19:39:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲОДИСАИ РАБУДАНИ РАҚАМИ ДАВЛАТӢ АЗ МОШИНҲО ИДОМА ДОРАД

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Тавре шаҳрвандони пойтахт хабар медиҳанд, ҳодисаи шабона дуздидани рақами давлатӣ аз мошинҳои шахсӣ дар рӯи ҳавлиҳои истиқоматӣ аз тарафи кормандони милитсияи минтақаҳо идома дорад.

/images/stories/2012/06/07_mersedec-7612-1.jpgСубҳи рӯзи сешанбеи 6-уми июн Аҳмадшоҳ Комилзода – хабарнигори радиои «Садои Амрико» дар Осиёи Марказӣ иттилоъ дод, ки мехостааст бо мошини шахсиаш ба кор биравад, вале рақами давлатии мошинашро дар рӯи ҳавлии манзили истиқоматиаш касе рабудааст. Сипас маълум шудааст, ки рақами давлатиро милисаи минтақавӣ кушода бурдааст.

Ӯ дар шишаи пеши мошин шумораи телефон ва насабашро навиштааст, ки Ҳайдаров М. ном доштааст. Комилзода гуфт, ки чунин ҳодиса барои чандин бор аст, ки бо ӯ рух медиҳад ва алҳол ду навиштаҷоти ин корманди ВУДТ дар дасташ мавҷуд аст. Дар навбати гузашта писари Комилзода бо додани ришва рақами давлатии мошинашро дарёфт кардааст.

/images/stories/2012/06/07_komilzoda-7612.jpgХабарнигори радиои «Садои Амрико» мегӯяд аз фармони ҳукумат дар бораи манъ будани таваққуфи мошин дар наздики хонаи истиқоматӣ, дар роҳраву гузаргоҳҳои пиёдарав ва роҳи гузари мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва оташнишон хабар дорад. Ва барои ҳамин ӯ мошинашро дар қатори мошинҳое, ки берун аз чунин ҷойҳои номбурда аст, таваққуф додааст. Вале ба гуфтаи ҷаноби Комилзода, аҷибаш ин аст, ки дар миёни 50-60 мошини тавақуфшудаи шабона рақами давлатии мошини ӯ ғайб задааст.

Ӯ мегӯяд, мушкиле, ки дар ин шаҳр вуҷуд дорад, набуди таваққуфгоҳҳои шаҳрӣ аст. Ба ҳамин сабаб одамон маҷбуранд дар канори роҳҳо, дар наздики манзили зисташон мошинҳояшонро таваққуф бидиҳанд. Вале аз оғози соли ҷорӣ кормандони Вазорати Умури Дохилаи кишвар дар чанд минтақа ба равиши шабона кушода бурдани рақами давлатӣ аз баъзе мошинҳои дилхоҳашон идома медиҳанд.

/images/stories/2012/06/07_mersedec-7612-2.jpgХабаргузории радиои «Озодӣ» дар пайи ин амали номашрӯъ рӯзи 25-уми январи соли равон иттилоъе пахш кард, ки дар он мақомоти ВУД ва Шаҳрдории Душанбе Маҳмадулло Асадуллоев – сухангӯи ВУД ва Шавкат Саидов – сухангӯи шаҳрдории Душанбе мавҷудияти чунин фармон ё супоришеро инкор карда буданд.

Ба дунболи ин равиши беиҷозат ва мардумозор дар назди дафтари кории Рамазон Раҳимов – Вазири дохилаи Тоҷикистон телефони боварӣ (221-21-21) ба фаъолият пардохт, вале бо гузашти 5 моҳ ҳанӯз маъмурони ин вазорат фаъолияти ғайришаръиашонро идома медиҳанд.

Журналист Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, «ташаббуси вазир амали хайрхоҳона аст, вале ба гумон аст дар ин кишвар чунин амали хайрхоҳона ва чандин чунин ташаббусҳо пойдор ва устувор шаванд. Зеро беназмиву фасоди идорӣ дигар аз контрули вазирону ҳукуматдорон берун шудааст».

Шабона барчидани рақамҳои давлатии мошинҳои шахсӣ аз ҳавлии биноҳои пойтахтро мардум роҳи нави пулкоркунӣ аз сӯи нозирони минтақавии милиса унвон карданд.

Ҳоло сокинони пойтахт аз ноилоҷӣ ва набудани таваққуфгоҳ мошинҳои худро дар назди ҳавлии биноҳо мегузоранд. Ба эътиқоди коршиносон, агар шаҳрдорӣ тавони сохтмони паркингҳоро надошта бошад, бояд аз ҳукумат тақозо кунад, то дар кодекси маъмурӣ таҷдиди назар кунад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi