19:33:07 13-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НОМАИ БАРХЕ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ БАХШИ ТОҶИКИИ ШАБАКАИ ҶАҲОНИИ ИНТЕРНЕТ

Мо аз бегонагон чӣ нолем?

Мо, истифодабарандагони бахши тоҷикии шабакаи ҷаҳонии интернет, ки ҷузъе аз миллати тоҷик ҳастем, аз бӯҳтону иҳонати бархе расонаҳо дар ҳаққи шахсиятҳои маъруфи миллат озурда ва малол гаштаем.

/images/stories/2012/05/29_facebook-29512.jpgИнтишори мақолаи «Тураҷонзода – дурӯяи дин ва сиёсат» - ро, ки зери ин нишонӣ: http://khovar.tj/society/22639-t1263ra1207onzoda-dur1263yai-din-va-siesat.html аз 21 майи соли 2012 дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба нашр расид, болотарин нуқтаи ифроти маъракаи сиёҳсозии шахсиятҳои тоҷик меҳисобем.

Тааҷҷубамон ин аст, ки маводи мазкур бо вуҷуди хилофи меъёрҳои касбии рӯзноманигорӣ будан, зидди арзишҳои инсонӣ будан, хилофи амнияти миллату давлат будан, ҳамзамон дар сомонаи «Ховар» интишор ёфтааст. Баъд аз нашри чунин мавод ин суол посух мехоҳад, ки оё воқеан АМИТ “Ховар” мухолифи ваҳдати миллӣ аст?

Мо мутмаин ҳастем, ки тафриқаандозӣ, ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим кардани миллат, бесуботӣ, маҳалгароӣ ва даҳҳо падидаи номатлубе, ки теша бар решаи рушди миллат мезананд, маҳз аз ин гуна амалҳои ғайри ҳирфаии бархе аз “соҳибқаламон” маншаъ мегиранд.

Мо аз ин нигарон ҳастем, ки чаро сомонаҳо ва дар маҷмӯъ расонаҳои аз ҳисоби буҷаи давлат фаъолияткунанда бар ивази таъмини муттаҳидии миллат баръакс, ихтилоф эҷод месозанд?! Вақте ки расонаҳои давлатӣ якҷо бо ВАО-и мустақил аз ҷониби президенти Тоҷикистон «ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик» ва дар умури идораи давлатӣ «ёварони давлату ҳукумат» баҳогузорӣ шуданд, бар он бовар будем, ки аз ин ба баъд “Ҷумҳурият” ва АМИТ “Ховар” ба хотири таъмини комили ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар аз нашри ин гуна маводҳо худдорӣ меварзанд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо далолат бар ин мекунанд, ки хушбинии мо бе мавқеъ будааст.

Аз мутолиаи сомонаи нашрияи «Ҷумҳурият» чунин бардоште ҳосил мегардад, ки нашрия ҳеч назари мухолифи ҳукумати кишварро таҳаммул надорад. Ин нашрия танҳо бо ситеза кардан ба назарҳои озодандешон ва соҳибнуфузони миллат қаноат нанамуда, ба зиндагии шахсии эшон низ дахолат мекунад.

Мо бар ин назар ҳастем, ки шахсиятҳое амсоли Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматулло Зойиров ва дигарон бе асос ва бе ҷиҳат мавриди интиқоди бе поя ва ноодилона қарор мегиранд.

Мо назару мусоҳибаҳо ва мақолаҳои ин шахсиятҳоро, ки тариқи интернет пахш мешаванд, мутолиа менамоем. То кунун дар мусоҳибаву назарҳои эшон пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба рӯзгори босаодат, роҳҳои ислоҳи вазъи нобасомони кишвар, василаи бунёди давлати демократӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва даҳҳо идеяи дигар барои расонидани Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ садо додааст.

Дар амалҳои ин сиёсатмадорон боре дурӯягӣ, ҳамоқат, бадкориву бадгуфторӣ, поймол кардани арзишҳои миллӣ, зиён ба давлату миллат, хиёнат ба ватан, динфурӯшӣ ва сиёсатбозии ғализу сафсатафурӯширо мушоҳида накардем.

Табиист, ки сиёсат моли шахсии ҳич нафаре набуда, ҳама аъзои ҷомеа ҳақ доранд ба сиёсат машғул бошанд ва назару андешаҳои худро пиромуни ҳар мавзӯъ изҳор доранд.

Ташвиши мо аз сомона ва расонаҳои мазкур ин аст, ки мақолаҳои таҳқиромезу бӯҳтондорро маҳз бо имзоҳои мустаъор ва ба ҷомеаи журналистӣ ноошно нашр мекунанд. Мақолаҳои гуногуне, ки дар воқеъ дар қолаби як услуби нигориш ва як тарзи баён иншо шудаанд, аммо ба имзоҳои мухталифе ба монанди: Эҳсони Шаъбонӣ; Сиёвуши ЁДГОР; Валиҷони Салим; Шоҳрухи Сафарзод; Шарифҷон Сафарзода; Шаҳром Сипеҳрӣ; Зиёвуддини Авлиёпур; Самандари Мақсуд ва даҳҳои дигар рӯйи чоп меоянд.

Агар воқеан рӯзноманигороне таҳти ин номҳо буданд, пас суол ин аст, ки дар куҷо буданд ва дар кадом расона фаъолият доштанд? Чаро ҳеч нигоштаи дигарашонро намедонем ва чаро маҳз ҳарзаву сафсата менависанд? Агар ҳунари навиштану гуфтан доранд, чаро умри худро ба ин шева зоеъ мекунанд? Чаро бо ном ва чеҳраи аслии худ вориди майдони рӯзноманигорӣ намешаванд?

Агар шеваи фаъолияти нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон рахна задан ба пойдевори ваҳдати миллӣ бошад, пас мо аз расонаҳои хориҷиву ҳамсоякишварҳо чӣ шиква кунем?

Мо ба АМИТ “Ховар” ва нашрияи “Ҷумҳурият” ва ҳар расонаи дигар муроҷиат мекунем, ки ба хотири ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагии Тоҷикистон, эҳтирому арҷгузорӣ ба обрӯйи миллат, волоияти қонун ва гузашта аз ҳама суботи кишвару оромии саросарии Тоҷикистони азиз даст аз нашри бӯҳтону таҳқирномаҳо дар ҳаққи чеҳраҳои саршинос бардоранд.

Манбаъ: http://www.facebook.com/groups/266632096733351/permalink/367213606675199/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi