17:33:14 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТОҶИКИСТОН БА ЭРОН ОБ МЕДИҲАД ВА АЗ ЭРОН БАРҚ МЕГИРАД

Вазири энержии Эрон гуфтааст, барои дарёфти як миллиард метри мукааб об аз Тоҷикистон бо Душанбе гуфтугӯ доранд.

/images/stories/2012/05/28_pres-iran-tajikistan-2012.jpgБино ба хабарҳо, вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯ, гуфтааст, Теҳрон барои дарёфти як миллиард метри мукааб об аз Тоҷикистон, бо Душанбе музокира дорад. Ин нуктаро ҷаноби Номҷӯ дар нишасти нӯҳуми кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба масоили иқтисодӣ рӯзи якшанбе (27-уми май) дар Теҳрон баён доштааст.

"Tehran Times" ҳам ба нақл аз Маҷиди Номҷӯ менависад, ки Эрон дар якҷоягӣ бо Тоҷикистону Афғонистон тавофуқ кардаанд, як "долони обиву энержӣ" таъсис диҳанд. То кунун мақомоти тоҷик дар бораи музокироти Душанбеву Теҳрон дар бораи интиқоли об ба Эрон ҳарфе нагуфтаанд ва ҳам рӯшан нест, ки дар сурати ба мувофиқа расидани ҷонибҳо ин тарҳ чӣ гуна амалӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол ба гузориши Садо ва Симои ҷумҳуриии Исломии Эрон, вазири энержии ин кишвар Маҷиди Номҷӯ гуфтааст, ки ҷумҳурии исломӣ дар фасли зимистон ҳудуди 500 меговат барқ ба Тоҷикистон содир хоҳад кард.

Оқои Номҷӯ, ки рӯзи якшанбе пас аз оғози нӯҳумин нишасти муштараки ҳамкориҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон сӯҳбат мекард, гуфт: «Дар тавофуқномаи муштарак бо Тоҷикистон, дар сурати иҷрои тарҳи хатти интиқол, барқи изофии Эрон дар фасли зимистон ниёзи мардуми Тоҷикистонро таъмин мекунад ва дар фасли тобистон низ метавон аз барқи ин кишвар барои таъмини ниёзи Эрон истифода кард.»

Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон бо имзои як ёддошти тафоҳум анҷом пазируфта буд. Раҳбарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар пайи ин мулоқоти худ дар бораи сохтмони роҳи оҳан, интиқоли барқу об ва газу нафт як ёддошти тафоҳум ҳам имзо карданд.

Бар асоси ин санад се кишвар имкониятҳо барои бунёди роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон ва интиқоли нафт аз Эрон ба Афғонистону Тоҷикистонро бояд баррасӣ мекарданд.

Давлати Эрон яке аз панҷ кишвари асосии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва бар пояи омори мунташира, табодули молу коло миёни ин ду кишвар ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст. Дар соли 2011-ум мизони гардиши мол миёни ин ду кишвар 204 миллион долларро ташкил додааст.

​​Бар изофа Эрон ба унвони яке аз кишварҳои бузурги минтақа дар бархе аз баҳсҳои минтақаӣ, аз ҷумла  мушкилоти ҳамли коло тариқи роҳи оҳани Узбакистон аз Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда ва низ борҳо эълон кардааст, ки барои ҳалли мушкили маводи сӯхт ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi