Номҳои Қуръон дар таърих - I
Абдумавлони Одиназода, аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ
Хуршеди Ислом, дини Ҳақ, тулӯъ намуд. Муҳаммад (с) зуҳур кард, то аз торикиҳои қарн, аз қалби ҳамаи ситамҳо ва беадолатиҳо ба иродаи Парвардигори якто, бо садои расои худ дар гӯши инсонҳо бихонд. Ва ба ин тартиб ба ҳамаи мардумони ҷаҳон, аз араб ва ғайри араб эълом кунад: «Эй мардум, мо шуморо аз марду зан офаридем ва ба (сурати) миллатҳо ва қабилаҳо (дар дунё) қарор додем, то бидонед, ки беҳтарини мо дар назди Парвардигор парҳезгортарини шумост».
Аз тулӯъи хуршеди ислом ва инқилоби азими пайёмбари он, ҳазрати Муҳаммад (с) ҳазору чаҳорсад сол мегузарад. Дар тӯли ин даврони дурудароз, ҷаҳон шоҳиди дигаргуниҳои ҳайратангез ва боварнакардание буда, ки бетардид Қуръони карим ва таълими пайёмбари ислом, маншаи бузург аз онҳо ба шумор аст, зеро наҳзати бузург фикри навини ҷаҳон, зодаи ислом ва китоби пайёмбари он ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
Дар заминаҳои бешуморе аз илм, ҳаракатҳои фикрӣ ва фалсафии навини ҷаҳон, ҳосили андеша ва кори донишмандон, мутафаккирон, нависандагон, ихтироъкорон, пизишкон, меъморон аст, ки парвардаи тамаддун ва фарҳанги исломианд.
Дар бораи ин ки дар замони Расули Худо (с) аз маҷмӯаи ваҳйи илоҳӣ ба чӣ номи мушаххасе ёд мешавад, дар ин бора сухани қатъӣ ва рӯшане дар даст нест. Ҳанӯз боби ваҳй масдуд нашуда буд ва чуноне, ки хоҳем дид, ҷамъ ва гирдоварии Қуръон, агар чӣ дар замони Пайёмбари акрам (с) оғоз гашта буд, вале ба наҳви асоси қатъӣ дар замони хулафо ба поён омад.
Албатта, дар ҳамон ояти садри нузул ҳам калимаи «Қуръон» нозил шуда буд ва ин ном бар тамом ва ё қисмате аз каломи илоҳӣ ҳарду итлоқ мешавад, аммо номҳои дигаре ҳамчун Китоб, Зикр, Фурқон ва ғайра аз номҳои бисёр мазкуре аз Қуръон буд. Бинобар ин, номи роиҷи мушаххасе, ки ҳама дар он замон барои он иттифоқи назар дошта бошанд, бозгӯ нашудааст.
Аз мазмун ва ахбори аҳодис чунин фаҳмида мешавад, ки номи аввале, ки пас аз реҳлати Расули акрам (с) бар маҷмӯаи оёти илоҳӣ ниҳодаанд зоҳиран мусҳаф ((гхХНу Эбудааст. Ин калима бо ҳамин сурат дар Қуръони маҷид наёмада, аммо ҳамрешаи ин калима суҳуф ҳашт бор ба дигар суратҳо омадааст:
Суҳуфи Иброҳим ва Мусо (19-87), суҳуфи Мусо (34-53), суҳуфил уло (китоби аввал 133-20 ва 17-87), суҳуфи мукаррама (номҳои гиромӣ, лавҳи маҳфуз ё китоби анбиё 13-80), суҳуфи мунншараҳ (номҳои саркушода ва афрохта 52-76) ва ба сурати нушират (10-81), суфҳу мутаҳҳара (номҳои покиза 2-98).
Суҳуф ҷамъи саҳифа аст, ки густурда ва кушода бошад. Аз инҷо саҳифаеро, ки бар он менависанд саҳифа гӯянд.
Суҳуф ва саҳифа аз калимоти роиҷи арабии пеш аз ислом аст ва аз ҷумла дар байти мансуб ба «лақит иёдӣ» аз шоирони араби замони Анӯшервон ин калимаро боз гуфтаанд.*
Аммо маъруфтар масал «Муталаммис» дар таърихи арабии пеш аз ислом аст* , ҳар номаи шумеро ба он масал мезаданд.
Ба ақидае аз донишмандони фан дар миёне аз донишмандони араб масали суютӣ ва мағрибӣ* ва аз ғарбиҳо Франкил, мусҳаф ба маънии кутуб аз асли ҳабашӣ ва ё оромӣ аст. Албатта агар ин назар дуруст бошад саҳифа ва саҳоиф ҳам аз ин реша ҳаст.
Аммо чӣ гуна шуд, ки ин ном бо вуҷуде, ки дар худи Қуръон наёмада ба ин китоби осмонӣ ниҳода шуд. Ривоят мегӯянд: вақте Абӯбакр Қуръонро ҷамъоварӣ кард ва ба ёрони Пайғамбари гиромӣ (с) гуфт, ки номе бар он бигзоранд, як гурӯҳе аз онҳо хостанд, ки онро «Инҷил» бихонанд, вале дигаронро хуш наёмад. Касоне пешниҳод карданд, ки онро «Сифр» мисли Сифрҳои панҷгонаи Яҳуд. Ин пешниҳод ҳам рад шуд. Саранҷом Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт: дар муҳоҷирате, ки ба Ҳабаш кардем, китобе дидам, ки онро «мусҳаф» мехонданд…
Ин ном он ҳангом пазируфта шуд ва бар «Қуръони карим» итлоқ гардид. Аммо Шубайя ин достонро ҳам Ибни Ашта дар ин маврид солим мекунанд, вақте солим (Мавло Абиҳузайфа) мусҳафи худро гирдовард бо дӯстон машварат кард, ки чӣ номе бар он гузорад. Яке пешниҳод кард, ки онро «Сифр» бихонад, аммо дигарон ин номи яҳудиро напазируфтанд ва саранҷом тасмим гирифтанд онро мусҳаф бихонанд.
Мурури мухтасаре дар ривоёт нишон медиҳад, ки маъмулан ҷамъоварии Қуръонро ба замони Абӯбакр ба номи «суҳуф» хондаанд ва аз маҷмӯъаи давраи Усмон бештар ба унвони «мусҳаф» ёд кардаанд. Нусхаҳои Қуръонро ҳам, ки Усмон ба атроф фиристод, «масоҳиф» хондаанд ва баъдҳо ҳамин нусхаҳо «масоҳифи Усмонӣ» ном ёфт. Маҷмӯъаи хусусии ҳар як аз саҳобаро ҳам мусҳаф мегуфтанд. Мисли мусҳаф Убай ибни Каъб ё мусҳафи Маъоз.
Қуръон дар луғат
Калимаи Қуръон: миёни тамоми асомӣ ва ё сифотии ин китоби осмонӣ номи «Қуръон» бештар аз номҳои дигар ин китоб ривоҷ ёфта ва имрӯз дар саросари гетӣ ин ном барои китоби Худо шинохтатар аст. Ба ҳамин далел ин номро пеш аз асомии дигар дар Қуръони маҷид ва ривоёт ва ахбор ва аз назари донишмандони исломӣ ва ҳатто аз дидаи ховаршиносон баррасӣ мекунем: ин китоби осмониро Худованд худ «Қуръон» номид, чуноне, ки дар ҳамон солҳои нахустини нузули ваҳй фармуд: «бал ҳува Қуръону маҷидун фи лавҳин маҳфуз»-Оре, ин Қуръони бузургвори илоҳӣ аст, навишта дар лавҳи маҳфуз (85 ояти 21-22) ва ё «иннаҳул-Қуръону каримун фи китобин макнун-Ки ин Қуръони арҷманд дар навиштае нуҳуфтааст» (65 ояти 77-78) ва пеш ин тавсифи олӣ ва таърифи зебандае аз Қуръон, ки навишта дар лавҳи маҳфуз ва китоби макнун аст, ба ҳамон солҳои оғози ваҳй фармуд: «Ё айюҳал музаммил. Қумил-лайла илло қалило. Нисфаҳу авинқус минҳу қалило. Ав зид алайҳи вараттилилқуръона тартило (73 ояти 1-4)-эй ҷома ба худ печида, шабро зинда дор ҷуз андаке. Ниме аз шаб ва ё камтар аз он. Ё чизе бар нисф биафзо ва ба тиловати оёти Қуръон бо таваҷҷӯҳи комил машғул бош». Ин фармоне аст, ки роҳати шабро пеш аз ваҳй тарк гӯяд ва шабро ба по хезад ва Қуръонро ба диранги равшанӣ бихонад, то омодаи иблоғи муҳими рисолат гардад, рисолат масъулияте дорад, ки омодагӣ мехоҳад. Ва аз он пас аст, ки ин ном борҳо дар Қуръон такрор мешавад.
Калимаи Қуръон шасту ҳашт бор (дар ҳолатҳои мухталифи наҳвӣ) дар худи ин китоб омадааст. Аз ин 68 бор, ду маротиба маҷозан бар намоз итлоқ шудааст (17-78 бор)(ба назари муфассирон манзур аз Қуръон-ул-фаҷри мазкура дар ин оят, қироат-ул-фаҷр(яъне намози Бомдод аст). Ин ном панҷоҳ бор ба сурати маъруфа (яъне бо алиф ва лом ҳарфи таъриф ва шонздаҳ маротиба ҳамин ҳам бидуни ҳарфи таъриф дар китоби Худо омада, илова бар инҳо калимаи «қуръон» ба маънии «қироат» ё хондани Қуръон (75 сура 17-18 оят) ёд шудааст.
Миёни уламои исломӣ дар талаффуз ва иштиқоқу маънии ин калима итиффоқи назар вуҷуд надорад, ҳар кадоме онро тарзе талаффуз мекунанд ва ба гунае истилол менамоянд. Баъзе бо ҳамза яъне Қуръон мегӯянд ва бархе бидуни ҳамза«Қурон» мехонанд.
Дар форсӣ Қуръонро «Нубӣ» ва «Нупӣ» ва ё «Нивӣ» гӯянд. Дар забонҳои аврупоӣ низ ин калима ба хелхои мухталифе навишта мешавад. Масалан, дарлотинӣ Alcoranus, дар англисии қадим Alcoran, дар англисии нав ба суратҳои al- Coran, al-Kuran, al-Qur?anAlQr?an ва гоҳе ҳам бо сифоти Gorius, Holy ё TheNodble ҳамроҳ оварда мешавад. Дар олмонӣ DerKoran ва ё Kor?aan дар фаронсавӣ L?Alcoran ва ё LeCorвn албанӣ, Kurani иcпониёӣ, El-Coran итолиёӣ, L?Alcorano ва ё ILCorano ғайра навишта мешавад.
Албатта ихтилоф дар ин бора бештар бастагӣ дорад ба тағйири тадриҷии хат ва муҳимтар аз он табдили алибои хатти арабӣ ба лотинӣ. Зеро то кунун, барои забти калимоти арабӣ бо ҳуруфи лотин, алифбое мавриди иттифоқе ба вуҷуд наёмадааст. Гузашта аз он, дар қадим бештар дар тарҷумаҳои аврупоӣ «Қуръони Муҳаммадӣ» мегуфтанд, ки имрӯз бештар Қуръон ба сифатҳое чун муқаддас, карим ва ё маҷид хонда мешавад.
Аммо ихтилофи донишмандони исломӣ бар сари талаффузи калимаи Қуръон, бастагӣ дорад ба истинботе, ки решаи калима дорад, ба таври куллӣ назариёти донишмандон дар ин бора бар ду пояи асосӣ аст: оё дар решаи калима ҳамза вуҷуд дорад ё надорад?
Идома дорад
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
436
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
159
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
84
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
473
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
561
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
584
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?