20:19:45 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"ТӮҲМАТ"-У "ТАҲҚИР" АЗ КОДЕКСИ ҶИНОӢ БАРДОШТА ШУД

Ин ду модда бо пешниҳоди раисиҷумҳур лағв шуд, ки дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик аз забони ӯ садо дода буд. Рӯзи 31-уми май вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноиро, ки марбут ба тӯҳмату таҳқиранд, лағв карданд.

/images/stories/2012/05/31_parliament-31512.jpgИн иқдом бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик (моҳи марти соли ҷорӣ) аз мақомоти кишвар хост, то ин ду моддаро аз Кодекси ҷиноӣ берун кунанд. Акнун ин ду банди қонуни ҷиноӣ бояд ба қонуни шаҳрвандӣ "интиқол" ёбанд.

Яъне, аз ин ба баъд барои тӯҳмату таҳқир бар асоси ин ду банд, дигар алайҳи журналист ва ё гӯяндаи сухан парвандаи ҷиноӣ боз намешавад ва ин баҳсро додгоҳи шаҳрвандӣ баррасӣ хоҳад кард. Ин иқдом бо истиқболи маҳофили журналистӣ рӯбарӯ шудааст. Зеро лағви ин ду модда аз Кодекси ҷиноӣ то ҷое метавонад таҳдиди рафтан ба зиндонро барои онҳо камтар кунад.

Аммо ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ин таҳдид ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Зеро ба гуфтаи онҳо банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқирро ба сурати умумӣ пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон бандҳои дигаре ба ин монанд, ки муҷозот барои таҳқир ва тӯҳматро пешбинӣ мекунад, мавҷуд аст. Аз ҷумла, банди 137-и Кодекси ҷиноӣ муҷозоти то панҷ сол маҳрумият аз озодиро барои таҳқир ва тӯҳмати президенти Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.

Дар пешниҳоди раисиҷумҳур аз ислоҳи ин банд ҳарфе гуфта нашудааст ва Маҷлиси намояндагон ҳам дар бораи ислоҳ ва ё лағви моддаи 137-и Кодекси ҷиноӣ чизе нагуфтаанд.

Дар чанд соли ахир мақомоти давлатӣ чанде аз нашрияҳо ва хабаранигорони тоҷикро барои тӯҳмату таҳқир ба додгоҳ кашида, ҷуброн хостанд. Аз ҷумла, даъвои вазорати кишоварзӣ аз болои нашрияи "Миллат", даъвои додрасҳо аз болои нашрияҳои "Фараж", "Озодагон", "Азия-Плюс", шикояти Анвар Тағоймуродов аз болои як матлаби Рамзия Мирзобекова ва қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов дар Ашт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi