10:02:26 04-уми Июни 2025 сол

Боздиди мудири минтақавии хазинаи СММ аз Парлумони Тоҷикистон

Густариши равобити Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ -муовини раиси Маҷлиси намояндагон бо Карл Кулесса, мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ дар Душанбе матраҳ гардид.

Хайринисо Юсуфӣ ба намояндаи СММ доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар ва нақши он дар эъмори ҷомеаи демократӣ, таҳкими волоияти қонун ва пояҳои давлатдорӣ маълумоти муфассал дод. Мавсуф нақши ниҳодҳои СММ-ро дар самти ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он дар мавриди «Даҳсолаи об барои ҳаёт» ва ҷашни байналмилалии Наврӯз муҳим арзёбӣ кард.

Карл Куллеса -мудири минтақавии хазинаи нуфуси СММ аз сатҳи равобити Тоҷикистон бо СММ дар тамоми заминаҳо ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид карда гуфт, ки он дар оянда ба манфиати ҳар ду ҷониб нигаронида хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854