Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Субҳи рӯзи ҳаштуми август моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи мағфирату бахшиш ва иҷобати дуоҳо интиҳо меёбад ва иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад. Тавре ки чанде пештар дар суханронии худ ҳангоми мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи Рамазон хотирнишон намудам, маҳз ба шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба эҳёи суннату анъанаҳои гузашта ва таҷлили иду маросимҳои милливу динии худ муяссар гардиданд.
Зеро ҳар иду маросим ва ҳар суннати неки ниёгон, ки аз қаъри таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ҳамроҳи рӯҳи миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги ғановатманди миллӣ ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву ободгарамон мебошад. Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.
Мардум дар ин рӯзи муборак пас аз як моҳи сабру таҳаммул ва тоату ибодат ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд ва ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр фиристода, аз даргоҳи Офаридгор барои худ, хешу табор, ёру дӯстон ва сарзамини аҷдодӣ саломатӣ, бахту саодат ва суботу оромиро талаб менамоянд.
Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум пас аз иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек ва амалҳои хайру савоб ҳама якҷо шодиву сурур мекунанд. Ва кӯшиш мекунанд, ки ин хурсандӣ насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад, зеро Худованд пас аз як моҳи омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати ин рӯзи муборак, яъне иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар кадоматон оромиву осоиш, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Дар ин рӯзи саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо, ки худро пайрави ҳамин дини поку мубин меҳисобем, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ободиву оромӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ орзу кунем. Ва аз даргоҳи Худованд талаб намоем, ки то рамазони дигару иди оянда мардуми шарифи моро дар паноҳи хеш нигоҳ дорад.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо ҳифз менамояд ва риояи онҳоро кафолат медиҳад.
Дар шароити озоди давлати демократӣ мо имрӯз имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи ин рӯзи саидро, ба хусус доир ба тарғиби дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, бахшидани якдигару хабар гирифтан аз аҳволи беморон, дастгирии ятимону маъюбон ва мӯҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем.
Фазилат ва ҳикмати дигари иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳиму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз он аст. Ба ибораи дигар, иди саиди Фитр маросими шукрона ва расидан ба қадри неъматҳост.
Ин фазилати бузург моро водор менамояд, ки шукронаи неъматҳои ба мардуми мо насибгардидаро ба ҷо оварем. Зеро шукргузорӣ аз неъмат ва қадршиносӣ аз дастовардҳо неъматро афзуну дастовардҳоро дучандон мегардонад. Шоир ва орифи барҷастаи тоҷик Мавлонои Румӣ барҳақ фармудааст:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Бузургтарин неъматҳои мардум ва давлати мо, ки албатта сазовори ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллист, зеро маҳз ба туфайли онҳо халқи Тоҷикистон озодии эътиқод ва баргузории озодонаи иду маросимҳои мардумӣ ва динӣ, инчунин имконияти заҳмати созандаро ба хотири ободии Ватан ба даст овард.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон - Тоҷикистон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд.
Ҳамчунин як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистони азизамонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод, инчунин ободии диёру рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад!
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
858
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3047
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?