18:26:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Масҷиди Набавӣ: Аз ибтидо то имрӯз – III

Абдушариф Боқизода, барои "Рӯзгор"

Дарҳои Масҷиди набавӣ

Чӣ тавре зикр гардид, масҷид дар замони Расули Худо (с) се дар дошт, яке дар тарафи шимол-шарқ, ки ба он дари Паёмбар (бобу-н-набӣ) (с) гуфта мешуд, дигаре дар тарафи ғарби он, ки ба он дари Раҳмат (бобу-р-раҳмат) гуфта мешуд ва саввум дар тарафи ҷануб дар охири масҷид, ки пас аз таҳвили қибла баста ва ба ҷои он дар шимоли масҷид дари дигаре боз карда шуд.

masjid nabvi 939393Дари аввалро барои он бобу-н-Набӣ мегуфтанд, ки Паёмбар (с) аз он дар ба масҷид меомад. Номи он баъдҳо, вақте Расули Худо (с) аз ғазваи Хандақ баргашт ва силоҳ ба замин ниҳод, Ҷабраил (ъ) савори аспе омад ва аз рӯ ба рӯи дари масҷид аз ҷанозагоҳ ӯро садо кард ва фармуд: "... Ба сӯи онҳо - банӣ Қурайза хориҷ шав!...", ба дари Ҷабраил (ъ) иваз шуд.

Самҳудӣ дар сабаби тасмияи дари дуюм ба дари Раҳмат дар Вафоу-л-вафо (Ҷ. 2. - С. 697) овардааст, ки он ба сабаби вуруди марде рӯзи ҷумъа аз дари масҷид аст, ки дар самти Дорулқазо  дар тарафи ғарби минбар воқеъ шуда буд. Он мард барои рафъи хушксолӣ аз Расули Худо (с) дархости дуъо кард ва Паёмбар (с), ки хутба мехонд, даст ба дуъо бардошт ва аз даргоҳи Худо талаби борон ва серобӣ кард. Ин буд, ки дар осмон абр пайдо шуд ва борон - раҳмати Худо он сарзаминро шодоб гардонд.

Дар тавсиаи замони Умар (р) (17 ./38 м.) низ се дари дигар ба масҷид афзуда шуд. Яке аз онҳо дар қисмати охири масҷид аз тарафи шарқ барои занон ихтисос дода шуд, ки ба дари Занон (бобу-н-Нисо) маъруф аст, дари дуюм дар қисмати пеши масҷид аз тарафи ғарб ҷойгир шуда ва ба он дари Салом (бобу-с-Салом) мегӯянд ва дари сеюм дар шимоли масҷид буд. Дари дуюмро барои он бобу-с-Салом гуфтаанд, ки дар мувозоти зиёратгари турбати пок воқеъ шудааст, вақте дар рӯ ба рӯи қабри шариф ба он ҷаноб (с) салом мегӯяд.

Дар замони Расули Худо (с) дар масҷид даричаҳои дигаре низ вуҷуд дошта, ки яке аз онҳо даричаи Абӯбакри Сиддиқ (р) буд. Он дар девори ғарбии масҷид аз тарафи рости минбар воқеъ буда, хонаи ӯро ба масҷид мепайваст ва бо хавхаи Абӯбакри Сиддиқ (р) шинохта мешуд. Расули Худо (с) дар беморие, ки бар асари он вафот кард, фармуд: "Ҳеҷ даре (аз чунин дарҳо) дар масҷид, ба ҷуз дари Абӯбакр, боқӣ намонад, магар баста шавад!".

 Дар тавсиаи замони Умар (р) хонаи Абӯбакри Сиддиқ (р) ба масҷид ҳамроҳ карда шуд ва он дарича дар мувозоти ҷои аввалаш боқӣ гузошта шуд. Имрӯз ҳам даричаи Абӯбакри Сиддиқ (р) дар масҷиди набавӣ дар байни боби Раҳмат ва боби Салом вуҷуд дорад ва дар равоқи он: "Ин хавхаи Саййидуно Абӯбакри Сиддиқ (р) аст", навишта шудааст.

Пас аз эҷоди ҳар тавсиае дар бинои масҷид он дарҳо дар мувозоти ҷои аввалашон насб мешуданд. Дар тавсиаҳои баъдӣ низ ба он дарҳои нав афзуда шуда ва бо номҳои хулафои рошид, баъзе подшоҳон ва ғайра номгузорӣ шудаанд.

Масҷидулҳаром

Масҷидулҳаром - арса ва фазои бози атрофи хонаи Каъба, ки дар замони Расули Худо (с) гирди он деворе надошт. Халифаи дуюм Умар (р) соли 17 бар вусъати он афзуд ва ба гирдаш деворе пасттар аз қомати инсон бардошт. Он дар тӯли таърихи ислом борҳо бозсозӣ ва тавсиа дода шуд, ки яке аз бузургтарини онҳо тавсиаи султон Салими Дуюм дар соли 979-980 ҳ./1571-1572 м. ба шумор меравад. Кишвари Саъудӣ дар ду навбат зимни барномаи пурҳаҷме онро тавсиа дода, бинои чандошёна бо сангҳои мармар ва шабистонҳои васеъе дар атрофи он сохтааст ва ҳанӯз қисмати муҳимме аз айвонҳо ва шабистонҳои сохтаи салотини усмонӣ дар маҳватаи дохили он ҳифз шудаанд.

Номи Масҷидулҳаром борҳо дар Қурони карим, аз ҷумла дар оятҳои 144, 149, 150, 191, 196 ва 217 сураи Бақара, ояти 2 сураи Моида, оятҳои 7, 19 ва 28 сураи Тавба, ояти 1 сураи Исро ва ғ. зикр шудааст.

Ҳарами Каъба - он ҷое, ки имрӯз бинои Масҷидулҳаром дар он воқеъ шудааст, дар замони Расули Худо (с) саҳни кушода ва фазои бозе буда, ки ба хонаҳои сокинони атроф мунтаҳӣ мегашт ва гирдогирди онро ҳеҷ гуна девор ва ё ҳиёте аз берун ҷудо намекард. Бо густариши сареи ислом ва ҳамроҳ шудани миллатҳои тоза ба уммати ислом шумораи ҳаҷгузорон низ сол ба сол афзоиш меёфт. Соли 17 пас аз ҳиҷрат (638 м.) халифаи дуюм - Умар (р) бо назардошти ин раванди таърихӣ ва афзоиши ҳаҷми гунҷоиши Ҳарам тарҳи аввалин тавсиа дар таърихи ҳарими Каъбаро ба мавриди иҷро гузошт.

Он сол бар асари боришоти сахт сели бузурге бо номи Умминашҳал ҳарами Маккаро фаро гирифт ва Мақоми Иброҳим (ъ)-ро ба поёни шаҳри Макка бурда партофт. Умар (р) Мақомро ба ҷои аввалааш баргардонд ва ҳавлиҳои атрофи ҳарамро харидорӣ ва пас аз вайрон намудани иморатҳо онҳоро ба саҳни Масҷид ҳамроҳ кард. Ба гирди он девори пасте бардошт, дарҳое дар он насб кард ва дар болояш барои рӯшноии шабонаи саҳни Ҳарам чароғҳо гузошт.

Вай ҳамчунин дар пеши селроҳа садди бузурге бино кард ва маҷрои онро ба сӯи водии Иброҳим тағйир дод.

Дар замони халифаи сеюм саҳни Масҷид аз гунҷоиши намозгузорон ва тавофкунандагон, ба хусус дар мавсими ҳаҷ, танг омад ва Усмон (р) соли 27 ҳ./647 м. ба тавсиаи муҷаддади он пардохт. Вай ҳавлиҳои атрофро харидорӣ ва пас аз вайрон кардани биноҳо онҳоро ба саҳни Масҷид ҳамроҳ намуд ва Масҷидро аз нав бо равоқҳои сақфдор бино кард.

Соли 66 ҳ./686 м. аз сӯи халифа Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) тавсиаи сеюми Масҷид сурат гирифт. Вай соли 64 ҳ./684 м. бинои хонаи Каъбаро низ аз нав сохта буд, ки дар таърих ба бинои Ибни Зубайр (р) маъруф аст.

Соли 91 ҳ./710 м. халифаи умавӣ Валид ибни Абдулмалик ба тавсиаи чоруми Масҷид иқдом кард ва қисматҳоеро ба он афзуд, равоқҳоро бо чӯби соҷи музайян пӯшонд ва барои аввалин бор дар он сутунҳои рухомӣ (мармарӣ)-ро ба кор бурд.

Соли 139 ҳ./756 м. халифаи аббосӣ Абуҷаъфари Мансур ба тавсиаи панҷуми он пардохт ва масоҳати васееро ба он афзуд.

Соли 160 ҳ./777 м. халифа Маҳдии Аббосӣ дар аснои баргузории фаризаи ҳаҷ тангии саҳни Масҷидро аз гунҷоиши намозгузорон ва тавофкунандагон мушоҳида ва ба тавсиаи он аз тарафи шарқ ва шимол амр кард. Соли 164 ҳ./780 м. халифа Маҳдӣ барои адои фаризаи ҳаҷ боз ба Макка рафт ва бо мушоҳида наздикии хонаи Каъба ба ҷануби Масҷид ба тавсиаи он аз ҷануб амр кард, то хонаи Каъба дар миёнаи саҳни Масҷид бошад.

Маҳдӣ соли 167 ҳ./783 м. ба тавсиаи дуюми Масҷид иқдом кард, ки бузургтарин тавсиаи Масҷид то он замон ба шумор мерафт ва масоҳати афзудаи ӯ 12512 м2-ро ташкил медод. Бинои онро пас аз вай писараш Ҳодӣ ба итмом расонд. Ҳазинаи умумии он 4 578 750 динорро ташкил додааст.

Қисмате аз Доруннадва - бинои анҷумани Қурайш дар тавсиаҳои қаблӣ ба Масҷид ҳамроҳ карда шуда ва соли 284 ҳ./897 м. халифа Муътазиди Аббосӣ ба ҳамроҳ намудани боқимондаи он ба Масҷид амр кард ва ин тавсиа ба боби Зиёда маъруф аст.

Соли 306 ҳ./919 м. қисмати дигари Доруннадва ба Масҷид ҳамроҳ карда шуд, ки ба боби Иброҳим маъруф аст ва бо ҳамин тавсиаи Масҷид дар гузашта ба охирин ҳадди худ расид. Пас аз он Масҷид ба муддати наздик ба 600 сол ба ҳамон ҳол боқӣ монд ва ҷуз бозсозӣ ва таъмироти ҷузъӣ дар он тавсиаи дигаре сурат нагирифт.

Соли 803 ҳ./1399 м. дар Масҷидулҳаром аз дари Вадоъ то дари Иброҳим оташсӯзие ба вуқуъ омад, ки бар асари он равоқҳои он қисмати Масҷид фурӯ рехтанд ва аз нав бозсозӣ шуданд.

Соли 976 ҳ./1568 м. баъзе тарқишҳо ва осебҳо дар бинои Масҷид ба вуҷуд омад ва султон Салим халифаи усмонӣ 979-980 ҳ./1571-1572 м. ба тавсиа ва таъмири комили бинои Масҷид амр кард. Султон Салим соли 980 ҳ./1572 м. қабл аз такмили он вафот кард ва писараш султон Мурод бинои онро соли 984 ҳ./1576 м. ба итмом расонд. Он ба бинои салимӣ, муродӣ ва ё усмонӣ маъруф аст ва аз тарафи дохил то имрӯз ҳифз шудааст.

Сақфи Масҷид дар бинои салимӣ бори аввал ба ҷои равоқҳои чӯбин бо 152 қубба пӯшонида шуд ва масоҳати саҳни он ба 28003 м2 расид.

Соли 1373 ҳ./1952 м. малик Суъуд ибни Абдулазиз тарҳи тавсиаи Масҷидулҳаромро рӯи даст гирифт ва марҳалаи аввали онро соли 1375 ҳ./1955 м. ба итмом расонд. Марҳалаҳои баъдии он ба дасти фарзандонаш малик Файсал ва Холид аз соли 1384 ҳ./1963 м. оғоз ва соли 1398 ҳ./1978 м. ба поён расиданд. Ба тамоми ин марҳалаҳо тавсиаи аввали суъудӣ гуфта мешавад.

Тавсиаи Ходими Ҳарамайн малик Фаҳд, ки ба тавсиаи дуюми суъудӣ машҳур аст, охирин ва бузургтарин тарҳе буда, ки соли 1409 ҳ./1988 м. оғоз ва пас аз чанд сол бо меъмории нодир ва пешрафтатарин имконоти умронӣ ба итмом расид.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №31, 30 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi