Даъвати В.Путин барои муборизаи дастаҷамъона зидди ДИИШ
Сергей Лавров, вазири корҳои ҳориҷаи Русия гуфтааст, ки Владимир Путин, Президенти ин кишвар пешниҳод намудааст, то тамоми қувваҳои дохили Сурия, чи мухолиф ва чи мувофиқ ба ҳам омада, зидди ДИИШ иқдом кунанд.
Сергей Лавров ин матлабро дар як конфронси хабарӣ баъд аз мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Аселборн дар Маскав баён дошт. Тибқи гуфтаи Лавров, ин тасмим инчунин курдҳои Сурия ва дигар кишварҳои минтақа, мисли Ироқ, Эрон, Туркия ва Арабистони Саудиро низ дар бар мегирад.
АМИТ «Ховар»