04:31:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

КОБУЛ: 9 ТОҶИКИ ЗИНДОНӢ МОИЛАНД, КИ БА ВАТАН ОЯНД

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, 9 маҳбуси тоҷик дар зиндони “Пули Чархӣ” майли бозгашт ба кишварро доранд. Дипломатҳои тоҷик ахиран бо ин афрод, ки аз ҷумла бо гуноҳи узвият дар созмонҳои тундрав ва террористӣ, қочоқи маводи мухаддиру машрубот ҷазо гирифтаанд, мулоқот кардаанд.

/images/stories/2012/06/05_turma-kobul-5612.jpgВазорат бо нашри баёнияе гуфт, дипломатҳо зиндониёни тоҷикро огоҳ кардаанд, ки бар асоси созишномаи дуҷониба онҳоро бояд барои адои ҳукми зиндон ба Тоҷикистон фиристанд ва ҳамаи 9 нафар гуфтаанд, ки майли бозгашт ба кишварро доранд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки 5 нафар аз ин маҳбусон намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, аз ин рӯ иҷрои созишномаи табодули зиндониён миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Бино ба гузоришҳо, онҳо аз Созмони Милали Муттаҳид хоста буданд, ки дар Афғонистон ба онҳо ҳаққи паноҳандагӣ дода шавад.

Як манбаи наздик ба Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда ва рӯзи якуми июн гуфт, ду ҳафта боз шароити истирдоди 97 нафар маҳбуси афғонӣ ба Кобул омода аст, аммо бинобар сарпечии зиндониёни тоҷик барои интиқол ба Тоҷикистон, ин масъала ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти Тоҷикистон то замони роҳи ҳал пайдо кардани масъалаи интиқоли зиндониёни тоҷик, дар мавриди истирдоди зиндониёни афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, мунтазир мемонанд.

Аммо вазорат мегӯяд, идомаи муҳокимаи додгоҳии 6 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон масъалаи иҷрои созишномаро ба таъхир андохтааст.

Дар зиндону боздоштгоҳҳои Афғонистон 14 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд ва дар Тоҷикистон тақрибан 100 зиндонии афғон. Ин аст, ки ду тараф созишнома барои табодули ин зиндониёнро имзо кардаанд. Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, то кунун бештар аз 280 шаҳрванди зиндонии Афғонистонро бо изҳори ҳусни ният ва кори хайр барои идомаи адои ҳукм ба ватанашон бозпас фиристодааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi