10:00:06 04-уми Июни 2025 сол

Таъйини роҳбарони нави шабакаи якуми телевизион ва “Ҷавонони Тоҷикистон”

6-уми июни соли ҷорӣ дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар матбуоти давлатии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, Айниддин Самариддин, ки то ин дам директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд, муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рауфов Сӯҳроб директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Инчунин Асоев Самаруддин - муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Сангмамадова Моҳира Пайшанбеевна - муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Назаров Умед Абдураҳимович - муовини аввали директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъйин гардиданд.

Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” озод карда шуд. Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” рухсат дода шуд.

АМИТ “Ховар”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854