БАРКАНОРИИ 10 ИМОМ-ХАТИБ ДАР МАСОҶИДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Дар Душанбе даҳ имом-хатиби масоҷиди пойтахти Тоҷикистон аз симатҳои худ барканор шудаанд. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки имом-хатибони ҷадид аз сӯйи намозгузорон интихоб шудаанд ва мақомот дар барканорӣ ва интихоби онҳо мудохила накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, ки тайи чанд моҳи ахир фишори давлат бар мазҳабиён ва мудохилаи он дар умури мазҳабӣ афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Нуриддин Тураҷонзода, рӯҳонии маъруф, ки имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия"-и шаҳри Ваҳдат буд, аз симати худ истеъфо дода ва ин симатро ба Маҳмуди Тӯраҷонзода, бародари хурдии худ, вогузор кардааст. Рӯзи ҷумъаи 28 январ ба намозгузорони бархе аз масоҷиди Душанбе имом-хатибони ҷадиди ин муассисоти динӣ муъаррифӣ шуданд. Шамсиддин Нуриддинов, раиси бахши адёни шаҳрдории Душанбе, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки интихоби имом-хатибони ҷадид бидуни мудохилаи давлат сурат гирфита ва ин хости худи намозгузорон будааст. Вай гуфт, ки дар бораи далоили иваз шудани имом-хатибон иттилоъ надорад, зеро ин кори созмонҳои ҷамъиятии мазҳабист ва шаҳрдорӣ аз ҳаққи мудохила дар умури онҳо бархурдор нест.
Вале шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки имом-хатибони ҷадид дар ҳузури намояндагони шаҳрдорӣ бидуни баргузории ҳеч гуна интихоботе муъаррифӣ шудаанд. Абдулҳамид Шарипов, ки акнун имом-хатиби собиқи маҳаллаи мавсум ба “Калинин”-и шаҳри Душанбе аст, мегӯяд, ки вай худ ба далели вазъи саломатиаш тақозои истеъфо кардааст.
Оқои Шарипов вуҷди ҳар гуна фишори давлат дар интихоби имом-хатиби ҷадиди ин масҷидро рад кард. Вай афзуд: "Намояндагони шаҳрдорӣ мулло Қобилҷонро (Боев) ба унвони имом-хатиби ҷадид пешниҳод карданд. Дар гузашта мо ӯро мешинохтем ва ба ин далел интихобаш кардем."
Вале, Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули маркази таҳлилии мавсум ба “Диалог” ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба интихоби озоди имом-хатибони шаҳри Душанбе бовар надорад.
Вай афзуд: "Мо иттилоъ дорем, ки шаҳрдори Душанбе дар ин замина дастурҳое дода ва бояд ба симати имом-хатибон танҳо нафароне интихоб шаванд, ки фармонҳои раиси шаҳрро комилан иҷро мекунанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки магар метавон ба интихоботи озоди имом-хатибон бвоар кард? Магар дар даҳ масҷид яку якбора тасмими иваз кардани имом-хатибон гирифта шудааст?"
Дар ҳамин ҳол, масъулони бахши адёни шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки табдили имом-хатибон ба дар масоҷиди ин шаҳр ба санҷиши дониши онҳо ё таъйиди салоҳияти онҳо (аттестатсия) ҳеч рабте надорад. Шамсиддин Нуриддинов гуфт, ки ҳоло марҳилаи таъйиди салоҳияти имом-хатибони пойтахти Тоҷикистон фаро нарасидааст. Тибқи иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, ин санҷиш ҳоло дар миёни имом-хатибони масоҷиди вилояти Суғд идома дорад.
Вале масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки натоиҷи муқаддамотии таъйиди салоҳияти имом-хатибон нишон додааст, ки бархе аз онҳо дар канори сатҳи пойини дониши дунявӣ ҳамчунин аз донишҳои зарурии исломӣ низ бархурдор набудаанд.
Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон иддаъо доранд, ки дар ин авохир мудохилаи давлат дар умури мазҳабӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин замина, аз ҷумла ба бозпас овардани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломӣ дар кишварҳои хориҷӣ, маҳдудият дар пӯшиши либоси исломӣ ва тавзеъи адабиёти мазҳабӣ ишора мешавад.
Ҳамчунин, мухолифони давлат аз бархӯрди маъмурони интизомӣ бо мардоне, ки риш доранд, шадидан интиқод мекунанд. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран изҳор дошта буд, ки маъмурони пулис аз ришдорон танҳо тақозои табдили акси худ дар шиносномаҳоро мекунанд.
Ба гуфтаи вай, сурати ришдорон бо аксҳои насбшуда дар мадорики онҳо созгор нест ва дар кори маъмурони пулис барои мушаххас кардани ҳувияти ин афрод мушкил эҷод мекунад. Вале Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд худ шоҳид будааст, ки маъмурони пулис ришдоронро иҷборан ба сартарошхона бурдаанд. Вай афзуд: "Мо аз ин амр огоҳӣ ёфтем. Вақте вориди як сартарошхона шудем, дидем, ки бо фармони маъмурони пулис риши мардҳоро метарошиданд."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4289--10------.html
-
23.06.2026 13:36
1564
Пешвои сулҳ ва меъмори ваҳдат
-
05.05.2026 00:04
477
«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи қонунгузории миллӣ»
-
22.03.2026 15:28
531
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
06.05.2026 14:20
430
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
444
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
531
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
315
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1050
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1094
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
17.01.2026 11:47
958
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
765
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1449
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
13.07.2026 13:11
176
Эҳтиром ба қонун — қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии мо
-
12.07.2026 12:23
295
“Масъулият бояд зиёд бошад!”
-
12.07.2026 12:20
185
“Коррупсия омили манфӣ дар ҷомеъа!”
-
18.05.2026 19:35
239
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
291
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
429
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
22.12.2025 20:26
1048
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
951
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1266
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2369
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2431
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3454
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
579
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1944
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2083
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
1498
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1159
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1043
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
11.07.2026 11:43
316
Натиҷаи бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ – 10 июл
-
10.07.2026 11:21
178
Ҷоми ҷаҳон 2026: Ноадолатӣ ба Эрон?
-
10.07.2026 11:01
174
Натиҷаи бозиҳои даври 1/4 ниҳоӣ – 9 июл
-
12.07.2026 12:17
280
Алишер Навоӣ: Ҳофизи сухан ва асосгузори адабиёти туркӣ
-
12.07.2026 12:12
202
Тирезаҳои сеҳрнок: Чӣ тавр хонаи шумо худаш барқ истеҳсол мекунад?
-
11.07.2026 12:12
332
Соати ҳушманд: Чӣ тавр гадҷети дастӣ сактаи дилро пешгӯӣ мекунад?










































