«Қонунгузориҳо дар самти меъморӣ ва шаҳрсозӣ»
Прокуратураи вилояти Хатлон дар асоси супоришҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории амалкунандаро вобаста ба лоиҳакашӣ, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин риояи талаботи нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассалро дар миқёси вилоят дар давраи нимсолаи якуми соли 2026 мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 10 январи соли 2025, №915 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” аз 11 феврали соли 2025, №2142 қабул гардида, тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии номбаршуда амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар муддати 2 сол боздошта шуданд.
Бинобар ин, санҷишҳои прокурорӣ бо риояи талаботи мазкур гузаронида шуда, дар аксар маврид аз гузаронидани санҷишҳо дар фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ (пудратчиён) худдорӣ карда шуданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ вобаста ба меъморию шаҳрсозӣ дар ҳудуди вилоят 26 шуъбаю бахшҳои сохтмон ва меъморӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд.Ба истиснои нақшаҳои генералии марказҳои маъмурии шаҳри Левакант ва шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш, нақшаҳои генералии марказҳои маъмурии дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Нақшаи муфассали банақшагирии қисматҳои асосии маркази маъмурии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷайҳун таҳия ва мавриди истифодабарӣ қарор дошта, нақшаҳои муфассали банақшагирии қисматҳои асосии марказҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб дар ташкилотҳои лоиҳакашӣ мавриди тарҳрезӣ ва дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дошта, дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаҳои муфассали тарҳрезии маҳалҳо вуҷуд надоранд.
Сабаби мавҷуд набудани нақшаҳои муфассали тарҳрезӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ин барои таҳияи он ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғайр аз ширкатҳои лоиҳакашии хусусӣ корхонаҳои фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, фаъолият доранд.
Санҷишҳои гузаронидашуда дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Ҷ.Балхӣ ва М.С.А.Ҳамадонӣ нишон доданд, ки талаботи қонунгузории шаҳрсозию меъморӣ ҳангоми қабули қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо риоя карда намешаванд.
Масалан, бо қарори раиси шаҳри Бохтар аз 13 августи соли 2025, №565 ба шаҳрванд Ғафуров Зубайдулло Сунатуллоевич барои сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо пентхаус аз ҳисоби заминҳои захираи шаҳр, воқеъ дар хиёбони Ваҳдат, аз тарҳи №64 харитаи заминистифодабарӣ қитъаи замин дар масоҳати 572 м2 бо ҳуқуқи истифодабарии бемўҳлат дода шудааст.
Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки қитъаи замини ба шаҳрванд Ғафуров З.С. ҷудогардида мувофиқи нақшаи муфассали банақшагирии зикршуда ҳамчун таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ба лоиҳа гирифта шуда, дар ин мавзеъ сохтмони бинои бисёрошёна пешбинӣ нашуда, қарори раиси шаҳри Бохтар аз 13 августи соли 2025, №565 бар хилофи нақшаи мазкур мебошад.
Гузашта аз ин, тибқи талаботи банди 20 Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 30-05-2017) “Қоидаҳои иморатсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳангоми ба лоиҳа гирифтани биноҳои истиқоматии бисёрманзила ҷойгир намудани майдончаҳо барои бозии кӯдакон, барои машқҳои варзишӣ, барои истироҳати калонсолон ва таваққуфгоҳи автомобилҳо бояд ба инобат гирифта шавад.
Аммо, санҷиши гузаронидашуда нишон дод, ки дар ҳуҷҷатҳои балоиҳагирии бинои истиқоматии мазкур ҷойгир намудани майдончаҳо барои бозии кӯдакон, барои машқҳои варзишӣ, барои истироҳати калонсолон ва таваққуфгоҳи автомобилҳо умуман ба инобат гирифта нашуда, дар баробари ин, имконияти ҷойгир намудани чунин инрафсохтор бо сабаби мавҷуд набудани қитъаи замин дар атрофи бинои лоиҳавӣ ғайриимкон мебошад.
Бинобар ғайриқонунӣ ба тасвиб расидани қарори мазкур 6-уми апрели соли 2026 аз тарафи прокурори вилояти Хатлон ба он эътироз оварда шуд.
Ба ин монанд, бо қарори раиси шаҳри Бохтар аз 19 январи соли 2026, №27 мақсади истифодабарии қитъаи замини зери сохтмони мактаби хусусии ҶДММ “Бандари куҳан” дар масоҳати 4000 м2, воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи С.Раҳимов (тарҳи №411) барои сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна, ташкил намудани муассисаи томактабӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ошёнаҳои якум иваз карда шудааст.
Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки қитъаи замини зер ва атрофи иншооти мактаби хусусии болозикршуда мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Бохтар дар минтақаи муассисаҳои мактабӣ ҷойгир буда, иваз намудани мақсади истифодабарӣ ва ҷойгиркунии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ин мавзеъ мухолифи талаботҳои нақшаи генералӣ мебошад.
Вале, шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва комиссия оид ба додану вобастакунии қитъаҳои замини назди мақомот бар хилофи талаботи нақшаи генералӣ амал карда, аз минтақаи муассисаҳои мактабӣ мақсади истифодаи қитъаи заминро барои бунёди биноҳои истиқоматӣ (ғайримақсаднок) иваз кардаанд.
Бинобар ғайриқонунӣ ба тасвиб расидани қарори мазкур санаи 7-уми апрели соли 2026 ба он аз тарафи прокурори вилояти Хатлон эътироз оварда шуд.
Санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки фаъолияти комиссияҳои давлатии қабули назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар мавриди қабул ва ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯй набуда, қарорҳои раиси ноҳия оид ба тасдиқи санадҳои комиссия ғайриқонунӣ ба тасвиб мерасанд.
Масалан, бо қарори раиси ноҳияи Шаҳритус 30 апрели соли 2026, таҳти №323 санади комиссияи давлатии қабул аз 27 апрели соли 2026 тасдиқ карда шуда, манзили истиқоматии сохтмонаш анҷомёфтаи шаҳрванд Баротов Ф.М., воқеъ дар деҳаи Бинокори Ҷамоати деҳоти Обшорон дар масоҳати 254 м2 барои истифода қабул карда шудааст.
Омӯзиши ҳуҷҷатҳо нишон дод, ки комиссияи давлатии қабули назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус хилофи талаботҳои болозикршуда амал карда, манзили истиқоматии худсарона, яъне бидуни лоиҳаи тасдиқшуда ва иҷозати мақомоти меъморӣ аз солҳои пешин бунёдгардидаи шаҳрванд Баротов Ф.М.-ро бо тартиб додани санад ҳамчун иншооти навсохташуда қабул намуда, барои тасдиқ пешниҳод кардааст, ки дар ин асно қарори ғайриқонунии раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.
Бинобар ғайриқонунӣ будани қарори мазкур ва ба ин монанд ба қарори дигари раиси ноҳияи Шаҳритус аз 14 апрели соли 2026, №275 “Дар бораи тасдиқ намудани санади Комиссияи давлатӣ оид ба қабули иншооти сохтмонаш баитмомрасидаи хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар деҳаи Зардолубоғи Ҷамоати деҳоти Тоҷдорон ба шаҳрванд Рауфов Раҳматҷон Азизович” санаи 11 июни соли 2026 эътироз оварда шуданд. Чунин мисолҳо вобаста ва ириояи ќонунгузориҳо вобаста ба сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ зиёданд.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҷамъбастӣ бо натиҷаи санҷишҳои дар ин самт гузаронидаи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 4 парвандаи ҷиноятӣ ва 63 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба қарорҳои ғайриқонунӣ қабулгардида 44 эътироз, аз ин 24 эътироз ба қарорҳои ғайриқонунии раисону шаҳру ноҳияҳо оварда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда 11 амр ва 9 пешниҳод ирсол карда шуда, 2 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуд.
Ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории меъморию шаҳрсозӣ зери назорати доимии прокурорӣ қарор дошта, минбаъд низ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ахборот пешниҳод карда мешавад.
Мирзозода Б.Ҷ., Прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараљаи 3
















