12:24:16 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Номҳои Қуръон дар таърих – II

Абдумавлони Одиназода, аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ

Гуруҳе мӯътақиданд, ки дар решаи ин калима ҳамза вуҷуд дорад ва бархе аз эшон  дар решаи ин калима ҳамзаро намебинанд. Онҳо, ки мӯътақиданд ин калима бо истилоҳи маҳмуз аст, яъне дар реша ва бунёди худ ҳамза дорад, онҳо ҳам дар мавриди маънии ин калима бо ҳам иттифоқи назар надоранд, зеро ин калима маънои мутаъадиде дорад.

qoran-565654441.Қавле аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) яке аз саҳобаи пайғамбари Акрам (с) нақл кардаанд, ки Қуръон бар вазни "Раҷҳон" аз қараъат масдар қараъа яқрау ба маънии хондан омадааст. Ба иборати дигар исме аст, барои он чӣ хонда мешавад.

2.Қавли дигаре аз Қатода (118 м.), ки ҷузъи тобеъон (табақаи дуввум) ва ё насли баъд аз саҳоба аст, боз гуфтаанд: Қуръон масдар ва ё сифате аст, барои қараъа (аз боби наср ва фатҳ) ба маънии ҷамъ кардан чуноне, ки араб вақте чизеро гирд оварда ва пореро бар пораи дигаре меафзояд мегӯяд: "қараат-уш-шиа қуроно" чизе бар он афзудам. Шоҳид мисоле ҳам меоварад аз Амру ибни Гулсум-ут-Тағлабӣ шоири аҳди ҷоҳилӣ, ки дар мақолаи маъруфи худ гуфт: "Бозувони сафед монанди дасту пойи ноқае, ки ҳанӯз ҷанинро дар бар нагирифта, фарбеҳ ва устувор" дар ин ҷо васфи шутур мекунад, ки ҳаргиз бор нагирифта. "Лам тақраъ ҷанино" аст. Яъне худ  бар ҳеҷ бачае ҷамъ накарда*. Ҳеҷ баче дар раҳми худ замимае накарда…

Аммо муносибати ин маъниро бо "Қуръон" гуфтаанд ин аст, ки ҳуруф ва калимот, оёт ва сураҳо ҳама дар он ҷамъ омадааст ва бо ин ки ҳақоиқ ва аҳком, маъориф, таълим олияи динӣ, ки дар кутуби пешин пароканда буда, дар ин маҷмӯъ шуда ва ба ҳам пайвастааст.

Дар миёни ин ду қавл, Табарӣ ва бештари муфассирони дигар, қавли Ибни Аббосро аввалӣ шинохтаанд. Зеро агар манзур ҷамъоварӣ ва таълифи Қуръон бошад, ки пеш аз ин гирдоварӣ низ  пайравӣ аз оёти он фарз ва воҷиб будааст.

Ин ихтилофоти назар дар маънии оёти илоҳӣ низ асар мегузорад. Масалан онҷо, ки Худованд фармуд: "фа изо қараъноҳу фаттабеъ қуронаҳу" (75 ояти 17)

Ба таъвили Қатода мешавем: "Чун онро таълиф кардем, аз он ҷамъ берун кун" ва ҳол он ки дидем ба қавли Табарӣ пеш аз таълиф ҳам пайравӣ ба Қуръон воҷиб буда, аммо ба қавли Ибни Аббос мешавад: "Чун онро бар қироъати худ баён кардем, пас аз он чӣ бар қироъати худ барои Ту равшан сохтаем берун кун!"

Пас аз саҳоба ва тобеин навбати донишмандон мерасад:

3.Заҷҷоҷ (311 м.) мегӯяд: Қуръон маҳмӯз аст ва васфе аст бар вазни фуълон аз "ал-қараъа" ба маънии ҷамъ. Чуноне ки "Қури ал-моу фил-ҳавзӣ" яъне об дар ҳавз ҷамъ шуд. Чӣ Қуръон самара ва маҷмӯаи кутуби пешин бошад* Ҷавҳарӣ (393) ва пеш аз ӯ Суфиён ибни Айния (198 м.) ҳам онро тарафдорӣ мекунанд* ин тақрибан ҳамон қавли Қатода аст ва нишон медиҳад, ки араб калимаи "қара"-ро пеш аз ислом мешинохтанд ба маънии ҷамъ ва замима.

4.Лахёнӣ (215 м) ва чанд тани дигар мегӯянд: калимаи "Қуръон" масдари маҳмузе аст ба вазни раҷҳон ва ғарон. Мақсад аз "қараъа" - "тало" яъне хонд ва китобе, ки хонда мешавад ба дин исм (масдар) номида мешавад. Чуноне, ки мафъулро ба номи масдараш мехонанд, масалан мактуб навишта шудааст "китоб" хонда мешавад. Дар ин ҷо "мақруа" хонда шудааст. "Қуръон" номида шуда*. То инҷо тарафдорони вуҷуди ҳамза дар ин калима буд, аммо дастаи дигаре онро ғайри маҳмӯз медонанд, яъне ҳамзаро дар решаи ин калима қабул надоранд. Инҳо: 

1.Шофеъӣ (204 м.): хатиби Бағдод дар тарҷумаи Шофеъӣ гӯяд, ки ӯ гуфт: "Қуръонро бар Исмоил ибни Қастантин (маъруф ба Қасат) мехондам. Исмоил мегӯфт: калимаи Қуръон исм аст ва маҳмуз нест аз "қараъат" гирифта нашуда ва агар аз "қараъат" меомад, он чӣ хонда мешуд, Қуръон буд.

Байҳақӣ (458 м.) низ мегӯяд: Шофеъӣ Қуронро исми ғайри маҳмуз барои худо медонист Ибни Касир (774 м.) ва Суютӣ (911 м.) ҳам аз ин назар пайравӣ мекунад.

Чунин пайдост, ки Имом Шофеъӣ, барои баҳс дар асли тасмия ангезае надошт ва онро муштақиқ ва маҳмуз надониста, балке исми хосе барои каломи илоҳӣ медониста, чуноне, ки китоби Мӯсо Таврот хонда мешавад, номи китоби осмонии мо ҳам Қуръон аст. Асоми баҳс ва иллатёбӣ раво нест, аммо уламои дигар бар ҳасби одате, ки бар баҳс аз усули асмоъа доранд, мутаъарризи баҳс аз ин исм шудаанд.

2.Ашъарӣ (324 м.) ва пайравонаш мӯътақиданд, ки лафзи Қуръон аз "Қурана" муштаққ аст. Араб чун чизеро ба чизи дигаре замима кунад гӯяд: "қуранта ашшайа бишшайӣ" ва ба ҷамъи сураҳо ва ояҳои ҳам Қуръон гӯянд. Аз инҷо миёни ҳаҷ ва умраро низ "қирон" хонанд.* Яъне чун ояти Қуръонӣ ба як дигар мақрун мегарданд ва ба ҳам мепайванданд. Маҷмӯъ ва ё қисмате аз оётро "Қуръон" мехонданд ё ба иборати дигар миёни сураҳо, оёт ва ҳуруфи он ва ё ин ки дар Қуръон алфози фасеҳ бо маъонии саҳеҳ омадаанд. Дар ин сурат нун ҷузъи ҳуруфи аслии калима аст ва ҳамзаи мамдуда зоид аст, пас мешавад гуфт "Қурон" бидуни ҳамза ин заъиф аст. Албатта ба кор рафтани калимаи "Қурон" дар ин маънӣ дар садри ислом собиқае дорад*, аммо таваҷҷӯҳ кунем дар худи Қуръон, ин калима ба маънии "маҷмӯъаи оёт навишта ва мудавван" ба кор нарафтааст. Гузашта аз он, тасмияи Қуръон аввалин бор дар сураи "Буруҷ" ва ё "ал- музаммил" омада ва дар он ҳангом ҳанӯз оёте ба қадре нозил нашуда буд, ки ба муносибати иҷтимоъи оёт ва ва наздикии онҳо итлоқ гардад.

3.Баъзе ҳам онро бидуни ҳамза дониста, вале аз калимаи "қарӣ" ба маънии зиёфат ва меҳмонӣ. Дар ин сурат Қуръон хони густурдаи илоҳӣ аст, ки ҳар кас ба саҳми худ аз он баҳраманд гардад. чуноне ки Расули Акрам (с) фармуд: "инна ҳозал қуръона маадабату фахузу минҳ" ин Қуръон суфрае аст кушода, аз он бигиред.

Чунин буд назари донишмандон ва муфассирони исломӣ, ки дар заминаи луғат доштанд, аммо ховаршиносон низ дар ин замина назариёте иброз доштанд, ки нақли он холӣ аз фоида нест. Нахустин бор Таудур Нолд, ки (1349 м.) олими олмонӣ дар "Таърихи Қуръон"-и худ мӯътақид буд, ки калимаи "иқра" дар садри сураи Алақ ба маънии таблиғ кун, ваиз кун омдааст.* Ражи Билош (1375 м.) олими фаронсвӣ онро тасдиқ менамояд, ки маънои аввалини Қуръон "таблиғ" буд* ва оҳиста-оҳиста  мардум одат карданд, ки ин калимаро ба маънои китоби таблиғ ба кор бибаранд.

Дар воқеъ, маънии дақиқи калимаро бояд дар истеъмолоти худи Қуръон ёфт, ки дар мавридҳои бисёре номи Қуръонро ба маъонии мухталиф ва дар бисёр ҷойҳо низ феъли "қараъа"-ро ба суратҳои мухталиф ба кор бурда аст.

Қуръон чуз ин ном ба номҳои дигар ҳам хонда шуда, ки ба номҳои "Фурқон" ва "Китоб" ва "Зикр", ки роиҷтаранд ишора мекунем ва номҳои дигар ҳам дар поён ёд мешаванд.

ФУРҚОН

Ин калима дар арабӣ ҳамчун калимаи асил аз решаи фарақа (боби зарб) ба кор рафта, мисли хасара ва хусрон. Дар ин сурат масдар аст ба ҷои исми фоъил. Чунон ки гӯянд: "раҷулун адлун", яъне марди хеле одил ва маънии фурқон мешавад "бисёр фарқгузор", ки дар мавриди Қуръони маҷид муфассирон онро фарқ гузор миёни ҳақ ва ботил тафсир кардаанд, гузашта аз он, маънии "наҷот-нусрат" ва фаслу махраҷро ҳам барои он зикр намудаанд, аммо ба қавли Табарӣ ҳар се таъвил бо ихтилофи лафзе, ки доранд, аз назари маънӣ бо ҳам наздиканд. Касе, ки дар тангҷое гурезгоҳе ёфта, ки ин маҳал хуруҷи мояи наҷоти ӯ аст. Ба ҳар сурат, асли Фурқон фарқ гузоридан миёни ду чиз ва ҷудо кардани онҳост ва Қуръонро аз он ҷиҳат Фурқон хондаанд, ки бо далоил ва аҳкомаш миёни ҳақ ва ботил фарқ мегузорад.*

Таваҷҷӯҳи муфассирон ба маънии "Наҷот" дар ин калима боис шуда, ки баъзе шабоҳате миёни ин калима ва назири он дар решаи оромӣ-арабӣ яъне Пурқон  ва ё суриёнӣ Пурқона ба маънии наҷот биёбанд.

Ҳар чанде, ки дар лаҳҷа Фурқон ба маънии махраҷ ва ё аҳёнан "наҷот" ба кор рафта бошад, аммо ин шабоҳати мухтасар ва назари он ба ҳеч ваҷҳ наметавон далели он бошад, ки ин калима аз асоси ғайриарабӣ аст. Оре, дар яке аз маъонии мухталифе, ки ин калима ба кор рафта, шабоҳати мусталаҳи сурёнӣ ва ибрӣ, яъне забони аслии яҳудӣ ва насоро таъсири мустақим ва нофиз нест.

Барои равшан шудани маънӣ ва беҳтарин роҳ шиносоии калима, тавассул ба худ Қуръони маҷид ва мулоҳизаи истифодаи ин калима дар Қуръон аст. Ин калима ба тартиби нузул дар Қуръони маҷид ба дин тартиб ба кор рафтааст:

1.Дар ояи аввали сураи Фурқон Худованд худ китобашро Фурқон меномад: "Таборак-ал-лази наззала фурқона ало абдиҳи лиякуна лил-оламина назиро" (1-25) бартар аст он ки ин Фурқон бар бандаи худ нозил кард, то бар ҷаҳониён "назир" бошад. Дар ин нахустин оя, Фурқон муодили Қуръон омада, ки ба манзури анзор ва бим додани ҷаҳониён фурӯ фиристодаанд.

2.Дар сураи Бақара ояи 53 фармояд: ва из отайно мусал китоба вал фурқона" ва чун ба Мӯсо китоб ва Фурқонро додем.

3.Дар ояи 175 ҳамон сура: "унзила фиҳи-л-қуръону ҳуда-лл-иноси ва баййинотин минал ҳудо вал фурқон" Қуръон дар он нозил шуда, барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои ҳидоят ва фурқон.

Хулоса, ин луғат дар маънии ваҳй дар оромӣ ба кор нарафта ва агар шабоҳате ҳам бошад, дар маънӣ "наҷот" аст, ки мусталеҳ фурқонои оромӣ ва йшиъаи ибрӣ аст. Дар сурате, ки дар Қуръони маҷид маънии ваҳй мавриди назар аст ва бадин ҷиҳат номе барои китоби Худо қарор гирифта, дар истеъмолоти қуръонӣ ҳам нахустин бор дар сураи Фурқон (чиҳилу дуввумин сура) бо ҳамин маънӣ Қуръон рафта ва дар охирин бор дар аввали сураи "Оли Имрон" (ҳудуди соли севвуми ҳиҷрат) боз ба ҳамин маънӣ ваҳй нозил шудааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 16 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi