ҳастанд ва амалӣ шуданӣ яке бидунӣ дигаре суолбарангез аст.

Инчунин онеро, ки аввал зикр кардааст, аз дуввумӣ бартарият дорад ва ё таъсираш зиёдтар аст. Ба гунаи мисол, дар чандин оятҳо намозу закот, имон овардан ба Худо ва Расулаш, ба даст овардани ризояти Парвардигор тавъам бо ризоияти падару модар. Дар чунин мавридҳо пазируфтани яке ва инкори дуввумӣ куфр аст ва аммо дар бораи оятҳои зикр намуда бошад, амалӣ шудани зино ва бидуни муқаддимаҳои он, аз нигоҳу сипас табодули тамосҳои зеҳнӣ, фикрӣ, забонӣ анҷом меёбанд, ғайриимкон аст.

Ҳамчунин ба ҳамин монанд нигоҳи номаҳрам аз ҳифзи олоти ҷинсӣ, ки барангезандаи шаҳват ва муқаддимаи зино аст шаръан ҳар ду ҳаром ҳастанд. Дар ривоятҳои муътабаре ҳам дорем, ки Расули Худо (с) гуфтаанд: ҳар касе, ки чашмашро аз нигоҳ ба номаҳраме бипӯшад лаззати имонро мечашад ва дар ривояти дигаре ба ин мафҳум гуфтааст, ки ҳар нафаре, ки ҳифзи забону фарҷ (олоти ҷинсии марду занро дар забони адабии арабӣ фарҷ мегӯянд)-ашро ба ман замонат бидиҳад, биҳиштро барояш кафолат медиҳам. Ҳоло ҳамаи ин таъкидҳо ба хотири ҳифзи суботи хонавода ва сипас аз ин тариқ тавсеа ва пешрафти ҷомеа дар ислом гуфта шудаанд.

Сатри барҷастагиҳои шаҳватангези марду зан

Дар идомаи ҳамин оятҳои сураи Нур ва мутаносибан дар сураи Аҳзоб Аллоҳ Таъоло пас аз чашмпӯшиву ҳифзи забону фарҷ пӯшонидани андому авратро ба ҳамон андозаи муқаррар кардааш болои мӯъминон фарз кард. Аврати инсон иборат аз ҳамон узвҳои барҷаста, ҳассос ва шаҳватангезеанд, ки барои марду зан қаблан шиносоӣ шудаанд. Ҳоло ба фарзи мисол, агар як мард дар тан тавре либос бипӯшад, ки тамоми андомҳои барҷаста ва шаҳватангезаш намоён бошанд ва зани номаҳраме бо дидани онҳо лаззат бибарад ва ё ғаризаҳои ҷинсиаш бедор шаванд, пас он мард аз дидгоҳи қуръонӣ ба гуфтаҳои Аллоҳи пок дар ин хусус амал накардааст.

Ҳамчунин агар зане ҳам ба гуфте сатре бипӯшад, ки тамоми андомҳо ва ё қисман узваҳои баҷастаи шаҳватангезаш мардонро мафтун кунанд, он ҳам ба мисли ҳамон марди қаблан зикршуда хилофи фармудаҳои қуръонӣ амал кардааст ва ҳар ду барои ин амалҳояшон ҷавоб хоҳанд гуфт. Зеро ҳар ду метавонанд суботи хонаводаеро дар ҷомеа ба ларза бидароранд ва афроди як оилаи солимеро пароканда кунанд.

Духтарони шавҳардузд

Ин ҷо зикр як ҳикояи воқеиеро, ки камтар аз соли пеш рухдода аст, барои панд гирифтан ба маврид медонам. Дар яке аз боғҳои истироҳатии шаҳр духтаре дар тан либоси муосир ва нимаурён бо ҳамроҳи шавҳараш ба тамошо мебароянд, иттифоқан ҳамон соат дар ҳамон боғ духтари сатрпӯше ҳам барои тафреҳ бо дугонаҳояш мераванд. Шавҳари духтари аввалӣ сатрпӯшро дида, ба фикр фурӯ меравад. Ҳамсараш инро дарк карда, фикрашро ба худ ҷалб карданӣ мешавад, вале талошҳояш бенатиҷа мемонанд. Сатрпӯш ҳам ба он аҳамият намедиҳад.

Хулоса, гапашон калон мешаваду корашон ба ситез табдил меёбад. Духтари аввал дуввумиро ба он муттаҳам мекунад, ки қасди дуздидани ҳамсарашро дорад, вагарна метавонист бо аксуламале фикри ӯро дар бораи худ тағйир диҳад, вале ин корро накард. Дуввумӣ ҳам дар аввал хомӯш баъди он оромона, шурӯъ мекунад: "Ман нафаҳмидам, чаро ин қадар асабонӣ ҳастӣ?! Ман касеро ҳам дуздидан намехоҳам. Баръакси ҳол худат дузд ҳастӣ, ки шавҳари дигаронро дуздидаӣ ва хонаи ободи онҳоро  хароб карда, зиндагиро барояшон ба ҷаҳаннаме табдил додаӣ!

Ин марде, ки алҳол бо туст, то чанд моҳе пеш домоди мо буд. Вақте бори аввал туро дид, воқеъиятро чаппа фикр кард. Ту бо ҳамон либоси нимурёну мӯйҳои мишкинат чашмонашро ҷоду кардӣ. Ту ӯро аз ҳамсару ду фарзадаш ҷудо кардӣ... Хоҳарам буд, бахташро дубора ёфт, аммо ин мард то ҳол он ҳамсари воқеиеро наёфтааст, ки оромбахши рӯҳу равонаш бошад. Маро дида, ҳамсари пешину фарзандонашро ба ёд оварду дар фикри онҳо фурӯ рафт, на дар фикри ман!

Ман ва ё касоне мисли ман, ки ин қадар дар ин гармии тобистон ва ё сардии зимистон худро заҳмат дода, сару барамонро мепӯшонем, маҳз ба хотири хонавайрон нашудани ту ва амсоли ту мекунем. Мо ҳам дар ҳусну ҷамол ва найрангҳои занона аз ту ҳеҷ камие надорем. Дониста бош, ки ман ва ё яке аз ҳамтоёни ман ҳам ин тавоноиеро дорем, ки рӯмолро аз сар гирифта, бо нимнигоҳе хонаеро вайрон кунем, вале мо барои ин кор ба инҷо наомадаем, ин вазифаи мо нест! Ва...

Издивоҷи оромибахш

Таълимоти қуръонӣ дар марҳилаҳои вобаста ба ин мавзӯъ ба паҳлуҳои дигаре ҳам ишора кардаанд, ки рӯ овардан ба онҳо қобили аҳамият аст. Барои мисол, аксар вақт афроди хонаводаҳои солим бештар дар рафти зиндагӣ оилаҳои бомуваффақтаре барпо мекунанд, Қуръони карим низ ба хотири бунёд ва ташкили ҳамин гуна оилаҳои солим ва муваффақ издивоҷро мояи оромиши инсонҳо қарор дода, ба ин маънӣ гуфта аст, ки мо аз ҷинси худатон ҳамсаронеро барои шумо офаридем, ки бо расидан ба онҳо метавонед оромиши рӯҳиро ба даст оваред. Шариъати ноби муҳаммадӣ ҳам шеваҳои расидан ба ин оромишро ба наҳваи аҳсан ба мардум расонидааст.

Суннат ин аст, ки пеш аз издивоҷ интихоби ҳамсари ҳамсонро мадди назар дошта бошем, то мабодо ба ҷои даст пайдо кардан ба оромиши воқеъӣ хонаводае ҳурмату иззаташро бо сабаби нобаробарии ҳамсарон аз нигоҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷинсӣ ва ғайра аз даст бидиҳанд. Дар ин ва оятҳои дигар ба он ишора шудааст, ки суботи хонаводагӣ замоне мустаҳкамтар мешавад, ки ҷонибҳо барои тағйир додани худ аз як ҳолат ба ҳолати хубтару беҳтаре талош кунанд. Онгоҳ Аллоҳи пок байни зану шавҳар ва сипас фарзандону пайвандони онҳо муҳаббату дӯстиро арзонӣ медорад.

Аз хушунат то худсарӣ

Аммо дар ғайри ин сурат, агар Худои накарда, хушунат ва беэҳтиромиву беаҳамиятӣҷои муҳаббату дӯстиро дар дохили хонавода ва ё оилае бигиранд, метавонад сақфи гарми хонаводаро ба фарши сардаш якҷо кунад.

Дар Қуръони карим бар иловаи ин ишораҳои зикршуд, оятҳои дигаре ҳам дорем, ки ба шеваҳои мухталиф ин мавзӯъро пайгирӣ кардаанд. Барои мисол, калимаи "нушӯз"-ро зикр кардааст, ки маънии як навъ бартарӣ хостани зан бар мард ва ё мард бар занро мефаҳмонад. Дар он оятҳое, ки ин вожа зикр шудааст, мавзӯъи асосӣ ҳифзи суботи хонавода мебошад. Дар сураи Нисо пас аз зикр ин калима дар ояте роҳҳо ва ё тактикаҳои дур кардани ҳамингуна бартарихоҳии занонро, ки агар сари вақт ислоҳ нашаванд, оиларо аз ҳам ҷудо хоҳанд кард, мефаҳмонад.

Ӯ Таъоло мефармояд, ки агар бартарихоҳии зан ба марҳилаи саркашӣ ё худсарӣ расаду аз шавҳараш итоат накунад, шавҳар дар ҳарос бошад, аввал занҳоро бифаҳмонед. Дар ҷои дигар мегӯяд, муомалаи хуб ва бо онҳо хушрафторӣ кунед, дар марҳилаи дуввум мегӯяд, ки агар ин чиз таъсир накард, бистари хобатонро ҷудо кунед ва агар он ҳам бенатиҷа анҷом пазирад, онҳоро танбеҳ бидиҳед ва ин танбеҳдиҳиро Паёмбари Худо(с) ва ёронаш шарҳ дода гуфтаанд, ки бо чӯби мисвок (ҳоло дар замони муосир мардум ба ҷои мисвок аз "шотка" ва хамира дандоншӯӣ истифода мекунанд) дар рӯй ё чеҳра не, дар ҷойҳое ба мисли банди дасту по бизанед. Агар бо ин ҳам ислоҳ нашуданд, бар онҳо зулму зӯровариро раво набинед.

Ҳамчунин Қуръон мефармояд ва агар зан аз ҷониби шавҳараш эҳсоси нушӯз-саркашӣ-худсарӣ ва ё рӯйгардонӣ кунаду тарси онро дошта бошад,(ки суботи хонаводаашон дар хатар аст) ҳеҷ монеъе надорад, ки бо ҳам сулҳ кунанд ва сулҳ беҳтар аст. Ба таъбири дигар агар гӯем, Қуръони карим ҳангоми зикри омилҳои халалрасони суботи хонавода, бо назокати хосе роҳҳалҳои онро ҳам баён доштааст, агар фарди андешаманд ба онҳо амал кунад, ҳамеша дар оғуши гармӣ хонавода хоҳад боқӣ монд. Ҳоло дар бораи дигар омилҳои ин мавзӯъ дар партави оятҳои қуръонӣ дар ҳафтаи оянда ҳам матлабе чоп хоҳем кард ва умедворем, ки бо пурра шудани ин матлаб якҷоя асли ин мавзӯъро беҳтар дарк намоему суботи хонаводагиамонро ҳифз кунем.

Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi