03:45:22 23-уми Августи 2025 сол
Ҷевони 1500-доллара барои бӯстонсарои раиси идораи андоз 25.05.2015 01:17 1056
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти раиси идораи андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ёқуб Салимов гуфтааст, боқии умрашро ба фарзандон мебахшад 20.05.2015 22:46 1063
Ёқуб Салимов, ки рӯзи 20 май ба синни 59 расид, дар дидори худ бо писараш Абӯбакр Салимов гуфтааст, баъди озодӣ аз зиндон қасди дигаре ба ҷуз мондан дар канори фарзандонро надорад.
"Ишқат чу Ватан дар дили ёрон бошад..." 20.05.2015 22:45 955
Инак 15 сол мешавад, ки ҳар 20 май ихлосмандону ҳаводорони шеъри Лоиқ Шералӣ, зодрӯзи ин шоири маъруфи тоҷикро бо дастагули шеъру таронаҳояш дар сари мазори ӯ таҷлил мекунанд. Агар умр вафо мекард, имрӯз шоир ба синни 74-солагӣ мерасид.
ВКД аз сокинон туфангча мехарад 20.05.2015 22:43 963
Тибқи тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи силоҳ", ки имрӯз дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид, туфангчаву револверҳои травматикӣ аз дасти мардум ҷамъоварӣ шуда ва маблағи он аз суратҳисоби вижаи ВКД пардохт мешавад.
Даргузашти Аҳмад Алескеров - сармураббии собиқи "Помир" 20.05.2015 22:42 884
Сармураббии собиқи тими футболи “Помир”-и Душанбе дар синни 80 дар шаҳри Одессаи Украина аз олам чашм пӯшид.
22 сол ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли корфармо 18.05.2015 21:31 981
Иззатулло Неъматов, ки барои куштори Владимир Фукалов ва ёвараш - Димтрий Болшаков 22 сол зиндонӣ шуд, гуфтааст, дар ин ҷиноят даст надорад ва фақат таҳти фишор айбро ба гардан гирифтааст.
Ҳалокати чор сокини Бадахшон дар роҳ ба ҷанозаи модарашон 18.05.2015 21:28 854
Се узви як хонавода ҳамроҳ бо ронандаи "Ниссан", ки барои азогирӣ дар марги модарашон аз Душанбе ба Рӯшон мерафтанд, дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошин ҳалок шудаанд.
Путин гуноҳи ду маҳкумшуда дар Тоҷикистонро бахшид 12.05.2015 23:31 838
Президенти Русия Владимир Путин бо имзои фармоне ҷурми ду корманди собиқи корхонаи коркарди уран - «Востокредмет» дар Тоҷикистонро, ки соли 2009 ба "хиёнати давлатӣ" айбдор шудаанд, бахшидааст.
Як полковники Гвардияи Миллии Тоҷикистон худкушӣ кардааст 12.05.2015 00:00 1063
Намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе худкушии як афсари Гвардияи миллиро дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ” тасдиқ карданд.
70-cолагии Рӯзи Ғалаба муборак бод, ҳамдиёрони азиз! 09.05.2015 08:58 937
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ як саҳифаи дурахшони таърихи мардуми шарифи Иттиҳоди Шӯравӣ –давлате буд, ки замоне 15 ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ, азҷумла Тоҷикистони азизи моро дар худ муттаҳид мекард.
Русия хостори таҳкими назорати гумрукӣ бо Тоҷикистон шудааст 06.05.2015 21:47 886
Ҳукумати Русия ба президенти ин кишвар Владимиру Путин пешниҳод кардааст, ки бо Тоҷикистон дар бобати ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрукии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар созишнома ба имзо расонад.
Ситораи Bollywood Салмон Хон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд 06.05.2015 21:45 949
Додгоҳҳунарпешаи машҳури синамои ҳинд Салмон Хонро барои садамаи марговар ва фирор аз ҷои воқеа ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.
Қаллобии як наврас аз номи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон 06.05.2015 21:43 959
Хонандаи синфи 10-и Мактаби байнулмилалии Душанбе худро писари раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррафӣ намуда, аз эҳтиёҷмандон ришва мегирифтааст ва ба мансабдорони давлат дастур медодааст.
Ҳукми эъдоми 4 нафар барои куштори Фархунда 06.05.2015 21:42 1189
Додгоҳе дар шаҳри Кобул чаҳор танро ба иттиҳоми қатли Фархунда ба эъдом маҳкум кард ва ҳашт тани дигарро барои 16 солӣ равонаи зиндон намуд.
Талаби 20 соли зиндон барои муттаҳам дар куштори Зиёдбек 06.05.2015 21:14 812
Додрас барои раиси бозори "Назари нек"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар куштори як тарбиятгирандаи парваришгоҳи шаҳри Чкалов муттаҳам дониста мешавад, 20 соли маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.