ГРОВЕР: "ТИББИ ТОҶИКИСТОН БА САРМОЯГУЗОРӢ НИЁЗ ДОРАД"
Гузоришгари вижаи Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хост, сармоягузорӣ дар бахши тибро афзоиш бидиҳад.
Ананд Гровер , гузоришгари махсус (вижа)-и Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон ва саломатӣ, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки маблағгузориро дар бахши тибби кишвар афзоиш диҳад. Ин нуктаро ҷаноби Гровер пас аз анҷоми сафари ҳаштрӯзааш ба Тоҷикистон, рӯзи 31-уми май дар Душанбе баён дошт.
Ӯ дар идома ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ба вазъи беморони рӯҳӣ низ таваҷҷӯҳ бикунад. Илова бар ин, Ананд Гровер гуфт, "дар Тоҷикистон ҷудосозӣ дар ҷомеа ё стигмаи одамоне, ки бемории рӯҳӣ доранд, тағйир наёфтааст. Ҷузъиёти номнависи бемор ба корфармо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд, ки дар баъзе ҳолат боиси табъиз дар вақти ба кор қабул кардан ва таълим мешавад."
Ин гузоришгари махсуси Созмони Милал аз мақомоти тоҷик даъват кард, системаи номнависи беморони рӯҳиро низ тағйир диҳад. Ҷаноби Гровер аз сатҳи хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон ҳам нигаронӣ карда ва гуфт, дар сурати идома ёфтани ин раванд беэътимодӣ (нобоварӣ)-и сокинон ба ин бахш меафзояд.
Ананд Гровер, гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 24-уми май ба Тоҷикистон омада, дар ҷараёни сафари ҳаштрӯзааш бо мақомоти тоҷик дидору гуфтугӯ анҷом дод ва ҳам аз бархе муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла беморхонаҳои рӯҳӣ дар шимоли кишвар боздид кард.
Ӯ қабл аз сафараш ба Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфта буд, ният дорад, таваҷҷӯҳи ҳукумат, шарикон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳалли масъалаи хизматрасонии беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунад. Гровер ба ин назар аст, ки хароҷоти беҳдоштии мардуми ин кишвар аз се ду ҳиссаи бахши хароҷоти куллии беҳдоштро ташкил медиҳад.
Ин сафари Ананд Гровер, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон ва саломатӣ бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.
«Озодӣ»