03:02:05 14-уми Июли 2026 сол

Брифинг доир ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ

9 июли соли 2026 дар Ашқобод брифинг доир ба аҳамияти қабули қатънома бо ташаббуси Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (солҳои 2027–2036) аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии худ аз аҳамияти хоси ин санади муҳими байналмилалӣ ёдрас шуд. Таъкид гардид, ки ин иқдом аз эътирофи сиёсати пайгирона, созанда, дурбинона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Тоҷикистон, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувор равона шудаанд, шаҳодат медиҳад.

Ҳамзамон, сафир таъкид намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда имкониятҳои навро барои ҳамкории амалӣ фароҳам меорад.

Дар ҷараёни чорабинӣ, инчунин намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ/UNDP) ва cафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Туркманистон суханронӣ намуда, аҳамияти қатъномаи қабулшуда ва мубрамияти онро дар заминаи талошҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ таъкид намуданд.

mfa.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ