"ОВ"-У "ИЧ"-И РУСӢ БОЗ ҶОИ ХУДРО МЕГИРАНД
18.04.2012 16:02
914
Аксари хатмкунандагони мактабҳои миёнаи Кӯлоб ҳангоми гирифтани шиноснома, барчаспҳои тоҷикиии ному насабашонро дубора ба барчаспҳои русӣ иваз мекунанд.
ИҚРОРИ ГУМОНБАРШУДАҲО ДАР ҚАТЛИ "БОБОИ БАРФӢ"
17.04.2012 19:36
1097
Гумонбаршудаҳои қатли Парвиз Давлатбеков, як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки шаби соли нав дар либоси "Бобои барфӣ" кушта шуда буд, гуноҳи худро қисман эътироф карданд. Муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадо, ки гуфта мешуд, ҷанбаҳои мазҳабӣ дошт ...
ХУДКУШИИ МАЪМУРИ ИНТИҚОЛИ ПУЛИ БОНКИ “ЭСХАТА”
17.04.2012 14:31
1164
Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ бозрасии қазияи худкушии маъмури интиқоли пули (инкассатор) бонки “Эсхата” –ро оғоз кардааст. Сармаст Қучқаров, маъмури интиқоли пули ин бонк рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел дар дохили сохтмони дафтари ин бонк дар хиёбони ...
ИЗЗАТУЛЛО ШАРИФОВ: "МАҲБУСОНИ МО ЭРКА ШУДААНД"
17.04.2012 14:07
1159
Иззатулло Шарифов, раиси Раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, номаи 24 зиндониро баррасӣ мекунад. 24 зиндонии №3-и шаҳри Душанбе дар номае аз мақомоти зидахли Тоҷикистон хостаанд, ки барои сипарӣ кардани идомаи мӯҳлати ҳукми ...
"УЗТРАНСГАЗ": ИНТИҚОЛИ ГАЗ БА ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ЁФТ
16.04.2012 11:16
1050
Ширкати "Узтрансгаз" дар торнамои худ навишт, аз рӯзи 16-уми апрел интиқоли газ ба Тоҷикистонро оғоз намудааст.Бино ба хабари "Узтрансгаз", рӯзи 11-уми апрели соли ҷорӣ миёни ин ширкат ва "Тоҷиктрансгаз" қарордод имзо ва интиқоли газ аз Узбакистон ...
ФУРӮШГОҲИ МАРКАЗӢ ВА Ё ЦУМ БОЗ ДАВЛАТӢ МЕШАВАД?
15.04.2012 20:26
1089
Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва ё ЦУМ имкон дорад дубора ба моликияти давлатӣ табдил ёбад. Ин фурӯшгоҳ, ки аз соли 1993 то соли 2003 яъне тӯли даҳ сол тадриҷан ба моликияти саҳҳомӣ бадал шуда буд, ҳоло мавриди тафтиши Додситонии кулли ...
РУСИЯ МАҲСУЛОТИ РУСТАНИИ ТОҶИКИСТОНРО "ЧАП ГИРИФТ"
14.04.2012 15:22
1198
Русия аз нимаи дувуми моҳи апрел воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистон ба ин кишварро манъ хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, сар аз 16-уми апрели соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Узбакистон дар бордону ҷомадонҳои ...
ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: ДОД АЗ ДУДИ ТАНӮР
14.04.2012 15:19
1129
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки то замони таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси шаҳр дар соли 2014 куллияи биноҳои "худсохта" дар ин шаҳрро тахриб кунад. Дар чорчӯби ин тарҳ, аз ҷумла танӯрҳое ҳам, ки дар тӯли ду даҳаи ахир дар маҳаллоти мухталифи шаҳр ...
КОРШИНОС: "ИСЛОҲИ ПУЛИС БО ТАҒЙИРИ НОМУ ЛИБОС НЕСТ"
13.04.2012 20:56
1117
Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ислоҳоти пулис дар Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳалаи эҷоди заминаҳои қонунӣ қарор дорад. Ҳайдар Муҳаммадиев, масъули ин ислоҳот аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар САҲА мегӯяд, дар наздиктарин ...
ХОҶА ОБИГАРМ БА МОЛИКИЯТИ ДАФТАРИ РАЁСАТИ ҶУМҲУРӢ ДАРОМАД
13.04.2012 16:33
1043
Хоҷа Обигарм, маъруфтарин осоишгоҳи Тоҷикистон, ки дар гузашта моли Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ (профсоюз) буд, ҳамакнун ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ вобаста шудааст. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кул ҳамаи осоишгоҳҳои мутаъаллиқ ба Федеросиюни иттиҳодияҳои синфиро дар ихтиёри давлат қарор додааст.
БОНУИ ТОҶИК ДАР УЗБАКИСТОН БЕНИШОН ШУД
12.04.2012 20:00
1061
Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба таври муваққатӣ дар Узбакистон мезист, пас аз бозпурсии пулис нопадид гаштааст. Шаҳрванди 48-солаи Тоҷикистон, Кимиё Худоёрова, ки бо шиносномаи муваққатӣ дар Ӯзбакистон мезист, як моҳ ба ин сӯ ғайб задааст.
ДАРХОСТИ КӮМАК БАРОИ ПӮШОНИДАНИ "ГӮРҲОИ РАДИОАКТИВ"
12.04.2012 10:40
1001
Тоҷикистон барои безараргардонии партовгоҳи радиоактив дар Табошар аз ҳамсояҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад. Кумиссиюни экологии порлумони Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пӯшонидани қабати болоии партовгоҳҳои Табошар, ки 50 миллион тонна партови хатарноки радиоактив дар он маҳфуз аст, кӯмак хост.
ҲАВОПАЙМОҲОИ "РОЛКАН" ДАРДИ САР ШУДАНД
12.04.2012 08:57
1099
Ҳавопаймоҳои мусодирашудаи ширкати «Ролкан» ояндаи наздик ба вазорати мудофиа ё кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон таслим карда хоҳанд шуд. Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба унвонии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ...
ҚОТИЛОНИ КОРМАНДИ ПОЛИСИ РОҲ МАҲКУМ ШУДАНД
12.04.2012 08:54
1004
Ду айбдоршавандаи латукӯби марговари корманди БДА ба 9 ва 10 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ду сокини шаҳри Душанберо, ки дар марги як корманди БДА – и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муттаҳам мешуданд ...
СЕЛ БА КОРХОНАИ НАФТУ ГОЗИ БАЛҶУВОН ОСЕБ ВОРИД КАРД
11.04.2012 18:13
990
Бар асари бориши шадиди борон ва сел ба корхонаи нафту гози ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон осеб ворид шуда ва чанде аз манозили маскунии ноҳия садама дидааст. Ин ҳодиса шаби сешанбеи 10 апрел рух додаааст. Дар ин бора Рустам Неъматов, сардори Бахши умури изтирории минтақаи Кӯлоб, ба Би-би-сӣ хабар дод.