Раҳбари Эрон: Барафрухтани оташи ихтилоф хиёнат ба ислом аст
Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар паёме ба маросими ҳаҷ барафрухтани оташи ихтилоф миёни мусалмононро хиёнат ба ислом номид. Дар ин паём, ки ба забони форсӣ ва арабӣ дар ҷамъи зоирони байтуллоҳ дар Арафот қироат шуд, аз ҷумла омадааст: Бори дигар эълон мекунам, ки ҳар гуфта ва амале, ки муҷиби барафрухтани оташи ихтилофот миёни мусалмонон шавад ва низ тавҳин ба муқаддасоти ҳар як аз гурӯҳҳои мусалмон ё такфири яке аз мазоҳиби исломӣ, хидмат ба урдугоҳи куфр ва ширк ва хиёнат ба ислом ва ҳароми шаръӣ аст.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фаро расидани мавсими ҳаҷро бояд иди бузурги уммати исломӣ ба шумор овард. Фурсати ғанимате, ки ин рӯзҳои гаронобаҳо дар ҳамаи солҳо барои мусалмонони ҷаҳон падид меоварад, кимёи муъҷизагарест, ки агар қадри онро шинохта ва чунон ки шоиста аст ба кор гирифта шавад, бисёре аз осебҳо ва осебпазириҳои дунёи ислом илоҷ хоҳад шуд. Ҳаҷ чашмаи ҷӯшони файзи илоҳист. Якояки шумо - ҳоҷиёни саодатманд, акнун ин иқболи баландро ба даст овардаед, ки дар ин аъмол ва маносаки оганда аз сафо ва маънавият дилу ҷонро шустушӯи басазое дода, аз ин манбаи раҳмат, иззат ва қудрат захирае барои ҳамаи умри хеш бардоред.
Таслим дар баробари Худои меҳрубон, таъаҳуд ба вазоифе, ки бар души мусалмонон ниҳода шудааст, нишоту ҳаракат ва иқдом дар кори дину дунё, раҳм ва гузашт дар таомул бо бародарон, ҷуръат ва эътимод ба нафс дар баробари ҳаводиси душвор, умед ба кӯмак ва дастгирии Худованд дар ҳама ҷо ва ҳама чиз ва кутоҳи сухан, сохта ва пардохтаи инсонӣ дар тарозуи мусалмониро дар ин арсаи илоҳии омӯзишу парвариш, метавонад барои хеш тадорук бубинад ва худро ороста ба ин зеварҳо ва баҳраёфта аз ин захоирро барои кишвари хеш ва миллати хеш ва дар ниҳоят барои уммати исломӣ савғот баред.
Уммати исломӣ имрӯз беш аз ҳар чиз ба инсонҳое ниёз дорад, ки андеша ва амалро дар канори имону сафову ихлосу муқовимат дар баробари душманони кинаварз дар канори худсозии маънавӣ ва руҳӣфароҳам созад. Ин ягона роҳи наҷоти ҷомеаи бузурги мусалмонон аз гирифториҳоест, ки ё ошкоро ва ё ба дасти душман ва ё ба сустии азм ва имони ва басира аз замонҳои дур дар онҳо фуру афтода аст.
Бешак даврони кунунӣ даврони бедорӣ ва ҳувиятёбии мусалмонон аст. Ин ҳақиқатро аз миёни мушкилоте, ки кишварҳои мусалмон бо он рӯбарӯ шудаанд, низ ба равшанӣ метавон дарёфт.
Дуруст дар ҳамин шароит аст, ки азму иродаи муттакӣ ба имону таваккул ва басирату тадбир метавонад миллатҳои мусалмонро дар ин мушкилот ба пирузӣ ва сарафрозӣ бирасонад ва иззату каромат дар сарнавишти онҳо рақам занад, ҷабҳаи муқобили бедорӣ ва иззати мусалмононро барнаметобад, бо ҳамон тавон ба майдон омада ва аз ҳамаи абзорҳои амниятӣ, равонӣ низомӣ, иқтисодӣ ва таблиғотӣ барои саркӯби мусалмонон, ба худ машғул сохтани онон, баҳра мегирад.
Нигоҳе ба вазъияти кишварҳои ғарби Осиё аз Покистону Афғонистон то Сурияву Ироқ ва Фаластин кишварҳои халиҷи Форс ва низ кишварҳои шимоли Африқо, аз Либия ва Мисру Тунис то Судон ва бархе кишварҳои дигар, ҳақиқатҳои бисёреро равшан месозад.
Ҷангҳои дохилӣ, асабиятҳои кури динӣ ва мазҳабӣ, бесуботиҳои сиёсӣ, ривоҷи баёнҳои қазоватомез, зуҳури гурӯҳҳо ва ҷарёнҳои ифротӣ, ки ба шеваи ақвоми ваҳшии таърих синаи инсонҳоро мешикофанд ва қалби онҳоро бо дандон медаранд, муслиҳин ва кӯдакону занонро мекушанд ва мардонро сар мебуранд ва ба номӯс таҷовуз мекунанд ва ҳатто дар мавориде ин ҷиноёти шармоварро ба ном ва зери парчами дин муртакиб мешаванд, ҳамаву ҳама маҳсули нақшаи шайтонӣ ва истикбории хадамоти амниятии бегонагон ва авомили ҳукуматии ҳамдасти онон дар минтақа аст, ки дар заминаҳои мустаъиди дохилии кишварҳо имкони вуқӯъ меёбад ва рӯзи миллатҳоро сиёҳ ва коми ононро талх мекунанд.
Яқинан дар чунин авзоъ ва аҳволе наметавон интизор дошт, ки кишварҳои мусалмон халаъҳои моддӣ ва маьнавии худро тармим кунанд ва ба амният ва рифоҳ ва пешрафти илмӣ ва иқтидори байналмилалӣ, ки баракоти бедорӣ ва ҳувиятёбӣ аст, даст ёбанд. Ин авзоъи меҳнатбор метавонад бедории исломиро ақим ва омодагиҳои рӯҳии падидомада дар дунёи исломро талаф созад ва бори дигар солҳои дароз миллатҳои мусалмонро ба рукуд, инзиво ва иҳота бикашонад ва масоили асосӣ ва муҳими онон ҳамчун наҷоти Фаластин ва наҷоти миллатҳои мусалмон аз дастандозҳои Амрико ва саҳюнизмро ба дасти фаромушӣ бисупорад.
Илоҷи асосиро метавон дар ду ҷумлаи аслӣ хулоса кард ҳар ду аз равшантарин дарҳои Ҳаҷ аст: аввал иттиҳод ба бародарии мусалмонон дар зери ливои таҳвид ва дуввум шинохти душман ва муқобила бо нақшаҳо ва шеваҳои ӯ.
Тақвияти рӯҳи бародарӣ ва ҳамдилӣ дарси бузурги Ҳаҷ аст. Дар ин ҷо ҳатто ҷидол ва дуруштгӯӣ мамнӯъ аст. Пӯшиши яксон, аъмоли яксон, ҳаракоти яксон ва рафтори меҳрубонона дар ин ҷо ба маънии баробарӣ ва бародарии ҳамаи он касонест, ки ба ин конуни тавҳид муътақид ва дилбастаанд. Ин посухи равшани ислом ба ҳар он фикр ва ақидаи даъватест, ки гурӯҳе аз мусалмонон ва муътақидони Каъба ва тавҳидро аз доираи ислом берун бидонад. Унсурҳои такфирие, ки имрӯз бозичаи саҳюнистҳо ва ҳомиёни ғарбии онон шудаву даст ба ҷиноятҳои саҳмгин мезананд ва хуни мусалмонон ва бегуноҳонро мерезанд ва касоне аз муддаиёни диндор ба либоси рӯҳоният, ки дар оташи ихтилофоти шиъа ва суннӣ ва амсоли он медаманд, бидонанд, ки нафаси маросими Ҳаҷ ботилкунандаи муддаиёни онон аст.
Ин ҷониб ҳамчун бисёре аз уламои ислом ва дилсӯзони уммати исломӣ бори дигар эълон мекунам, ки ҳар гуфта ва амале ки муҷиби барафрухтани оташи ихтилофот миёни мусалмонон шавад ва низ иҳонат ба муқаддасоти ҳар як аз гурӯҳҳои мусалмон ё такфири яке аз мазоҳиби исломӣ, хидмат ба урддугоҳи куфр ва ширк ва хиёнат ба ислом ва ҳароми шаръӣ аст.
Шинохти душман ва шеваҳои ӯ низ дуввумин рукн аст. Аввалан, душмани кинатузро набояд ба дасти ғафлат ва фаромушӣ супурд ва маросими чандбора рамми ҷамарот дар Ҳаҷ нишонаи намодини ин ҳузури зеҳнии ҳамешагӣ аст. Сониян, дар шинохти душмани аслӣ, ки имрӯза ҳамон ҷабҳаи истикбори ҷаҳонӣ ва шабакаи ҷинояткори саҳюнизм аст, набояд дучори хато шуд ва солисан шеваҳои ин душмани анудро, ки тафриқаафканӣ миёни мусалмонон ва тарвиҷи фасоди сиёсӣ ва ахлоқӣ ва татмеъи нухбагон ва фишори иқтисодӣ бар миллатҳо ва эҷоди шак дар бовари исломӣ аст, бояд ба хубӣ ташхис дод ва вобастагони дониста ва нодонистаи ононро аз ин роҳ шиносоӣ кард.
Давлатҳои истикборӣ ва пешопеши онон Амрико ба абзорҳои расонаии фарогир ва пешрафта чеҳараи воқеии худро мепӯшонанд ва бо даъвои тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар ва демукросӣ рафтори найрангомез дар баробари афкори умумии миллатҳо дар пеш мегиранд. Онон дар ҳоле дам аз ҳуқуқи миллатҳо мезананд, ки миллатҳои мусалмон ҳар рӯз бештар аз гузашта оташи фитнаҳои ононро бо ҷисму ҷони худ ламс мекунанд.
Як нигоҳ ба миллати мазуми Фаластин, ки даҳҳо сол аст рӯзона захми ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнашро дарёфт мекунад ё ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Ироқ, ки террористҳои зоидаи сиёсатҳои истикборӣ ва думравони минтақавиашон зиндагиро ба коми миллатҳои онон талх кардааст ва ё ба Сурия, ки ба ҷурми пуштибонӣ аз ҷарёни муқовимати зидди саҳюнистӣ ҳадафи кинаи султагарони байналмилалӣ ва коргузорони минтақавии онон шуда ва ба ҷанги хунини дохилӣ гирифтор омадааст ва ё ба Баҳрайн ё ба Миёнмор, ки дар ҳар як ба наҳве мусалмонони меҳнатзада дар ғафлат мондаву душманонашон мавриди ҳимоятанд ё ба миллатҳои дигаре, ки аз сӯи Амрико ва мутаҳидонаш пай дар пай ба таҳоҷуми низомӣ ва ё таҳрими иқтисодӣ ё харобкории амниятӣ таҳдид мешаванд, метавонад чеҳраи воқеии ин сардмадорони низоми султаро ба ҳама нишон диҳад.
Нухбагони сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар ҳама ҷои ҷаҳони ислом бояд худро ба ифшои ин ҳақикатҳо мутааҳид бидонанд. Ин вазифаи ахлоқӣ ва динии ҳамаи мост. Кишварҳои шимоли Африқо, ки мутаассифона имрӯз дар маърази ихтилофоти амиқи дохилӣ қарор гирифтаанд, беш аз ҳама бояд ба ин масъулияти бузург, яъне шинохти душман ва шеваҳову тарфандҳояш таваҷҷуҳ кунанд. Идомаи ихтилофот миёни ҷарёнҳои миллӣ ва ғафлат аз хатари ҷанги хонагӣ дар ин кишварҳо хатари бузурге аст, ки хисорати он барои уммати исломӣ ба ин зудиҳо ҷуброн нахоҳад шуд.
Мо, албатта шакке надорем, ки миллатҳои ба по хостаи он минтақа, ки бедории исломиро таҷассум бахшиданд, ба изни худо иҷозат нахоҳанд дод, ки ақрабаи замон ба ақиб баргардад ва даврони зимомдорони фосид ва диктатор такрор шавад. Лекин ғафлат аз нақши қудратҳои истикборӣ дар фитнаангезӣ ва дахолатҳои вайронгар кори ононро душвор хоҳад кард ва даврони азамат, амният ва рифоҳро солҳо ба ақиб хоҳад афканд.
Мо ба тавоноии миллатҳо ва қудрате, ки худованди ҳаким дар азму имон ва басирати тӯдаҳои мардум қарор додааст, аз аъмоқи дил бовар дорем ва онро дар беш аз се даҳа дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чашми худ дида ва бо ҳамаи вуҷуди худ озмудаем: ҳиммати мо фарохони ҳамаи миллатҳои мусалмон ба ин таҷрибаи бародаронашон дар ин кишвари сарафроз ва хастагинопазир аст.
Аз Худованди муттаол салоҳи ҳоли мусалмонон ва дафъи фитнаҳои душманонро хосторам ва ҳаҷи мақбул ва саломати ҷисму ҷон ва захираи саршори маънавиро барои шумо - ҳоҷиёни байтулҳаром, талаб мекунам.
-
22.06.2025 14:51
155
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
277
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
291
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
513
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
616
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
505
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
102
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
160
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
139
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
996
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1705
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3396
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
156
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
140
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
152
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
526
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
777
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
897
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
473
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
512
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
480
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
788
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1033
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1899
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
641
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
621
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1813
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2133
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2130
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2341
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
547
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
484
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
965
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3094
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3529
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3529
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
559
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
671
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
698
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд