14:37:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

"БАРҚИ ТОҶИК" ТАҚСИМ ВА ХУСУСӢ ХОҲАД ШУД?

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои махсусеро таъсис дод, ки бояд навсозии сохтори ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” -ро назорат кунад.

/images/stories/2012/06/02_barqi-tojik-2612.jpgТаҷдиди сохтори яке аз бузургтарин ширкатҳои тавлид ва тақсимкунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ, ки зарфияти истеҳсоли солона ҳудуди 20 миллиард киловатт-соат энергияро дораду аммо ба ҷои муассирӣ дар иқтисод ва иҷтимои Тоҷикистон, мушкилофар шудааст, аз соли 2011 шурӯъ шуда, соли 2018 ба анҷом мерасад. Ин барнома се давраро дарбар мегирад – тиҷорикунӣ (2011-2013), тақсим (2014 – 2015) ва хусусигардонӣ (2016 – 2018).

Уғулой Хоҷаева, сарвари Раёсати таҷдиди сохтор ва омодакунии кадрҳои ширкат ба мо гуфт, давраи аввал, ки бояд соли 2013 ба охир расад, ба вуҷуд овардани сохтори шаффоф ва соддаи тиҷорӣ дар шабакаҳои барқии кишварро ҳадаф гузоштааст ва то ба ҳол дар шаҳрҳо дар ҳоли анҷомёбист, ки мисоли барҷастааш насби ҳисобкунакҳои электронӣ аст. Вай афзуд, барнома аз як марҳала ба марҳалаи дигар танҳо бо ризоияти ҳукумати Тоҷикистон мегузарад:

Уғулой Хоҷаева, сарвари Раёсати таҷдиди сохтор ва омодакунии ширкати Барқи "тоҷик"

​​«Барои он ки як марҳала тамом шавад, бояд ҳамаи вазифаҳои дар назди он гузошта анҷом ёбад, яъне зарур ояд ин марҳала дертар давом мекунад. Зеро барои гузаштан ба марҳалаи дигар, ширкат ва ҳукумат шароити иҷтимоии мардум, вазъи иқтисодии кишвар ва сиёсати давлатро ба назар мегиранд ва пас иҷозат медиҳанд.»

Дар раванди таҷдиди сохтор ба ҷуз «Барқи тоҷик», вазоратҳои саноат ва энержӣ, рушди иқтисод ва савдо, адлия ва дигар сохторҳо ҷалб мешаванд. Ахиран ҳайати 30 нафараи коршиносони ширкати инглисии «Корпорейт солюшн» дар низ вориди Душанбе шудааст. Сармоягузории барнома асосан аз ҳисоби «Барқи тоҷик» ва қисман аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ сурат мегирад, ки омори дақиқеро дар ин маврид масъулин натавонистанд пешниҳод кунанд.

Раҳматулло Асоев, сарвари шӯъбаи таҷдиди сохтор ва хусусигардонии «Барқи тоҷик» мегӯяд, раванди таҷдиди сохтор пурра таҳти назорати ширкат сурат мегирад ва коршиносони хориҷӣ дар сатҳи мушовир фаъолият хоҳанд кард: «Ҳама пешниҳодҳои онҳо бо назардошти воқеиятҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон пазируфта мешаванд. Ин тавр намешавад, ки онҳо ду рӯз дар Тоҷикистон бошанду вазъро аз мутахассиси тоҷик хуб донанд. Маслиҳатҳояшонро меомӯзем, агар қобили қабул бошад мепазирем»

Дар ҳамин ҳол, марҳилаҳои дигари таҷдиди сохтор – тақсимкунӣ ва хусусигардониро ҳам мақомот ва ҳам коршиносон баҳснок арзёбӣ мекунанд. Тибқи барнома, сохтори «Барқи тоҷик» бояд ба се ширкат, ки бо истеҳсол, интиқол ва фурӯш машғул хоҳанд буд, тақсим мешавад.

Раҳматулло Асоев бо ишора ба таҷрибаи Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Арманистон ва Молдова мегӯяд, дар ин кишварҳо қимати барқ то панҷ маротиба афзуда, дар кори соҳа бебандуборӣ пеш омадааст, аз ҷумла ҳоло дар Қирғизистон намедонанд, ки 40 дарсади барқ куҷо гум мешавад. Ба қавли ӯ, Қазоқистон, ки ширкатҳои барқиашро ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта буд, дигарбора онҳоро харид. Фоҷиаи нерӯгоҳои Саяно – Шушенскро дар Русия ӯ аз «баракати» тақсим ва хусусӣ шудани ширкатҳои давлатӣ медонанд.

Баҳодур Ҳабибов, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, таҷдиди сохтор дар кишварҳои мутамаддин хеле муваффақона сурат гирифта, дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба нокомӣ анҷом ёфтааст. Вай афзуд, ба ҷои он ки барқрасонӣ ба мардум осон шавад, ба ҷои як монополист, се монополист пайдо шуд: «Сабаби асосӣ –

​​фасод ва ношаффофии фаъолияти ширкатҳои нав аст. Сабаби дигар тайёр набудани кадрҳову қонунҳо ва зерсохторҳо буд. Ҷомиа аз ин раванд хабар надорад. Дар ин бора мешунаванд, аммо намедонанд ё намехоҳанд дар ин раванд ширкат кунанд.»

Уғулой Хоҷаева мегӯяд, ширкатҳое, ки дар пайи таҷдиди сохтор ташкил мешаванд, то замони муайян таҳти назорати «Барқи тоҷик» кор мекунанд ва пас ба ихтиёри як гурӯҳи танзимкунанда мегузаранд: «Имрӯз гуфта намешавад, ки ширкати фурӯшанда барқро мегираду дар киса мезананд. Баръакс пул ба як бонк меравад ва аз он ҷо ҳиссаи муайяни ҳамаи ширкатҳо дода мешавад.»

Хонум Хоҷаева ҳамчунин нигарониҳоро дар мавриди ба ҷои як ширкати монополист пайдо шудани се ширкати монополистро бепоя мехонад. Вай афзуд, ҳангоми амалӣ кардани ду марҳалаи ибтидоӣ бояд норасоии барқ, сохтмони нерӯгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ сохта шаванд ва тарифи барқ боло бурда шавад. Вай афзуд, то анҷоми марҳалаи дуввум бояд қимати барқ дар Тоҷикистон 3,2 сент бошад.

Дар ҳамин ҳол, як раҳбари собиқи ҳукуматӣ мегӯяд, ба се ширкат тақсим кардани «Барқи тоҷик» ва хусусӣ кардани онҳо бояд то 20 соли дигар ба таъхир андохта шавад. Ба қавли ӯ, Тоҷикистон танҳо дар ҳоле ба ин марҳилаҳо омода мешавад, ки ҳадди ақал солона 35 миллиард киловат соат барқ истеҳсол кунад ва нерӯгоҳҳои нақшавӣ – Роғун, Шӯроб ва Анзобу дигарҳоро ба анҷом расонад. Вай афзуд, бояд дар Тоҷикистон нархи ягона ҷорӣ шавад ва вазорати обу обёриву ширкати «Талко» низ баробари дигарон ҳаққи барқро пардохт намоянд. Ба қавли ӯ, вазорат як киловат соат барқро ба 1,8 дирам ва «Талко» дар мавсими тобистона 6 ва зимистона 8 дирам мехаранд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир вазорати обу обёрӣ ва «Талко» ҳудуди 60 дарсади барқи Тоҷикистонро истифода мекунанд. Ҳарду аз қарздорони «Барқи тоҷик» маҳсуб мешаванд ва дар ҳоли ҳозир, қарзи мардуму сохторҳо аз ширкат ҳудуди 600 ва қарзаш аз андозу ширкати «Сангтӯда – 1» беш аз 400 миллион сомониро ташкил мекунад.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бар фасод қаблан як корманди шабакаҳои барқӣ дар шимоли Тоҷикистонро боздошт карда буд, ки 2 миллион сомонӣ ҳаққи барқро ба ҳисоби қарзҳои вазорати обу обёрӣ гузаронидааст.

Раҳматулло Асоев мегӯяд, ҳадаф аз таҷдиди сохтор маҳз аз миён бурдани бебандуборӣ дар соҳа аст, то барқрасонӣ беҳ шавад ва ширкатҳои оянда, ворисони «Барқи тоҷик» ва буҷаи кишвар ҳам даромади хуб гиранд. Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар инанд, ки миллионҳо доллари «Барқи тоҷик» ба ҷайби афроди алоҳида ва корхонаҳои онҳо меравад, вагарна тааҷҷубовар аст, ки як ширкати истеҳсолкунандаи қариб 20 миллиард киловат соат барқ дар чунин ҳоли «раҳмангез» қарор дошта бошад.

Абдураҳмон Азизов, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, тақсим шудани «Барқи тоҷик» ба се ширкати алоҳида афзудани теъдоди коргарону раҳбаронро дар пай хоҳад дошт, ки бар мушкили буҷа ва мардум меафзояд: «Худи «Барқи тоҷик» кофӣ аст. Мушкил ҷамъ овардани пул аст. Солона 60 – 70 дарсади маблағи фурӯш ҷамъ мешавад. Ин мушкил бояд ҳал шавад. Аммо масъулин бо корҳои дигар машғуланд. Фаъолияти ҳисобкунакҳоро дуруст ба роҳ монанд, ришвахӯриву дигар мушкилҳоро ҳал кунанд, дигар коре намемонад ва зарурате ҳам барои таҷдиди сохтор.»

Иддае аз коршиносон ҳам ҳадафи таҷдиди сохторро маҳз дар марҳалаи охирин он – хусусигардонӣ мебинанд. Онҳо мегӯянд, ин таҷдиди сохтор ҳанӯз соли 2000 оғоз шуда буд, аммо гурӯҳҳои манфиатдор чун диданд, ки ин ширкати «мушкилдор» аст, даст аз хусусӣ кардани он бардоштанд ва акнун ба сӯи ин ҳадаф ба таври мутамаддин, тариқи таҷдиди сохтор пеш мераванд.

«Озодӣ»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi