КОМИССИЯИ АВРУПО БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТОҶИКИСТОН 80 000 ЕВРО ҶУДО НАМУД
13 маи соли 2012 дар водии Рашт, қисми шарқии Тоҷикистон заминларза бо шиддати 5.7 бал рух дод. Дар натиҷаи заминларза на кам аз 33 деҳоти ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тавилдара осеб диданд. Бар асари заминларза чанд тан ба ҳалокат расида, ва зиёда аз 2500 нафар осеб диданд.
Баъди заминларза сангфароӣ ба вуҷуд омада, шоҳроҳе, ки қисмати шарқии кишварро бо марказ мепайваст, хароб намуд, ваҳамин тариқ 114 оиларо дар давоми чанд рӯз аз қисми боқимондаи кишвар ҷудо кард. Комиссияи Аврупо бо мақсади расонидани кӯмак ба беш аз 3300 зарардидагон маблағи 80000 евроро ҷудо намуд.
Кӯмаки мазкур барои харидани молҳоиғайриозуқаворӣ, аз ҷумла болопӯш, бистар ва лавозимоти ошхонагӣ ва инчунин ёрии рӯҳшинос истифода карда мешавад. Маблағи ҷудошуда ба мамлакаттавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда (DREF/ДРЕФ) марбут ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) амалиёт мебарад, равона мешавад.
Маълумоти заминавӣ
Комиссияи Аврупо бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои дастгирии Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади фароҳам овардани саҳмгузории башардӯстона ба миқдори 3 миллион евро шартнома имзо намуд. Маблағи Бунёди ДРЕФ, асосан, барои бартарафкунии офатҳои «ҳаҷман хурд» равона карда мешавад, яъне барои офатҳое, ки сабаби муроҷиати расмӣ дар арсаи байналмилалӣ барои расондани кӯмак намешаванд.
Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ДРЕФ соли 1985 таъсис ёфта, аз ҳисоби саҳми донорҳо дастгирӣ карда мешавад. Ҳар вақте ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мӯҳтоҷи кумаки молии фаврӣ дар ҷавоб ба офатҳои табиӣ мебошанд, онҳо метавонанд ба Бунёди ДРЕФ муроҷиат намоянд.
Барои офатҳои хурдҳаҷм Федератсия аз сармояи Бунёд истифода намуда, баъдан ин маблағ аз тарафи донор рӯйпӯш карда мешавад. Шартномаи саҳмгузории башардӯстонаи байни Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Комиссияи Аврупо ба Комиссия имконият медиҳад, то ба Бунёди ДРЕФ баҳри амалӣ кардани чорабиниҳои ҳамоҳангшуда (ки ба ваколати кӯмаки башардӯстона мувофиқанд) ба маблағи то 2 миллион евро фароҳам оварад.
«Рӯзгор»