19:54:35 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Илоҳӣ, Туйӣ подшоҳи ҳама…

Ё сухане чанд дар бораи муноҷот чист ва муноҷоте ба даргоҳи Ҳақ

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи муноҷот чунин шарҳ дода шудааст: "розу ниёз кардан,тавалло ва зорӣ кардан ба Худо". Муноҷот яке аз унсурҳои асари бадеӣ дар адабиёти форс- тоҷик ба ҳисоб меравад. Муноҷот дар адабиёти баъзе халқҳои Шарқ низ дида мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, аввалин шоире, ки дар адабиёти форс-тоҷик муноҷотро ба ҳукми анъана даровард, шоири мутасаввуфи асри 11 Абдуллоҳ Ансорӣ буд. Бештари муноҷотҳои ӯ бо насри мутавозӣ дар санъати мусамман навишта шудаанд.

dua 6546556Муноҷот дар асрҳои минбаъда дар адабиёт шаклҳои гуногуни шеърӣ доштааст. Аксарияти шоирону нависандагони гузашта дар ибтидои маснавӣ, достонҳои калонҳаҷми лирикию эпикӣ, муқаддимаи девону куллиётҳои худ пеш аз ҳамду наът муноҷотро ҷой додаанд. Баъзе шоирони мутасаввифи гузашта ҳамчун асари мустақил муноҷот эҷод кардаанд.

Чанде аз муноҷотҳои Фаридуддин Аттор, Саноии Ғазнавӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз ва дигарон дар шакли қасида навишта шудаанд, аз ин рӯ, дар баъзе асарҳои адабиётшиносӣ муноҷотро як навъи қасидаи динӣ меҳисобанд. Азбаски мазмун ва мундариҷаи муноҷотро розу ниёз ва зориву тавалло ба Худо ташкил мекунад,дар он масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ хеле кам ба назар мерасад.

Аҳамияти муноҷот дар он аст,ки бо забони соддаву равон ва бо обу ранги бадеӣ иншо мегардад. Яке аз хусусиятҳои муҳиму фарқкунандаи муноҷотҳо аз он иборат аст,ки қаҳрамонони лирикии онҳо дар назди Парвардигор ниҳоят заифу нотавон ва ҳақиру бечора қаламдод мегарданд. Инак, муноҷотеро аз Мулло Додъалии Додӣ пешкаши хонандагони мӯҳтарам мегардонем.

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Илоҳӣ,Туйӣ подшоҳи ҳама,    

Зи раҳмат бибахшо гуноҳи ҳама.

Ҳама чашм дорем ба даргоҳи Ту,

Ҳама чун гадо бар дари шоҳи Ту.

Худованди донову бино Туйӣ,

Ҳама нотавону тавоно Туйӣ.

Туйӣ холиқу қодиру зулҷалол,

Ту ҳасти кариму Туйӣ лоязол.

Туйӣ розиқу ҷумлаи кулли шай,

Бисозӣ мамоту бисозӣ Ту ҳай.

Ту беъайбиву бе намуна Туйӣ,

Ту бе чуниву бе чигуна Туйӣ.

Ту ҳастӣ самеъу Ту ҳастӣ басир,

Ту ҳасти алиму Ту ҳастӣ хабир.

Туйӣ бесуботу Туйӣ баназир,  

Ту ҳастӣ ъало кулли шайи қадир.

Илоҳӣ, каримӣ, карам кори Туст,

Бибахшо, ки бахшиш сазовори Туст.

Туйӣ қозии ҷумла ҳоҷотиён,

Бидеҳ Ту наҷоти муноҷотиён.

Ту Парвардигори ҳама инсу ҷон,

Ту рӯзирасону Ту рӯзиситон.

Туйӣ бекасонро ҳама дастгир,

Ба ҳар ҷо,ки ҳастӣ адолатпазир.

Аз ин  баҳри исён,Ту,эй кирдигор,

Ба фазли худат осиёнро барор.

Ба дарбори Ту - подшоҳ омадам,

Чу гургин саге рӯсиёҳ омадам.

Ба мӯйи сафеду ба рӯйи сиёҳ,

Ту омурзгориву ман рӯсиёҳ.

Бикун раҳм, ё Раб, ба мӯйи сафед,

Чу ман ноумедам, макун ноумед.

Накардам намозу надодам закот,

Ба ин бандагӣ аз ту хоҳам наҷот,

На зикру салоту на ҳаҷҷӯ сиём,

Дуруду рукуъу суҷуду қиём.

Тамомӣ риёӣ намудам намоз,

Ту ҳам бениёзиву ҳам корсоз.

Илоҳӣ, наёмад зи ман кори нек,

Туйӣ ло илаҳ ваҳдаҳу ло шарик.

Маро зиндагонӣ  бидодӣ нахуст,

Зи ман бандагонӣ наёмад дуруст.

Ҳама феъли зишту ҳама кори бад,

Ҳама бешуъуру ҳама бехирад.

Ба дунё наёмад зи ман кори хуб,

Ба ҷуз феъли зишту ба ғайр аз зунуб.

Туйӣ ғофируззанб омурзгор,

Аҷаб нест омурзӣ, эй Кирдигор.

Бипӯшӣ зи лутфат гуноҳи маро,

Кунӣ сурх рӯйи сиёҳи маро.

Бишӯйӣ зи раҳмат сияҳ номам,

Халосам кун аз ҳавли ҳангомаам.

Илоҳӣ,Ту сатториву айбпӯш,

Туйӣҷурмбахшу Туйӣҷуръанӯш.

Дар он лаҳза бошад саъодат маро,

Бибахшӣ ба лутфу каромат маро.

Маро ҷуръае деҳ зи ҷурми гуноҳ,

Бикун афв ҷурми ман, эй Подшоҳ,

Ҳама ҷуръанӯшанд, соқӣ Туйӣ,

Ҳама рафтагонанд, боқӣ Туйӣ.

Ба рӯзи қиёмат чу халқи ҷаҳон,

Сар аз хок гирад ҳама инсу ҷон.

Дар он рӯз ман мустамандӣ кунам,

Зи пастӣ сар андар баландӣ кунам.

Чӣ бошад агар неку гар бад шавам,

Ба зери ливои Муҳаммад  шавам.

Илоҳӣ, биёмурз ҷурми маро,

Ба ҳаққи Муҳаммад, шаҳи ду саро.

Ба он шоҳи лавлоку меъроҷи ӯ,

Лаъамрак ба сар омада тоҷи ӯ.

Ба он қоба қавсайн абрӯи ӯ,

Ба инно фатиҳно-и бозуи ӯ.

Ба он "Ваззуҳо" васфи рухсори ӯ,

Ба "Валлайл" гесӯи шаҳвори ӯ.

Ба эърози пайғамбарон аҷмаъин,

Чи аз мурсалину чи номурсалин.

Хусусан ба рӯҳи Муҳаммад Амин,

Ба хатмуннабӣ шофеъи музнибин.

Илоҳӣ, ба эъзози ёрони ӯ,

Ба рӯҳи ҳама дӯстдорони ӯ.

Ба сидқи Абубакру адли Умар,

Мар ӯро назорӣ ба рӯзи ҳашр.

Ба Усмон Зуннуру ҳилму ҳаё,

Ба ҳаққи Алӣ-он шаҳи лофато.

Илоҳӣ,ба ҷуду сахои Алӣ,

Илоҳӣ,ба зӯру вилои Алӣ.

Ба он соҳиби Дулдулу Зулфиқор,

Ба хайбаршикан, ҳоҷатамро барор.

Ба шоҳи араб ибни амми Расул,

Ба шери худованд завҷи Батул.

Ба Заҳрои бинти набӣ Фотима,

Ба он аҳли байташ тамомӣ ҳама,

Ба он сарвари сафдари сафшикан,

Ҷигаргӯшаи Мустафо Булҳасан.

Илоҳӣ,ба он ҷумлагӣ аҳли дард,

Ба маҳшар надорӣ маро рангзард.

Илоҳӣ, ба хуни гулӯи Ҳусайн,

Мар ӯро раҳонӣ аз он шӯру шайн.

Ба мазлуми лабташнаи Карбало,

Ба бемории обиди пурбало.

Илоҳӣ,ба Боқир-ҳамон мири панҷ,

Мар ӯро раҳонӣ азон дарду ранҷ.

Ба шоҳзода Ҷаъфар-ҳамон нозанин,

Ба Мӯсои Козим- шаҳи ҳафтумин.

Ба шоҳи Хуросон,имоми ғариб,

Ки ҷоми шаҳодат бар ӯ шуд насиб.

Алӣ бинни Мӯсо ризои шаҳид,

Ки шуд куштаи заҳри ибни Рашид.

Илоҳӣ, ба ҳаққи Муҳаммадтақӣ,

Нагардониам Ту зи аҳли шақӣ.

Илоҳӣ, ба ҳаққи Алиуннақӣ,

Намойӣ маро мӯъмину муттақӣ.

Илоҳӣ,ба ҳаққи Ҳасан Аскарӣ,

Ба сӯи мани бенаво бингарӣ.

Илоҳӣ,ба Маҳдии соҳибзамон,

Маро аз сафи хосагонат бихон,

Илоҳӣ,бикун афв тақсири мо,

Ту медониву чист тадбири мо,

Туйӣ довару ёвару ёри мо,

Ба ҳар кор ҳастӣ мададгори мо,

Надорам ба ғайр аз Ту роҳи умед,

Умед аз Ту дорам, ки додӣ навид,

Тазаррӯъкунон омадам бар дарат,

Саги рӯсиёҳам ба сад маъзират,

Ба дарбори Ту,эй шаҳи бемисол,

Ки ҳам пойдориву ҳам  безавол.

Туйӣ боқиву банда фонӣ манам,

Туйӣ зинда,безиндагонӣ манам.

Ба як кофу нун кардӣ олам бино,

Ба як турфатулъайн созӣ фано.

Чи дар кофу нун лутфи беҳад кунӣ,

Ду олам туфайли Муҳаммад кунӣ.

Агар нури Аҳмад намезад алам,

Набуд Аршу Курсиву Лавҳу Қалам.

Набудӣ самову набудӣ замин,

На ашҷор будӣ, на будӣ самин.

На явми сафеду на лайли сиёҳ,

Ба ҷуз нури Аҳмад ва зоти Илоҳ.

Илоҳӣ, як аз уммати Аҳмадам,

Бибахшой гар некаму гар бадам.

Илоҳӣ, надорам паноҳ ғайри Ту,

Ту худ ваъда додӣ, ки ло тақнату.

Илоҳӣ,умедам дар он оят аст,

Зи ман ҷурм аз Ту ҳама раҳмат аст.

Илоҳӣ, нагирӣ ба афъоли ман,

Агар гириам, вой бар ҳоли ман.

Илоҳӣ,Ту донӣ, ки бад кардаам,

Гуноҳи фаровон зи ҳад кардаам.

Бароти наҷот аз ҷаҳонам бидеҳ,

Раҳи неки уқбо нишонам бидеҳ.

Зи гармои маҳшар халосам кунӣ,

Сафед ин рухи чун палосам кунӣ.

Зи асвад ба абяз бадал созиям,

Ба маҷмӯъи некон биандозиям.

Зи шарри шаётин раҳойӣ диҳӣ,

Ба хубони худ ошнойӣ диҳӣ.

Насозӣ маро пайрави ҳирсу оз,

Маро зердасти саги дун масоз.

Манам бандаи нотавону заъиф,

Халосӣ намойӣ маро з-ин касиф.

Шудам пир аз ин золи нопоки шум,

Ба ман лашкари дев дорад ҳуҷум.

Набошад маро паҳлӯи паҳлавӣ,

На дил мешавад то кунам пайравӣ.

Илоҳӣ,Ту донӣ, ки дармондаам,

Чу хар зери бори гарон мондаам.

Зи кирдори худ мондаам мунфаъил,

Зи бори гарон то ба зону ба гил.

Аз ин гил ба лутфат барорӣ маро,

Ба покону некон супорӣ маро.

Ба шафқат нависӣ ба хаттӣҷалӣ,

Ки афви гуноҳ кардам,эй Додъалӣ.

Баргардон ва таҳияи Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi