16:54:29 02-уми Июни 2025 сол

Ба қонуни мақомоти амнияти миллӣ тағйирот ворид мегарданд

Интизор меравад, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардад.

Инчунин вакилон ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.

Инчунин тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома аз тариқи мубодилаи мактубҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854