04:58:35 01-уми Июни 2025 сол

Имрӯз 18-умин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ аст

18-умин солгарди рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллиро барои ҳамватанони азиз муборакбод гуфта пеши Худованди бузург даст ба дуъо мебардорем, ки Илоҳо дигар ҷангу нооромиву бесуботиро аз болои миллати азияткашидаву кишвари биҳиштосои мо, мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба садсолаҳову ба фарсахҳо дур бисозаду ин Ватани зебо, ҳар як сокини онро, аз газандҳои заминиву осмонӣ, аз макру ҳиллаҳои шайтонӣ дар паноҳи исмату раҳмати худ нигаҳбон бошад!

ruzi-vahdati-milli-54782112.jpgХудованди муттаъол арвоҳи поки он ҳамватанони моро, ки дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣҷони ширини худро аз даст додаанд ва рӯҳи поки онҳоеро, ки барои истиқрори сулҳу субот ва оштии миллӣ дар кишвари азизамон ба шаҳодат расидаанд, шоду хонаи охираташонро обод дошта бошад!

Парвадигори азимушшаън онҳоеро дар ҳифзозати худ дошта бошад, ки барои барқарории ин сулҳу субот дар Ватани азизамон хизматҳои шоёнеро анҷом додаанд ва дар оянда низ Худо хоҳад анҷом хоҳанд дод.

Худоё, дар паноҳат миллати мо,

Ту аз мо дур кун ҳар иллати мо.

Забуну нотавон дор он касеро,

Ки мекӯшад ҳаме дар зиллати мо!

Ду чашмаш кӯр соз он бебасарро,

Намехоҳад бубинад ваҳдати мо!

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854