08:08:07 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Таҳсили ғайрирасмии беш аз се ҳазор шаҳрванди кишвар дар хориҷ

3360 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамояд, -гуфт раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар нишасти матбуотии кумита ба хабарнигорон.

Маълумоти мазкур тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас шудааст.

Гафта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то дастур 2152 нафар ва баъди дастур 856 (дар маҷмӯъ 3008) нафар донишҷўй баргашт.

-Бино ба корҳои таҳлиливу санҷишӣ аз теъдоди умумии ба ҷумҳурӣ баргаштагон 64 нафар даст ба ҷиноят задааст. Аз ҷумла, 29 нафар бинобар сабаби ҳамроҳ будан дар ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар маҳбасхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар зиндонӣ шуданд. Инчунин 6 нафар дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуққарор дорад. Илова бар ин, 5 нафари дигар узви ҷараёни ғайриқонунии салафия мебошад. Дар айни замон 6 нафари онҳо тавассути Федератсияи Русия ба Сурия рафта, ба сифати муҷоҳид дар амалиёти ҳарбӣ иштирок доранд, ки ин боиси таассуф аст,-таъкид гардид дар нишаст бо хабарнигорон.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi